logo

маориф

МАОРИФ ОМИЛИ АСОСИИ РУШД

Таври маълум, барои тақвияти сармояи инсонӣ, даст ёфтан ба нишондодҳои зарурии макро ва микроиқтисодӣ, таъмини амнияти давлатӣ ва миллӣ, пайвастан ба ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ нақши  илму маориф хеле калон мебошад. Ба таҳсил фаро гирифтани наврасон, ба шуғлу касбомӯзӣ ва илму дониш раҳнамун сохтани занону духтарон, таҳкими иқтидори илмии кишвар, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ вазифаи муҳимтарини соҳаи илму маориф мебошад.         
Сарвари давлат ба занону бонувон ва насли ҷавони ҷомеа ҳамчун неруи созанда ва ободкор баҳои баланд дода, аз кӯшишу талошҳои онҳо дар роҳи илму дониш ва шинохти арзишҳои миллию давлатӣ изҳори қаноатмандӣ карданд, ҷавононро ояндаи дурахшони Тоҷикистон  хонданд. Бо ифтихор аз эътимодашон ба ин насли ояндадор ёдовар шуда, аз насли ҷавон даъват ба амал оварданд, ки дониш андӯзанд, ба забон ва фарҳанги миллӣ эҳтиром гузоранд, забонҳои хориҷиро омӯзанд ва илмҳои табиию риёзиро аз худ намоянд, ба Ватан ва арзишҳои инсонӣ арҷ гузошта, дар ҳифз ва ободии кишвар устуворона гом бардоранд.
Боиси ифтихор аст, ки Сарвари давлат ба соҳаҳои илму маориф эътибори аввалиндараҷа дода, мушкилоти мавҷударо давра ба давра бартараф менамоянд. Махсусан, ба инкишофи зинаи таҳсилоти томактабӣ диққати ҷиддӣ дода мешавад. Айни ҳол  шумораи муассисаҳои томактабӣ бамаротиб зиёд ва барои рушди қобилияти зеҳнии кӯдакон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Ҳамчунин, барои такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русиву англисӣ, сатҳи баланди касбияти омӯзгорон ҳамаи шароити зарурӣ муҳайё карда шудааст.
Мо, сокинони мамлакатро танҳо лозим аст, ки дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлатро сармашқи кори худ намуда, барои пешрафт ва рушду нумӯи кишвари худ содиқона хизмат намоем. То ин ки хонандагон илмҳои муосир ва забонҳои хориҷиро аз худ намуда, баҳри баланд бардоштани обрӯи кишвар саҳмгузор бошанд.
Ҳадиса НОРОВА, сокини шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.02.2019    №: 29    Мутолиа карданд: 1132
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед