номаҳо
Нафақаи якмоҳаамро мебахшам
Бунёди Нерӯгоҳи барқи обии Роғун на танҳо ба пешрафти кишвар, балки ба пойдориву устувории давлату миллати мо мусоидат мекунад. Аз ин рӯ зарур аст, ки ҳар шаҳрванди Тоҷикистон, ҳар дилсӯзи миллату ин сарзамин бояд дар сохтмони иншооти ҳаётан муҳим саҳм бигирад, саҳми арзанда. Воқеан, тамоми дунё, фикр мекунам, дар ин шабу рӯз ба мо, ба иттиҳоди мо ва дилбастагии мо ба Ватани азизамон низ баҳо медиҳад. Бо эҳсоси баланди ватандорӣ мани 81 –сола нафақаи якмоҳаамро барои сохтмони Роғун мебахшам. Ғайр аз ин як говамонро фурӯхта, бо аҳли оила саҳмияи нерӯгоҳро харидорӣ менамоем.
Сироҷиддин АМИРХОНОВ,
деҳаи Кафтархонаи
ноҳияи Восеъ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3181