logo

иқтисод

КОРКАРДИ ПАРТОВ. ЛОИҲАҲОИ НАВ ТАҲИЯ МЕШАВАНД

Дар ҷумҳурӣ дар масоҳати беш аз 300 гектар замин 69 партовгоҳи партовҳои сахти маишӣ фаъолият менамояд. Қисми зиёди онҳо ба талаботи санитарию экологӣ ҷавобгӯй набуда, ба саломатии аҳолӣ, хусусан аҳолии деҳот, зарароваранд. Вазъи номусоиди партовгоҳҳо ба ифлосшавии оби кӯлу дарёҳо низ оварда мерасонад. Ин масъала дар раванди пешрафти самти муҳими “иқтисоди сабз” ҳалли саривақтии худро тақозо дорад.

Тавре Мақсадулло Мардонов, сардори шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин ва муомилот бо партовҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, иттилоъ дод, кормандони соҳа барои тоза нигоҳ доштани шаҳракҳо, роҳу гулгаштҳо ва маҳалҳои зист пайваста назорат мебаранд. Онҳо тасмим гирифтанд, ки бо ҷалби муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, корхонаҳо ва шаҳрвандон соли 2019 дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ маъракаҳои  (аксияҳои) «Тозагии маҳал», «Тозагии роҳ» ва «Тозагии соҳил» -ро бештар роҳандозӣ намоянд.
Дар натиҷаи мониторинги гузарондаи кумита муайян гардид, ки соли 2018 дар ҷумҳурӣ ба миқдори 2284473,6 метри мукааб партовҳо аз маркази шаҳру ноҳияҳо ба партовгоҳҳои расмӣ бароварда шуданд. Дар шаҳри Душанбе низ 1529 нуқтаи партовнигоҳдорӣ мавҷуд буда, ҳамарӯза беш аз ҳазор тонна партов ба партовгоҳи асосӣ интиқол мегардад.
Ба андешаи мутахассисон, роҳи беҳтари ба танзим даровардани партовҳо, ки бо афзоиши шумораи аҳолӣ ҳаҷми онҳо низ зиёд мешавад, ин коркарди партов бо ба навъҳо ҷудо кардани он мебошад.  Ҳоло дар ҷумҳурӣ 29 сехи хурди коркарди дубораи партов мавҷуд аст: 18 адад дар шаҳри Душанбе, 4 адад дар ноҳияи Рӯдакӣ ва 2 адад дар шаҳри Ваҳдат. Ҳамчунин, ноҳияи Ёвон, шаҳрҳои Хуҷанд ва Ҳисор  низ ҳар кадом дорои як корхонаи коркарди дубораи партов буда, онҳо ба коркарди пластика, коғазпора ва металлҳои сиёҳу ранга машғуланд. Аммо ин корхонаҳо талаботи имрӯзаро  қонеъ гардонда наметавонанд.
О. ВАФОБЕК,
 “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.01.2019    №: 23    Мутолиа карданд: 1211
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед