logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ва ҶАЗО

ПОРА
ба дасти корманди комиссариати ҳарбӣ завлона зад

Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 январи соли ҷорӣ корманди зершуъбаи даъват ва тайёрии ҷавонон ба хизмати ҳарбии комиссариати ҳарбии ноҳияи Тоҷикобод Маҳмадраҳим Раҳимовро бо 9 ҳазор сомонӣ, ки ҳамчун пора талаб шудааст, дастгир намуданд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти агентӣ, М. Раҳимов ин маблағро барои додани билети ҳарбии ғайриқобили хизмати ҳарбӣ ба шаҳрвандон “Б” ва “В”, ки яке аз онҳо маъюб буда, дигаре дар Федератсияи Россия қарор дорад, тақозо кардааст. Дар ин бора бародари яке аз шаҳрвандон, ки аз ӯ ном бурда намешавад, ба агентӣ бо ариза муроҷиат намудааст.
Дар натиҷа, ҳамон рӯз Маҳмадраҳим Раҳимов ҳангоми гирифтани маблағ боздошт шуда, нисбат ба ӯ бо моддаи 247 қисми 2 банди “г”- и  Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

ҚАЛЛОБӢ
Ҷавобгарӣ барои 79 ҳазор доллар
Дар шаҳри Хуҷанд кормандони милитсия марди 32 - солаеро боздоштанд, ки ба қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон гумонбар мешавад.
Ин нафар моҳи феврали соли 2015 бо роҳи фиреб ба бовари соҳибкор, марди 49 - солаи сокини шаҳри Хуҷанд, даромада, барои машғул шудан ба тиҷорат аз ӯ 79000 доллари ИМА гирифта, то ҳол маблағашро бар нагардондааст.
Ҳоло нисбат ба ӯ бо моддаи 247 қисми 3 - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.

ФИРЕБИ ШАҲРВАНДОН
Боздошти нафаре, ки ваъдаи кор дар Норвегияву Олмон додааст
Дар асоси аризаи шаҳрванд «А» ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба Нуралӣ Назриев, раиси иттифоқи хоҷагии деҳқонӣ ва соҳибкорон дар шаҳри Душанбе, бо ҷурми фиреб ва аз худ намудани 29000 сомонӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.
Бино ба навиштаи сомонаи агентӣ, Н. Назриев ин маблағро аз шаҳрванд «А» бо ваъдаи таъмини ӯ ва шаш нафар рафиқаш бо ҷойи кор ва маоши баланд дар ҷумҳуриҳои Норвегия ва Олмон ҳанӯз моҳҳои август - октябри соли 2017 дар ду ҳолат гирифта, ваъдаашро иҷро накардааст.
Дар натиҷаи ин кирдори қасдона, Нуралӣ Назриев ба шаҳрванд “А” зарари калони моддӣ расондааст, ки боиси ҷавобгарӣ шуд. Манбаъ дар робита ба ин ҳодиса хабар медиҳад, ки парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Н.  Назриев баъд аз анҷоми тафтиши пешакӣ ба суд ирсол гардидааст. 
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.02.2019    №: 29    Мутолиа карданд: 880
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед