logo

ҳуқуқ

ВМКБ. 182 ҶИНОЯТИ КОРРУПСИОНӢ ОШКОР ГАРДИД

Соли 2018 аз ҷониби раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон беш аз 4 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардида, аз ин ҳисоб 1,6 миллион сомонӣ ба Буҷети давлатӣ барқарор шуд.
Ба гуфтаи Азамат Наврӯззода, сардори раёсати агентӣ, таҳлил ва омӯзиши содиршавии ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта нишон медиҳад, ки дар ин давра 182 ҷиноят ошкор гардид. Аз ин шумора 37 ҷинояти асосӣ, 103 иловагӣ ва 42 ҳолат бе оғози парвандаи ҷиноятӣ мебошанд. Ҷиноятҳои вазнин бошанд, дар ин давра 26 ҳолат сабт шудааст, ки маблағи умумии зарари ошкоргардида 6,7 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Бино ба иттилои сардори раёсат, соли сипаригардида 88 нафар барои содир намудани ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта муайян шудаанд, ки аз онҳо 43 шахси мансабдори идораву муассисаҳои давлатӣ, 7 нафар мансабдори ташкилоту ҷамъиятҳо ва 19 нафарро дигар шаҳрвандон ташкил доданд.
Муфаттишони бахши тафтишотии раёсат 71 парвандаи ҷиноятиро мавриди баррасӣ қарор дода, 25 - тои он нисбат ба 27 нафарро ба итмом расонда, 9 - тои он нисбат ба 10 нафарро бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол карданд.  
Соли гузашта, ҳамчунин, 50 ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вобаста ба коррупсия сабт шуда, ҳуқуқвайронкунандагон ба маблағи 51,7 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд.
 Дар раёсати агентӣ баррасии арзу муроҷиатҳо тибқи қонун ба роҳ монда шуда, соли сипаришуда 149 муроҷиати шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва 1 муроҷиати электронӣ ба  қайд  гирифта шуда, аз онҳо 142 муроҷиат ҳаллу фасл гардида, 7 - то мавриди баррасӣ қарор доранд.
Раҳмони  ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.02.2019    №: 29    Мутолиа карданд: 926
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед