logo

иқтисод

"ТОҶИКНИҲОЛПАРВАР". ХОҶАГИҲО ҲАВАСМАНДАНД

Боғу токпарварӣ соҳаи даромадноки кишоварзӣ буда, барои фаровонии дастархони мардум, ғизои солим барои сокинони ҷумҳурӣ ва таъмини соҳаи саноати коркард  бо ашёи хом аҳамияти муҳим дорад. Дар рушди соҳаи мазкур саҳми ниҳолпарварон назаррас аст. Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии хоҷагиҳои ниҳолпарвар «Тоҷикниҳолпарвар», ки 13 хоҷагии ниҳолпарварии махсусгардондашуда дорад, фаъолияти худро баҳри амалисозии  дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар самти боғпарварӣ ва татбиқи «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2020» равона намудааст.
Тавре Асомиддин Назарзода, сардори КВД "Тоҷикниҳолпарвар", зикр намуд, хоҷагиҳои ниҳолпарвари зертобеи корхона тирамоҳи соли гузашта бо мақсади рушди минбаъдаи соҳа 1 миллиону 105 ҳазору 215 бех ниҳоли гуногун,  аз ҷумла 644997 ниҳоли дарахтони мевадиҳанда, 250168  ниҳоли ток, 22252 ниҳоли тут ва 187798 бех ниҳолҳои ҳамешасабзу  сояафкан ва ороишӣ тайёр намуданд.
Хоҷагиҳои ниҳолпарвари ҷумҳурӣ, ҳамчунин, 6855,9 кг донаю  тухмии дарахтони мевадиҳанда, аз қабили тухми себ, нок, биҳӣ, донаи зардолу, шафтолу, олуча, бодом, чормағз,  хурмо, хуч ва тухмии ниҳолҳои  ҳамешасабзро захира намуда, дар майдони 17,84 гектар донаю тухмӣ кишт намуданд, ки нисбат ба соли пешӣ 4,51 гектар зиёд мебошад.
Дар ин самт хоҷагиҳои ниҳолпарвари  ба номи Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Шаҳринав, ба номи Ғ. Масаидови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, «Бӯстон - қалъа» - и ноҳияи Кӯшониён ва «Искич» - и шаҳри Ҳисор  пешсафанд.  
Ниҳолпарварон барои афзун гардондани маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокии боғу токзору  зироатҳо корҳои агротехникии мавсимӣ -  тоза кардани каналу ҷӯйборҳо, шудгори заминҳо, башаклдарории дарахтон, шудгори байни қаторҳои боғу токзор, озуқадиҳӣ ва нармкунии бехи дарахтонро босифат ба анҷом расонданд. Ҳамчунин, озуқадиҳии ғаллазор, тайёр кардан ва шинондани   қаламчаҳои ток, анор, буттамевагиҳо, наврустаҳои дарахтони мевадиҳанда ва ҳамешасабз  ба охир расид. 
Алҳол кормандони хоҷагиҳои ниҳолпарвар дар таҷлили ҷашнҳои миллию байналмилалӣ ва ярмаркаҳои фурӯши ниҳол дар Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва шаҳру ноҳияҳои дигари кишвар  фаъолона иштирок мекунанд ва ниҳолҳои хушсифати дарахтони мевадиҳанда, ток, тут, сояафкан, ороишӣ ва ҳамешасабзро пешкаши харидорон месозанд.          
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.01.2019    №: 24    Мутолиа карданд: 1050
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед