номаҳо
Чизеро дареғ намедорем
Нерӯгоҳи барқи обии Роғун омили рушди устувори Тоҷикистон хоҳад буд. Мо бо ҳисси баланди ватандорӣ ва ифтихор аз он дар сохтмонаш бояд саҳм бигирем. Шукр, ки имрӯз ҳар шаҳрванди асили кишвар бо муҳаббат ва шинохти масъулият моҳияти ин иншооти ҳаётан муҳимро дарк мекунад. Яъне заминаи боэътимод барои сохтану ба истифода додани нерӯгоҳ ба вуҷуд омадааст. Кормандони ҷамъияти мо низ дар ҷамъомади махсус иброз доштанд, ки то анҷому ба истифода додани нерӯгоҳ ҳар моҳ музди серӯзаи маошашонро ба сохтмон мебахшанд. Ҳамчунин тасмим гирифта шуд, ки ҷамъият дар навбати аввал ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ саҳмия харидорӣ намояд. Кормандон ҳам бо харидани саҳмия дар кори сохтмон саҳм мегиранд.
Ҷамъият корҳои сохтмониро ба анҷом мерасонад. Яъне илова ба амалӣ гардидани ташаббуси нек ёрии амалӣ расонданро низ дар нақша дорем.
Умуман, аз нерӯгоҳи Роғун набояд чизе дареғ дошта шавад.
Мирзо Шералӣ,
роҳбари ҶММ кӯпруксозии «Пайванд»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3257