logo

фарҳанг

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Гулобхон Бодурхонов аз зумраи он журналистони собиқадор, балки аз устодони маъруфи аҳли эҷоданд, ки дар Ишкошими дурдаст бо қалами бурро ва таҳлилҳои нишонраси худ ҳамеша ҳақро ба ҳақдор расондаанд. Имрӯз ҳам бо вуҷуди ҳаштод сол доштанашон, ба гумони ғолиб қаламкаширо рисолати худ ва хидмат ба мардум медонанд.
Мо насли ҷавонтар хуб медонем, ки ҷодаи рӯзноманигорӣ барои Гулобхон Бодурхонов ҳамвор набудааст, вале дар ҳама ҳолат, ғараз, кина ва аҳдофи шахсиро аз журналистика берун оварда, дифоъ аз халқ ва сиёсати давру замон кардаанд.
- Қалам муъҷиза аст. Агар хома ба дасти каси сияҳдил афтад, туҳмату буҳтон мебофад, чӣ касҳоеро сарозер меорад, аммо ба дасти каси соҳибдилу беғараз муъҷиза аст. Камбудиҳоро нишон медиҳад, як гӯшаи Ватан - боғ, хиёбон, коргоҳ ё кӯчаеро обод мекунад. Чунин аст қудрати хома, - изҳор медорад қаҳрамони мо.
Воқеан ҳам, рӯзноманигори донишманду сермутолеа набзи ҷомеаи худро санҷида метавонад, камбудиҳоро дида, таҳлил ва баррасӣ мекунад ва ҳангоми навиштани матлаб ба зиёдаравӣ ва беҳудагӯӣ роҳ намедиҳад.
Банда баъди хатми шуъбаи журналистика ва филологияи тоҷики Донишгоҳи миллӣ бо роҳхат ба рӯзномаи ноҳиявӣ ба кор омадам. Сармуҳаррири рӯзнома Гулобхон Бодурхонов маро бо чеҳраи кушод, бо меҳрубонию самимият ба кор гирифт. Дар рафти кор сармуҳаррирро як инсони бомасъулият, боирода, ба пешаи худ содиқ, ҳақталошу ҷавонмард ва дар муқобили мушкилиҳо устувор дарёфтам.
Гулобхон Бодурхонов нисбат ба ҳамаи кормандон меҳрубону дилсӯз буд. Алалхусус, дар тарбияи  рӯзноманигорони ҷавон саҳми арзанда дошт.
Бо саъю кӯшиши ӯ дар ноҳия мактаби журналистика камол ёфту рӯзноманигорони ҷавонро муттаҳид намуд. Шуъбаи радиошунавонии маҳаллӣ низ таъсис ёфт.
Дар хотир дорам, баромадҳои таҳлилии рӯзномаро, ки аксар ба қалами узви Конфедератсияи байналмилалии иттифоқҳои журналистӣ, Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулобхон Бодурхонов тааллуқ доштанд, дар байни хонандагон ва идораю нашрияҳо баррасӣ мешуданд ва ин обрӯйи нашрияро дар байни муштариён баланд мебардошт. Устод Гулобхон Бодурхонов  дар газетаи вилоятӣ ҳам ба забони тоҷикӣ ва ҳам бо забони русӣ мақолаҳои публисистӣ  ба табъ мерасонд. Раисии ташкилоти ибтидоии журналистони ноҳияро низ ба уҳда дошт.
Бигзор, муаллим Гулобхон тансиҳату тарбиятгари наслҳои минбаъдаи журналистони ин диёр монанд, чун рӯзгоре барои ибрат доранд.
Шоҳҷони АБДУРАСУЛ,
узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.02.2019    №: 26    Мутолиа карданд: 875
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед