logo

иқтисод

СУҒД. ТАЪСИСИ 93 КОРХОНАИ НАВ БО ФАРОГИРИИ 1431 ҶОЙИ КОР

Нишасти матбуотии раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди хоҷагии халқи вилоят дар соли гузашта ва муайян кардани вазифаҳо барои соли равон бахшида шуд.
Соли 2018 дар ҳамаи самтҳои иқтисодӣ барои вилоят бобарор арзёбӣ шуд. Қисми даромади буҷети вилоят 105,1 дарсад иҷро гардида, 1 миллиарду 722,4 миллион сомониро ташкил дод. Ҷиҳати амалисозии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар робита ба афзунсозии ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ ва содироти он ба хориҷи мамлакат дар ҳамаи шаҳру навоҳии вилоят тадбирҳои судманд андешида шуданд. Ҳамин аст, ки корхонаҳои  саноатии вилоят ба маблағи зиёда аз 11 миллиарду 277 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд. Ин нишондод дар қиёс ба соли пешӣ 8,2 дарсад зиёд аст. 93 корхонаи нав бо фарогирии 1431 ҷои кор ба фаъолият шурӯъ намуд.
Солҳои охир соҳибкорони маҳаллӣ ба истеҳсоли маҳсулоти воридотиивазкунанда  зиёдтар таваҷҷуҳ зоҳир карда, дар ин самт муваффақ мешаванд. Аз ҷумла, аз ин ҳисоб ҳаҷми содирот дар қиёс ба соли пешӣ  10,8 дарсад ё ба андозаи  54,7 миллион доллари ИМА зиёд шудааст. Раҷаббой Аҳмадзода бо итминон иброз дошт, ки дар заминаи бунёди корхонаҳои муосири муҷаҳҳаз бо хатҳои замонавии технологӣ ва саноатикунонии васеъ сар аз имсол содироти молу маҳсулоти ватанӣ ба Ӯзбекистон, Қазоқистон, Россия, Беларус, Украина, Олмон, Амрико ва кишварҳои дигари наздику дур ба андозаи назаррас зиёд хоҳад шуд. Ҳамзамон, интизор меравад, ки соли равон якҷо бо мутахассисони Ӯзбекистон, Чин ва Ҷумҳурии Корея дар иртибот ба коркарди маҳсулоти кишоварзӣ  чанд корхонаи  нави муштарак таъсис меёбад ва, ба ин васила, шумораи ҷойҳои нави кор меафзояд.
Хабарнигорони ватаниву хориҷӣ аз раиси вилоят ба пурсишҳои худ оид ба ҳаллу фасли масоили иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангу варзиш, пешгирии ҷиноятҳои фаромарзӣ ва гароиши ҷавонон ба аҳзобу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ посухҳои муфассал гирифтанд.
Дар анҷоми нишасти матбуотӣ  бо иштироки Раҷаббой Аҳмадзода маросими ҷамъбасти озмуни анъанавии вилоятии «Хомаи созанда» миёни кормандони васоити ахбори умуми вилоят баргузор шуд.
Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият»   


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.02.2019    №: 29    Мутолиа карданд: 969
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед