номаҳо
Саҳми арзанда мегирем
Чӣ хуш, ки Нерӯгоҳи барқи обии Роғунро худамон месозем. Яъне дигар мо ба касе рӯ намеорем, ки дастамонро бигирад. Бояд шукр гӯем, ки ба чунин рӯз ба шарофати Истиқлолияти давлатии кишвар расидем. Пас аз ин мо барои истиқлоли энергетикӣ меандешему кору фаъолият мебарем. Аҳли эҷоди театр изҳор дошт, ки ҳар моҳ маоши якрӯзаи кориро ба сохтмони нерӯгоҳи ҳаётан муҳим мебахшад. Иқдоми мазкур то анҷомёбии сохтмони иншоот идома меёбад.
Ҳамчунин дар рӯзҳои наздиктарин барои кормандони нерӯгоҳ яке аз спектаклҳои беҳтаринамонро намоиш медиҳем. Ба ҷуз ин даромади як намоиши ҷолибамонро ба сохтмони нерӯгоҳ ирсол менамоем.
Кормандони театр иброз доштанд, ки баробари ба фурӯш мондани саҳмияҳо аз он харидорӣ мекунанд. Чанде пеш ду актрисаи шинохтаи театр, Ҳунарпешагони халқии Тоҷикистон Майрам Исоева ва Савринисо Сабзалиева ба ин иншооти бузурги аср сафари корӣ доштанд.
Ҳамин тавр, ҳар кадоме аз мо бо ёрии моддиву маънавӣ ва фаъолияти чашмрас дар сохтмони нерӯгоҳ саҳм мегирад.
Ибодулло МАШРАБОВ,
директори Театри
давлатии академии
ба номи Абулқосим Лоҳутӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3115