номаҳо
Бунёди нерӯгоҳ миллатро иттиҳоди қавӣ мебахшад
Ҳазорон чашмҳо дар ин шабу рӯз ба мо нигаронида шудаанд, ки оё аз ӯҳдаи сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Роғун баромада метавонем? Албатта, дар ин маврид муғризона дар ҳаққи миллат бадгӯӣ низ мекунанду мехоҳанд мардумро ба иштибоҳ андозанд. Мақсад маълум аст: бояд бо ҳар роҳе, ки имкон дорад, пеши роҳи бунёди ин иншооти бузурги асрро бигиранд. Аммо, фикр мекунам, ки мардуми мо некро аз бад, дӯстро аз душман, зарарро аз нафъ бисёр хуб мешиносад. Сохтмони нерӯгоҳ миллатро, шаҳрвандони кишварро иттиҳоди қавӣ бахшид. Дар иттиҳод маълум аст, ки ҳар кори бузургро метавон ба хубӣ анҷом дод.
Ба ҷуз он ки мо барои пешрафти корҳои сохтмонӣ ҳатман саҳми арзанда мегирем, боз дар навбати аввал дар ҳаҷми 15 ҳазор сомонӣ саҳмияи нерӯгоҳро харидорӣ мекунем. Ин иқдом на барои як сол, балки то тамомшавии сохтмон идома меёбаду амалӣ мегардад.
Маҳмаднаим НАИМОВ,
роҳбари хоҷагии деҳқонии «Наимӣ»-и ноҳияи Рашт
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3129