мулоқотҳо
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Чен Тсзинхе
21 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси ширкати Зиҷинг Майнинги Ҷумҳурии Мардумии Чин Чен Тсзинхеро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкорӣ дар соҳаи саноати кӯҳӣ, аз ҷумла истихроҷи тилло ва дигар металлҳои қиматбаҳо баррасӣ шуданд.
Чен Тсзинхе ба Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон оид ба фаъолияти ширкати муштараки Зарафшон, ки аз ҷониби Тоҷикистон ва ширкати Зиҷинг Майнинги Ҷумҳурии Мардумии Чин таъсис ёфтааст, гузориш дода, аз ҷумла таъкид дошт, ки соли равон ҳаҷми истихроҷи тилло аз кони Тарор ба 800 килограмм мерасад ва дар давоми 3 соли оянда ин нишондод бояд ба 4-5 тонна расонда шавад. Тибқи иттилои ӯ аллакай соли 2010 бояд ҳаҷми истихроҷи тилло ба якуним тонна расад.
Иттилоъ дода шуд, ки ширкати Зиҷинг Майнинг барои муҳайё намудани шароити хуби корӣ бо технологияи муосири истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ дар ширкати муштараки Зарафшон то имрӯз беш аз 100 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ намудааст ва нақша дорад, ки минбаъд ҳаҷми сармоягузорӣ ва истихроҷи маъданҳоро афзуда, ба рушди иқтисоди Тоҷикистон мусоидати фаъол намояд.
Таъкид гардид, ки бо зиёд шудани ҳаҷми кор шумораи коргарон низ афзун мешавад. Айни ҳол дар ин корхона наздики 1500 нафар коргару мутахассиси маҳаллӣ бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мебошад.
Зикр гашт, ки ширкати Зиҷинг Майнинги Ҷумҳурии Мардумии Чин тасмим дорад дар истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ аз дигар конҳои Тоҷикистон низ ширкати фаъол дошта бошад.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки саҳми ширкати Зиҷинг Майнинги Ҷумҳурии Мардумии Чин бояд дар ворид намудани технологияҳои муосир ва омӯзишу омодасозии кадрҳои маҳаллӣ ҳам намоён бошад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1902