logo

фарҳанг

ФАЗОИ ИТТИЛООТӢ ВА НАҚШИ ОН ДАР СУБОТИ ҶОМЕА

Андешаҳо дар ҳошияи мақолаи С. Ятимов «Илм ва амният»
Дар мақолаи узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Ятимов «Илм ва амният» роҳҳои ташаккули зеҳнӣ, пуррагардонии афкори ҷамъиятӣ, ғанисозии махзани маънавии ҷомеа бо равнақу инкишофи илму амал, ақлу идрок, зеҳну ҷаҳонбинӣ ва донишу маълумот бо санаду далелҳои қотеона баён гардидааст. Ҷавҳари афкори муаллифро ҳифзи давлати тозаниҳоди миллие, ки баъди ҳазор сол бо ҷоннисориву хиради азалии халқи тоҷик зери тавони ҷасорату хиради олии Пешвои муаззами миллат ба даст омадааст ва таъмини амнияти миллӣ ташкил мекунад.
Бардошти зеҳнии муаллифи ин сатрҳо аз мақолаи «Илм ва амният» хеле фарох аст. Аммо сари масъалаи информатсия ва нақши он дар шинохти аслияти воқеа, асоси пешрафти илм, омили рӯзгори ҳамарӯза қарор додани он ва фазои амнияти миллиро қавитар таъмин кардан бо маълумоти дақиқу созгор дар ин навишта баёни андешаҳоямро заруртар донистам.
Табиист, ки ҳеҷ ҷомеа бе ихтилофҳои назар, духӯрагии андеша ва бетавозунии баёну идрок мавҷуд буда наметавонад. Аммо, ҷомеаро метавон бо васоити таъсиррасони рӯҳонӣ ба маҷрои якмароми пойдории амнияти миллӣ роҳандозӣ намуд. Муаллифи матлаби «Илм ва амният» дар ин ҷода муҳимтарин омилро дар истифодаи «захираҳои ақлонӣ ва амали он» таъкид месозад: «Дар муқобили доноӣ ва амалкарди бадхоҳон, фақат тавассути такя кардан ба илм, маърифат, усули шинохти аъмоли зиддимиллӣ, ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва истодагарии мақсаднок ғолиб омадан метавон». Мафҳуми «истодагарии мақсаднок» ба баён одист, аммо дар набарди сиёсии идеологӣ дар радифи мафҳумҳои «оштинопазирӣ ба зуҳуроти ифротгароиву терроризм» ва «ҳифзи арзишҳои миллӣ» шарти муҳим аст. Танҳо бо кӯлвори маълумоти қотеона мақсади ягонаи сиёсии давлатдориро дар пешорӯи ҳама гуна ақоиду амалҳои ғайримиллӣ устуворона ҳифз кардан имконпазир мебошад.
Агар марказҳои информатсионӣ фаъол бошанд, ҳамагуна хабарҳои омиёна ва аз «забон ба забон» бо «шунидаву тахминҳо» олуда бепоя монда, афкори мардум бо печутобҳои баҳсангез дучор намешаванд. Имрӯз зарурати амали фаъолу оҷилии марказҳои информатсионии бавижа «дасти аввал» моҳияти бештар касб намудааст. Маълумотҳои амиқ имкон доранд, туфайли нуқтаҳои махсуси дар мақомоти маҳаллӣ ташкилёфта, ба мардум расонда шаванд. Ин бешак тақвияти шуури ҷамъиятӣ гардида, тавозуни афкори ҷамъиятиро дар шинохту дарки воқеият муайян менамояд, дар ҷудосозии хабарҳои сара аз носара, саҳеҳ аз овоза кӯмак мерасонад. Барномаҳои хабарии шабакаҳои радиоиву телевизионии кишвар ва матбуоти даврӣ ба ҳайси марказҳои информатсионӣ чун манбаъҳои маълумотрасон нақши муҳим мебозанд. Хусусан, телевизиони «Ҷаҳоннамо» дар ин росто имконияти фарохтар дорад.
Рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар дастрасии маълумоти дохилию бурунмарзӣ бо сабки кӯтоҳиншоӣ пешдастӣ дорад, ки афкори хонандаро дар як вақт бо чандин нукоти ҷаҳонӣ пурра месозад. Моҳияти «хабар» - у «маълумот» дар «Илм ва амният» на танҳо аз лиҳози луғавӣ тавзеҳи кушод дода шудааст, балки мантиқан ин мафҳумҳо дар ифшои ҳақиқати воқеӣ низ муҳим арзёбӣ гардидаанд. Хабари радиоӣ ва гузориши телевизионӣ воқеан омилҳои таъсиргузори майнаи сар буда, василаи «гимнастикаи гӯшу чашм» - ро иҷро менамоянд. Бардошти маълумот аз хабарҳои матбуотии манбаъҳои боварибахш рӯҳияи фардро қувват мебахшад. Баргузории чорабиниҳои завқбахши фарҳангӣ, намоишномаҳои театрии ба диди мардум мутобиқ ва амсоли ин холигии фазои маънавиро лабрез месозад ва дигар ҷое ба воридшавии ақидаҳои хатарзои бепоя намемонад.
Ҳақиқати мутлақро аслан ҷустану ба он расидан ғайриимкон аст. Бадтар он аст, ки гурӯҳе ё табақаи худхоҳе имрӯз ҳақиқати мутлақро дар амалисозии арзишу меъёрҳои динӣ баҳогузорӣ мекунанд ва ҳамеша ин «ҳақиқат» - ро тарғиб менамоянд. Ҳол он ки дар ниҳоди эшон ҷуз ҳадафи ифротгароиву бадбинии афкору оину суннатҳои мардумӣ чизи дигаре мавҷуд нест. Бо ин гурӯҳ бояд мубориза бурд. На танҳо ба фардияти онҳо, балки бо табақае, ки миёни онҳо таблиғгар аст. Тоза нигоҳ доштани зеҳну тафаккури ҷомеа бо маълумоти санҷидаву таъсиргузор ба «теғи забон» - и муболиғони ақидаҳои зиддимиллӣ «намад» гузоштан аст. Ин нуқтаро сиёсатшинос таъкид ба таъкид баён месозад. Бо тиру туфанг бар зидди ифротгароии динӣ мубориза кардан кори чандон оқилона нест. Дар ин набард дипломатияи корсоз аст, ки сарриштаи онро дар амали тарғиботчиёни сиёсати давлатдории навини тоҷикон бояд ҷуст.
Ҳақиқати талх низ афкори мардумро қавӣ месозад. Бовариро ба манбаи иттилоърасон бештар месозад. Раҳгумӣ ба диди мардум роҳ намеёбад ва ҳеҷ гуна иттилои дурӯғини муболиғони ғайрро қабул намекунад. Нашру пахши ҳама гуна иттилоот аз мавзеи ҳодиса зуд ба мағзҳо таҳрик мебахшад, доираи маълумотро васеъ мекунад. Салиқа ва сатҳи дониши ҳирфавии иттилоъдиҳанда дар ин самт муҳим аст. Иншои ҳақиқат бошад, аз баёни ҳаводиси воқеият сарчашма мегирад.
Ҷавҳари ҳастии миллат баҳогузорӣ шудани илму маориф ва фарҳанг аз диди Пешвои миллат худ мавқеи афзалият додан ба аҳли зиёи тоҷик аст. Бунёди ҳамасолаи муассисаҳои таълимию фарҳангӣ, таъминоти таҷҳизоти муосири соҳавӣ, афзоиши зинавии музди меҳнати зиёиёни кишвар аз тарафи роҳбарияти давлат маҳсуб мешавад. Он чи ки манзалати аҳли зиё миёни мардум бояд бамаротиб афзун бошад, дар қиёси дигар табақаҳои ҷомеа, суханаш таъсиргузор бошад, ҷомеа ба ҳарфаш гӯш диҳад, ин ба неруи фитрии фардӣ вогузор аст.
Дар ин самт беҳтарин, муфидтарин ва дастрастарин омили расидан ба камоли нутқ мутолиаи китоб мебошад, ки таъкиди Пешвои миллат дар ин бобат лоиқи омӯзиш аст: «Ман ҳар гоҳ дар фурсати муносиб, фориғ аз кори давлатдорӣ ба омӯзиши сарнавишти миллат, зиндагӣ ва осори шахсиятҳои бузурги халқи азизам машғул шуда, китобҳои зиёдеро мутолиа менамоям ва аз сарчашмаҳои гуногун дар бораи таърихи миллатам маълумот мегирам» («Чеҳраҳои мондагор», с. 4). Дарвоқеъ, китоб ва матбуоти даврӣ афзояндаи дониш, замкунандаи хазинаи маълумот, тақвиятбахши забони баён ва машқи судовари нутқ аст.
Бо такя ба тавсияҳои С. Ятимов, ки дар мақолаи «Илм ва амният» дарҷ гардидаанд, зарурати пешниҳоди ин нуктаҳоро салоҳи кор медонем.
1. Бо назардошти ташаккули зеҳнии насли имрӯза ва такмили бештари дараҷаи омӯзишу шинохти шахсиятҳои таърихӣ ва марҳилаҳои мухталифи давлатдории тоҷикон, зинаҳои рушд ва оқибатҳои фоҷеабори сарнавишти миллати тоҷик ва таърихи давлатдории навини тоҷикон, зарур аст, ки таълими китобҳои арзишманди Пешвои миллат– «Тоҷикон дар оинаи таърих» (ба сифати фанни ҷудогона дар синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёна ва макотиби олию касбии мамлакат) ва «Чеҳраҳои мондагор» (ба сифати дастури омӯзишӣ дар соатҳои тарбиявии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ) ба роҳ монда шавад. Зеро омӯзондану шарҳу тавзеҳ додани воқеаҳои таърихӣ ба насли ҷавон аз раҳнамоию ҷалбсозӣ ба мутолиаи фардии китоб осонтару таъсиргузортар аст.
2. Таъсиси мизи мудаввар бо ширкати васеи олимон, аъзои фаъоли гурӯҳҳои тарғиботӣ, муаллимони фанҳои таъриху ҷомеашиносӣ ва мавриди омӯзишу мубоҳисаву андешарониҳо қарор додани мақолаю матлабҳое, ки идомаи амалии пешбурди раванди тарғиботӣ, пуррасозии фазои иттилоотӣ ва маънавии ҷомеа мебошанд. То дарки ватандорию дӯстдории он, ғурури миллӣ, ғояи миллӣ, арзишҳои миллӣ, давлатдории миллӣ, ки ҳадафмандона ба қависозии чорчӯбаи манофеи миллӣ созгоранд, дар кулли афкори ҷомеа, хусусан психологияи ҷавонон, ки холигиҳои фарохтар доранд, амиқан маъво нагирад, амалисозии ин мафҳумҳо мушкил аст. Пешгоми баргузории чунин чорабиниҳо бояд мақомоти маҳаллӣ бошанд.
Субҳон РАҶАБ, ноҳияи Восеъ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.02.2019    №: 29    Мутолиа карданд: 1029
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед