logo

ҳуқуқ

ПАС АЗ ОН ОУМЕДИҲО...

Мусоҳибаи роҳбари ТЭТ ҲНИ, ки хеле ноком анҷом ёфт, тарафи дигари фаъолиятҳои ифротгароёна ва зиддимардумӣ ва Паймонҳои ба номи “миллӣ”-ву дар асл зиддимиллиро ошкор кард. Вақте ӯ зимнан аз роҳу шеваи босмачиён дар оғози солҳои бистуми қарни гузашта сухан кард, аз гуфтораш на танҳо андешаҳои ба истилоҳ ифротгароёнааш бори дигар тафсир шуданд, балки ин нукта дақиқан мусаллам гардид, ки ӯ ва ҳаммаслаконаш ҳамон ҳаракатҳои зиддимиллиро аз дергоҳ пайгирӣ карда меоянд, ки босмачиён доштанд. Аслан, тайи чанд соли охир гурӯҳе ба истилоҳ кӯшиши сафед кардани ҳаракати босмачигариро доранд ва ҳатто аз онон мехоҳанд чеҳраҳои миллӣ бисозанд. Вале, муроҷиат ба таърихи гузаштаи миллати мо ва мутолиаи осори адабиётамон худ баёнгари он аст, ки ҳамеша зиёиён ва донишмандон алайҳи ин ҳаракат буданд.
Таърихи дусад соли охири тоҷикону Тоҷикистон худ шаҳодати фаровоне дорад, ки босмачигарӣ на аз дидгоҳи фикрӣ, на аз назари сиёсӣ ҳаргиз ҳаракати миллӣ набудааст. Пуштибонону парчамбардорони он нафароне маҳсуб меёфтанд, ки бо истифода аз номи дини ислом мехостанд ҳадафҳои сиёсии хешро пиёда кунанд. Айни ҳамон коре, ки ТЭТ ҲНИ дар оғози соҳибистиқлолии Тоҷикистон мардумро ба номи ислом ба майдонҳо кашида, омил ба ҳодисаҳои хуношом гардид ва ҳамакнун бо гузашти солҳо ҳатто бо он, ки аз ҷониби давлат ба онҳо имтиёзҳо дода шуданд, вале ҳадафҳои нопоки хешро мехост пинҳонӣ амалӣ намояд.
Ҳамакнун руҷӯи дигарбораи роҳбарияти ТЭТ ҲНИ ба ин ҳаракат асрори мармузеро аз сафҳаҳои таърих ошкор намуд. Маълум аст, ки ин ҳизби террористӣ ҳанӯз дар даврони шӯравӣ ба таври пинҳонӣ амал менамуд ва танҳо дар солҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон чеҳраи аслии хешро ошкор сохт. Пас, равшан мешавад, ки ТЭТ ҲНИ ҳамон ташкилоти пинҳонкорест, ки сарчашмаи ҳаракатҳои аслии хешро аз босмачигарӣ мегирад. Чун дар даврони нуфузи босмачигарӣ маълум буд, ки он аз берун идора шуда, ҳадафи аслиаш бо истифода аз номи ислом расидан ба қудрати сиёсӣ маҳсуб меёфт. Аз ин рӯ, ҳаракат то охирин фурсат дар манотиқи гуногуни Тоҷикистон ошӯб ва муборизаҳои мусаллаҳонаи хешро давом дода, қатлу кушторҳои зиёдеро ба миён овард, ҳатто чун мафҳуми бадӣ дар пиндор ва андешаи мардум боқӣ монд. Вале, ҳамакнун маълум мешавад, ки гурӯҳе аз инҳо, ки баъди шикасти куллӣ фирор намуданд, баъдан бо либоси дигар ба таври пинҳонкорона фаъолияташро давом дода, дар солҳои ҳафтодуми асри бистум бо таъсиси ҲНИ дунболи ҳамон ҳадафҳои аввалияи хеш ҳаракат карданд, ки натиҷааш воқеоти солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар аст.
Мутаассифона, имрӯзҳо нафароне низ пайдо шудаанд, ки ҳатто санг бар навиштаҳои устод Айнӣ мезананду мехоҳанд ба афкори ӯ ва ин Қаҳрамони ҳақиқии миллат хати батлон кашанд. Магар он ҳама ваҳшонияте, ки устод Айнӣ дар китобҳои “Таърихи инқилоби Бухоро”, “Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро”, “Ҷаллодони Бухоро”, “Ғуломон” ва амсоли ин тасвир намудаанд ва дар онҳо нақши ин босмачиёне, ки ҳамон ҳадафи бунёди чунин давлатҳои ба номи “исломӣ”-ро пайгирӣ мекарданд, ҳамагӣ таҳрифи таърих аст? Ҳаргиз не! Бигзарем аз устод Айнӣ ва биравем ба рӯзгори Аҳмади Донишу дигар маорифпарварони қарни нуздаҳ. Суоле пайдо мешавад, ки омили аслии таваҷҷуҳи ин бузургони мо ба маорифпарварӣ ва таҷдиди назар ба низоми сиёсиву маърифат чӣ буд? Тасвири вазъи таълим дар мактабҳои Бухоро аз ҷониби устод Айнӣ ҳаргиз имкон надорад, ки аз рӯи зарурат анҷом ёфта бошад, зеро он хотиротест, ки аз хурдӣ дар ёди ӯ мондааст. Мушоҳидаи маҷмӯи амалҳо ва рафтори нобаҷои онҳо бар зидди падидаҳои миллӣ ва маънавии халқи тоҷик Аҳмади Дониш ва дигаронро водор сохт, ки андешаи тағйир дар сохтори иҷтимоиро ба миён гузошта, барои расидан ба ҳадафҳои бузурги миллӣ андешаҳои миллӣ ва маърифатпарвариро талқин намоянд.
Ба гумони ғолиб, муаллифони он осоре, ки ба дифоъ аз босмачиён навиштаанду пайравони ҳаракат барои худ чун сипар пешниҳодаш мекунанд, аксаран нафароне ҳастанд,ки замоне бо ин ҷараёнҳо робитае доштанд ё доранд ва ё пешинагони онҳо дар хидмати эшон будаанд. Мутаассифона, имрӯз аксаран номи бархе аз зиёиёни он солҳои тоҷикро мехоҳанд бо ин гуна ҳаракатҳо биомезанд.
Баробари ин, бо итминон метавон гуфт, ки шояд, агар нафароне аз ин гурӯҳ шомил шудаанд, он ҳам аз рӯи ноогоҳии амиқ буда, он гуна, ки имрӯз мо шоҳиди онем, ки нафарони зиёде баъди дарки ҳақиқат ва бардоштани парда аз чеҳраи аслии ТЭТ ҲНИ аз роҳи хеш баргаштанд.
Ҳамин гуна, бегумон, имрӯз мусоҳибаи роҳбари ТЭТ ҲНИ ба ҳақиқат ошкор сохт, ки ин ҳизби таҳрибпеша идомаи ҳаракати босмачигарист, ки мехоҳад бори дигар аз номи ислом барои расидан ба ҳадафҳои хеш ба эҳсосот ва иродаи мардум бозӣ кунад. Аммо, хато мекунад. Чун мардуми тоҷик дигар онҳое нестанд, ки солҳои навадум ба ин суханони фиребои онҳо, яъне давомдиҳандагони роҳи босмачигарӣ бовар кардаву ба майдонҳо кашида шуданд. Ин таҷрибаи талхи таърихӣ барои мардуми тоҷик дарс шуд ва ҳамакнун онҳо медонанд, ки ба куҷо ва аз паси кӣ раванд ва имрӯз пуштибони ҳақиқии миллат ва давлат кист? Пуштибонии ТЭТ ҲНИ аз босмачиён бошад, дарси ҳикматомӯзи дигар гардид, ки ҳамагуна паймонҳову созмонҳову ҷараёнҳои вай на миллӣ, балки зиддимиллӣ ҳастанд.
Нуралӣ НУРЗОД


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.02.2019    №: 30    Мутолиа карданд: 871
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед