logo

президент

Машварат дар хусуси саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун

22 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони бонкҳо ва вазорату идораҳои соҳаи иқтисод ва молияи мамлакат оид ба омода кардан ва ба фурӯш баровардани саҳмияҳои Нерӯгоҳи  барқи обии Роғун машварати корӣ доир намуд.
Оид ба корҳои омодагӣ баҳри чоп ва ба фурӯш баровардани саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун нахуст ахбори вазири молия Сафаралӣ Наҷмиддинов ва раиси Бонки давлатии амонатгузорӣ «Амонатбонк» Маҳмадамин Маҳмадаминов шунида шуд.
Аз ҷумла зикр гардид, ки нуқтаҳои фурӯши саҳмияҳо дар маркази тамоми вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва ҳатто аксари ҷамоату деҳот кушода мешаванд.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки Бонки миллии Тоҷикистон, дигар бонкҳо ва тамоми системаи бонкӣ аз рӯзҳои аввали соли нав барои фурӯши саҳмияҳо ва қабули маблағҳои ҷамъшуда фаъол бошанд.
Вазорати молия вазифадор шуд, ки саҳмияҳоро сари вақт ба нуқтаҳои фурӯши онҳо дастрас намояд.
Супориш дода шуд, ки ҳарчи зудтар механизми фурӯши саҳмияҳо ба шаҳрвандони бурунмарзии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар низ муайян карда шавад.
Сохторҳои дахлдори мамлакат вазифадор шуданд, ки шаффофияти воридшавии маблағҳо ва харҷи ҳадафманди онҳоро таъмин намоянд.
Таъкид гардид, ки тамоми бонкҳо, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, хизматчиёни давлатӣ, ширкатҳою корхонаҳои хусусӣ, соҳибкорону тоҷирон ва ҳамаи нафарони сарватманду соҳибимкон, пеш аз ҳама, дар хариди саҳмияҳо бояд ташаббус нишон дода, намунаи ибрати дигарон шаванд.
Ҳамзамон бо ин таъкид гардид, ки ин тадбири дорои аҳамияти стратегӣ ҳаргиз набояд садди роҳи корҳои дигари созандагию бунёдкорӣ шавад. Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон қотеона дастур дод, ки бунёди иншооти сершумор дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва дигар вилоятҳою шаҳру ноҳияҳо, Китобхона ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, роҳу пулҳо, нақбҳо, нерӯгоҳҳои дигари барқӣ ва тамоми иншооти иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ дар ҳамаи гӯшаҳои мамлакат мутобиқи нақшаҳои мавҷуда бемонеа идома дода шавад.
Изҳори боварӣ шуд, ки даъвати Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон  оид ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун бо маблағу имкониятҳои давлатӣ ва саҳмгузории шаҳрвандони баору номуси Тоҷикистон дастгирии ҳамаҷониба пайдо мекунад ва маблағҳои зарурӣ дар муддати кӯтоҳ ҷамъ мешаванд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3470
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед