logo

ҳуқуқ

СИМПОЗИУМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ТУРКИЯ. МУҚОВИМАТ БАР ЗИДДИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ НАҲЗАТ

Дар Симпозиуми байналмилалӣ, ки 5 феврали соли ҷорӣ дар Туркия зери унвони “Муқовимат бар зидди созмони террористии наҳзат” зимни даъвати расмии Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби муфтиёти Туркия доир шуд, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия Маҳмадалӣ Раҷабиён зикр кард, ки Туркия шарики муҳими Тоҷикистон дар самти мубориза бар зидди ташкилотҳои террористӣ ва гурӯҳҳои ифротӣ ба ҳисоб рафта, дар ин самт ба натиҷаҳои назарраси муштарак ноил гардидаем. Аз ҷумла, ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Туркия, ки бевосита бо амалҳои тахрибкоронаи ташкилотҳои террористӣ ва оқибатҳои фоҷиабори он дар кишварҳои худ рӯ ба рӯ шудаанд, дар самти мубориза бар зидди терроризм дорои мавқеъҳои яксон буда, дар ин самт ҳамкориҳои муфидро ба роҳ мондаанд.
М. Раҷабиён изҳор дошт, ки аксари созмону гурӯҳҳои экстремистию  террористӣ, аз ҷумла ташкилоти террористии Ҳизби наҳзати исломӣ аз номи дини мубини Ислом ба манфиати худ суистифода менамоянд. Мутаассифона, ҳолати мазкур, баъзан, боиси духӯрагии муносибати мардуми мусулмон дар робита ба  аъмоли зишти онҳо мегардад.
Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода, вобаста ба душманони дини мубини Ислом, аз қабили террористону ифротиён, сухан ронда, таъкид дошт, ки ба ҳайси мисоли зинда метавон ташкилоти террористии наҳзатро ном бурд. Зеро дар тӯли фаъолияти ташкилоти мазкур аз ҷониби аъзо ва роҳбарони он ҳама гуна ҷиноятҳо ва амалҳои террористӣ зери номи дини мубини Ислом анҷом дода шудаанд, ки мақсади асосии душмани дин низ маҳз ҳамин аст.
Дар идома Саидмукаррам Абдулқодирзода аз таърихи ҷиноятҳои аъзои ташкилоти мазкур ёдовар шуда, гуфт ки наҳзатиён дар замони ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар хоҷагии «Туркманистон» - и ноҳияи Вахш лагери террористии худро сохта, дар он ба қатлу кушторҳое даст мезаданд, ки таърихи инсоният ин навъ ҷиноятҳоро надида буд. Баъди солҳои тӯлонӣ таҷрибаи наҳзатиён аз ҷониби аъзои ташкилоти террористии “ДИИШ” содир гардид. Мавсуф тазаккур дод, ки ҲНИ ва “ДИИШ” танҳо аз ҷониби кишварҳои манфиатхоҳ идора мешаванд. Ин созмонҳо бо ёрии хоҷагони пасипардагии худ арзи вуҷуд доранд.
Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуд, ки бо супориш ва маблағгузории роҳбарони феълии ҲНИ 4 сентябри соли 2015 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиши табаддулоти ҳарбӣ сурат гирифт, ки дар натиҷа бисёр ҷавонони мусулмону далери тоҷик, ки мақсади дифоъ аз Ватану миллати худро доштанд, аз силоҳи террористони наҳзатӣ кушта шуданд. Ҷумҳурии бародари Туркия низ чунин кӯшиши табаддулоти давлатиро 15 июли соли 2016 аз сар гузаронд.
С. Абдулқодирзода дар бораи қатли сайёҳони хориҷӣ аз ҷониби аъзои наҳзат изҳори назар намуда, таъкид дошт, ки гардишгарони хориҷӣ танҳо барои саёҳат ва истироҳат омада буданд. Аммо, нотавонбинон ва хоинони миллати тоҷик ба чунин амали бераҳмона даст заданд. Хушбахтона, мақомоти дахлдори Туркия хатару таҳдидҳои ин созмони террористии наҳзатро дарк карда, роҳбарият ва аъзои онро аз Ҷумҳурии Туркия хориҷ намуданд.
Профессор Саадаттин Коҷатурк дар мавзӯи “Бародарӣ дар дини Ислом ва саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешрафти дин” маърӯза карда, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ ва рушди дини Ислом ёдовар шуд. Профессор таъкид кард, ки Сарвари давлати Тоҷикистон ба хотири хизматҳои шоёнашон дар инкишоф додани дини Ислом ба рӯйхати 500  нафар мусулмонони бонуфузтарини ҷаҳон шомил гардид. Ҳамзамон, олим бо ҳаяҷони зиёд тазаккур дод, ки миллати тоҷик бояд бо доштани чунин шахси бузург, ба мисли муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ифтихор намояд, зеро ба ҳар кишвар ва ба ҳар миллат доштани чунин Пешво муяссар намегардад.
Маъмури Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулвоҳид Ҳомидов зимни баромад гуфт, ки солҳои аввали истиқлолият бо дастгирии доираҳои манфиатдори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар кишвари мо ТТЭ ҲНИ таъсис ёфт. Барнома ва фаъолияту ақидаи ин ҳизб, ки ба мардуми Тоҷикистон бегона буд, аҳолӣ ва давлат онро қабул надоштанд. Баъд аз истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ ин ташкилоти террористӣ борҳо террору кушторро дар дохили кишвар анҷом дод. Аз ҷумла,  4 сентябри соли 2015 гурӯҳи мазкур кӯшиши табаддулоти ҳарбӣ карда, ноком шуд, зеро мардуми шарифи тоҷик бар хилофи идеологияи онҳо буд. Дар натиҷа, бо қарори Суди Олии Тоҷикистон фаъолияти ин ҳизби экстремистӣ - террористӣ қатъ шуд.
Мушовири Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Анкара доир ба масъалаи мазкур муҳим будани пуштибонии ҳамаҷонибаи Ҷумҳурии Туркия аз ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар соли гузашта оид ба баргузории Симпозиуми байналмилалӣ доир ба "Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез"-ро муҳим арзёбӣ кард. Таъкид шуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон ва мардуми он аз ибтидо талоши табаддулоти ҳарбиро дар Туркия (16 июли соли 2016) қотеона маҳкум намуда, ҷонибдории худро аз ҳукумати қонунӣ ва равандҳои демократии кишвари ба мо дӯст баён менамояд ва барои ҳамкориҳои минбаъда дар ин раванд омода мебошад.
Тоҷикистон, ки 4 сентябри соли 2015 бо кӯшиши табаддулоти низомии аз тарафи ТТЭ ҲНИ ташкилкардашуда рӯ ба рӯ гардида буд, ҷонибдории Туркияро дар раванди мубориза бо омилони он эҳсос менамояд. Боиси тазаккур аст, ки кишвари мо аз ҷонибдории кишвари дӯст дар ин раванд ба мақсади маҳдуд намудани фаъолияти аъзои ТТЭ ҲНИ дар қаламрави Туркия сипосгузор аст.
Раиси Анҷумани тоҷикон дар Туркия Зафар Мақсудов доир ба амалҳои тахрибкоронаи наҳзат дар мавзӯи “Наҳзат дар Туркия дигар ҷойгоҳ надорад” сухан ронда, таъкид дошт, ки мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аввали солҳои 90-уми асри XX ҳадафи амалҳои тахрибкоронаи террористону ифротгароёни наҳзатӣ қарор гирифта буд,  дар сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар мақоми муҳим дорад. Дар натиҷаи бесарусомониҳо ва ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ, ки бевосита аз ҷониби наҳзатиҳо роҳандозӣ шуда буд, дар кишвар беш аз сад ҳазор нафар кушта шуда, беш аз як миллион нафар мардуми осоишта бехонумону фирорӣ гардид. Бо вуҷуди ин, Ҳукумати Тоҷикистон тавонист, муколамаи васеъро дар кишвар ба роҳ монда, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро таъмин созад.  
Раванди мубориза бо терроризм дар манотиқи гуногуни олам ва кишварҳои алоҳида нишон медиҳад, ки дар ин росто, ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳанӯз аз мавқеъгирии  ягона оид ба терроризм ва экстремизм бархӯрдор нест. Ҳанӯз ҳам, мутаассифона, зимни арзёбии ин падидаҳои нанговари таҳдидбарангез ва омилони он аз ҷониби ниҳодҳои алоҳидаи байналмилалӣ муносибатҳои "духӯра" ба мушоҳида мерасанд. Аммо, ба таъкиди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон "... террористу ифротгаро ватану миллат ва дину мазҳаб надорад. Террорист - террорист аст ва ӯ ҳеҷ гоҳ “худӣ” ё “бегона” буда наметавонад", "муборизаи самарабахш алайҳи терроризму ифротгароӣ ва тундгароии хушунатангез ба ҳеҷ ваҷҳ сиёсати “меъёрҳои дугона”-ро намепазирад".
Мо - аъзои Анҷумани тоҷикон дар Туркия ба Ҳукумати Туркия изҳори сипос менамоем, ки тамоми аъзои созмони хатарноки террористии наҳзатро аз қаламрави кишвари дӯст ронданд.
Хулоса, симпозиуми мазкур, ки  дар сатҳи баланд доир гардид, як таъсири амиқе ба пешрафти раванди мубориза бар зидди терроризму экстремизм, хусусан бар зидди фаъолияти ТТЭ ҲНИ гузошт.
Таҳияи “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.02.2019    №: 29    Мутолиа карданд: 846
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед