logo

иқтисод

БМТ. БАРРАСИИ НАТИҶАҲОИ СОЛОНА

Дар ҷаласаи васеи Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзии мамлакат  натиҷаҳои фаъолияти низоми бонкӣ дар соли 2018 баррасӣ ва вазифаҳо барои соли 2019 муайян гардиданд.

Раиси БМТ Ҷамшед Нурмаҳмадзода зимни ифтитоҳи ҷаласа иброз дошт, ки Бонки миллии  Тоҷикистон ҷиҳати амалисозии дастуру супоришҳои  Асосгузори  сулҳу ваҳдати  миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қонунгузории кишвар ва қарорҳои Ҳукумати мамлакат дар самти солимгардонии низоми бонкӣ ва тақвияти назорат, таъмини суботи молиявӣ, татбиқи сиёсати самараноки пулию қарзӣ ва мусоидат ба рушди устувори иқтисодӣ тадбирҳои саривақтӣ ва чораҳои таъхирнопазир меандешад. Нишондиҳандаҳои мусбати макроиқтисодӣ, рушди воқеии иқтисодию иҷтимоӣ ва афзоиши ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ  аз ин шаҳодат медиҳанд.
Таваррум дар сатҳи муътадил нигоҳ дошта шуд. Ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор ва институтҳои молиявии ҷаҳонӣ ҷиҳати амалисозии сиёсати пулию қарзӣ ва тезондани раванди ислоҳоти соҳаи бонкдорӣ, ки ҳадаф аз онҳо таҳкими рушди босуботи иқтисодию иҷтимоии кишвар аст, густариш ёфт.
Нурмуҳаммад Шарифзода, директори департаменти  назорати бонкӣ оид ба вазъи низоми бонкӣ,  дастоварду камбудиҳо ва тадбирҳои роҳандозишуда ҷиҳати пешгирии хавфҳои эҳтимолӣ гузориш дод. Сипас, раванди иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти босамар амалӣ намудани сиёсати пулию қарзӣ, таҷдиди сиёсати фоизӣ, ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ, соҳиб шудан ба эътимоди муштариён ва мардум, беҳсозии сифат ва роҳандозии намудҳои нави хизматрасонӣ, татбиқи сиёсати ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, ҳамчунин, фаъолияти бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ аз рӯи нишондиҳандаҳои даромаднокӣ, пардохтпазирӣ, иҷрои уҳдадориҳо дар назди муштариён, ҷалби сармоя ва пасандозҳо ва масъалаҳои дигари низоми бонкӣ мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд.
Муовини аввали раиси БМТ Ҷамолиддин Нуралиев таваҷҷуҳи ширкатдорони ҷаласаро ба тахассусияти роҳбарону масъулони ташкилотҳои қарзӣ, аз ҷумла ташкилотҳои амонатии қарзии хурд, тарзи дурусти идоракунии корпоративӣ бо мақсади пешгирӣ кардани хавфҳои эҳтимолӣ,  риояи меъёрҳои муқарраршуда ва андешидани чораҳои қатъӣ аз ҷониби мақоми танзимкунанда нисбат ба ташкилотҳои қарзӣ дар ҳолати роҳ додан ба камбудиҳои ҷиддӣ, омода намудани кадрҳои баландихтисос ва такмили ихтисоси кормандони роҳбарикунанда барои низоми бонкӣ, таъмини шаффофият аз ҷониби бонкҳо, пешниҳоди ҳисоботи воқеӣ, роҳ надодан ба таҳриф ва такмили методологияи пешниҳоди омор ҷалб намуд.
Ёдрас месозем, ки ба ҳолати аввали соли 2019 дар низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон 79 ташкилоти қарзӣ, аз ҷумла 17 бонк, 25 ташкилоти амонатии қарзии хурд, 6 ташкилоти қарзии хурд ва 31 фонди қарзии хурд фаъолият менамоянд.
Шуъбаҳои матбуоти БМТ ва иқтисоди «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.01.2019    №: 24    Мутолиа карданд: 860
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед