logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ва ҶАЗО

ТАМАЪҶӮӢ БО УСУЛИ ХАТАРНОК
Аз тасарруфи 11 ҳазор доллар то шиканҷаи ҷабрдида
Кормандони милитсия дар ноҳияи Шаҳритуз марди 38 - солаеро боздошт намуданд, ки бо як ҳаммаслаки худ сокини 32 - солаи ҳамин ноҳияро ба нуқтаи бозиҳои пулакии компютерӣ даъват ва ба ӯ маводи нашъаовар додаву 10 000 долларашро гирифтааст.
Ин ҳодиса 10 январи соли ҷорӣ ба амал омада, тамаъҷӯён рӯзи дигар дар назди бозори марказии ноҳия аз ҷабрдида ба далели гӯё дар бозӣ бохтааст боз 1000 доллари дигар талаб карда гирифтаанд. Ба ин ҳам қаноат накарда, шахси ҷиноятпеша марди 32 - соларо боз ба маркази бозиҳои компютерӣ даъват намуда, ин навбат аз ӯ 128000 сомонӣ талаб намудааст. Чун ин дафъа маблағ ба даст наомад, 29 январ номбурда бо ҳаммаслаки худ ҷабрдидаро ба самти  Ҷамоати деҳоти Обшорони ноҳия бурда, мавриди лату кӯб қарор медиҳанд.
Сомонаи ВКД бо нашри ин хабар иттиллоъ медиҳад, ки худи ҳамон рӯз номбурдагон дастгир шуда, нисбаташон бо моддаи 250 қисми 2 - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.

"ШОҲОНА РЖАННАЯ"
Муомилоти ғайриқонунӣ ошкор шуд
Дар мақомоти корҳои дохилӣ нисбат ба як сокини шаҳри Гулистони вилояти Суғд бо моддаи 259 иловаи 1 - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ, боздоштшуда марди 51 - солаест, ки дар кӯшиши ба муомилот баровардани молу маҳсулоти тамғаношуда гумонбар мешавад. Ба қавли манбаъ, номбурда аз соли 2012 дар вазифаи намояндаи ҶДММ «Шоҳона» - и вилояти Суғд фаъолият намуда, 27 январи соли ҷорӣ тавассути автомашинаи тамғаи «Мерседес - Аттеко», аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Конибодом 3252 зарфи дорои машруботи спиртии тамғаи «Шоҳона Ржанная» - ро бе тамғаи аксизӣ интиқол додааст.
Зарари расондашуда 59 ҳазору 660 сомониро ташкил дода, ҳоло тафтишоти ҳодиса идома дорад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.01.2019    №: 25    Мутолиа карданд: 1636
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед