logo

фарҳанг

ДУШАНБЕ. КОХИ "НАВРӮЗ" ШОҲКОРИИ САНЪАТИ МЕЪМОРИИ МИЛЛИСТ

Пас аз муддати тӯлонии аз оғӯши Душанбе дур афтода, ба зодгоҳам Самарқанд баргаштан, ба туфайли бузургдошти ёди шоири номдори тоҷик Сайидои Насафӣ дубора имкон ёфтам ба хоки мубаррои ин шаҳри фарҳангӣ, ки маро дар ҷодаи илм ба камолот расонда буд, по ниҳам ва ба дидори дӯстони куҳан ва зиёрати марқади устодон шарафёб гардам.
Баробари ворид шудан ба шаҳр дидам, ки Душанбе аз назари ободӣ хеле тағйир ёфтааст: тоза, гулпӯш. Иморатҳои зиёд қад афрохтаанд. Нисбат ба солҳои пешин хеле зебо шудааст ва аз тарҳи зоҳириаш маркази кишвар буданаш аён аст. Ва, бешубҳа, имрӯз оламиён симои фарҳанги тоҷикро дар намои Душанбе мебинанд.
Дидам, ки дар Душанбе солҳои охир иморатҳои зиёди фарҳангӣ бунёд ёфтаанд ва яке аз онҳо Кохи “Наврӯз” аст, ки диданаш ба ман муяссар гашт. Он, дарвоқеъ, афсона ё муъҷизаи санъати меъмории тоҷик аст! Дар тасаввури ман, назираш дар меъморӣ, агар бошад, хеле кам аст ва аз ҷиҳати аслӣ  ба худ хос намунаи бузурги санъати меъморист!
Аз биноҳои муҳташаме, ки солҳои охир дар пойтахти Тоҷикистон қомат рост карда, ба он ҳусну ҷило додаанд, Кохи “Наврӯз” ба ман як олам таассуроти фаромӯшношуданӣ, эҳсосоти гуворо, ҳаяҷон бахшид, балки ҳисси ифтихор аз фарҳанги волои миллии тоҷикӣ, аз ҳунармандии бемислу монанди мардуми моро дар дилам ҷой кард.
Воқеан, Кохи “Наврӯз” шоҳкории санъати меъморӣ, гувоҳи равшани тараққиёти ин навъи ҳунар дар Тоҷикистон аст. Оре, Кохи “Наврӯз” чун дигар осори бузурги санъати меъморие, ки дар ин кишвар бунёд гардидаанд, дар ҷои холӣ, яку якбора ба вуҷуд омада наметавонист. Ин санъат ба туфайли даҳои истеъдоди устодонаш, ки бештар аз Исфара ва Хуҷанд мебошанд, равнақи бесобиқа пайдо кардааст. Ман сифати “равнақи бесобиқа” – ро дониста нисбат ба ин санъати меъмории ҳозиразамони тоҷик кор мефармоям. Дар ҳақиқат, ёдгориҳои машҳури меъмории Самарқанду Бухоро, ки низ маҳсули ҳунари меъмории халқи мо мебошанд, бо Кохи “Наврӯз” ва дигар осори бузурги миллии замони мо  қобили муқоиса шуда наметавонанд. Онҳо дар пеши ин ёдгории меъмории мураккаби пурмуҳтаво ва рангоранги замонавӣ, яъне Кохи “Наврӯз” хеле сода ва якранг менамоянд. Кохи “Наврӯз” бо ҳашамату салобат, азамат, дурахшу ҷилои мафтункунандааш, бо тозагиҳо ва дарёфтҳои меъмории бадеии худ касро дар ҳайрат мегузорад. Аз дидани он чашм сер намешавад. Ҳини тамошояш худро дар олами афсона тасаввур кардам. Ин ёдгорӣ бо ягон мактаб ё суннати меъморӣ низ алоқаманд нест. Он як асари бемисли худрӯи меъмориест, ки бо заковати офарандагии устодони меъмори замон ба вуҷуд омад.
“Хондан” - и ин асари меъморӣ худ барои тамошогарон як машғулоти шавқангез ва дар айни замон зеҳнию муаммокушоие  мебошад.
Кохи “Наврӯз” намунаи дурахшони осори меъмории миллӣ аст. Дар он ҳама чиз обу ранги миллӣ дорад, аз ҷумла  табиати кишвар. Кӯҳҳои бовиқори сар ба фалак кашида рӯҳияи миллии халқи моро ифода мекунанд. Бедарак нест, ки дар як гӯшаи даромадгоҳи он сухани “ҳувияти миллӣ” - ро сабт кардаанд. Ба вуҷуд омадани чунин ёдгории меъмории ба куллӣ миллӣ танҳо дар шароити Истиқлолияти давлатии кишвар имконпазир гардидааст. Дар ин ёдгорӣ, инчунин, аз маводаш сар карда, то устоҳо ҳама худианд. Дар иҷрои ягон амали меъмории он ҳунармандоне аз берун ҷалб нашудаанд. Ин ёдгории беназир танҳо бо дастони пурҳунари устоҳои тоҷик офарида шудааст. Масолеҳи асосии сохтмони кохи мазкур санг аст, ҳамон санге, ки дар кӯҳистон сарвати табиии кишвар буда, асрҳо “бекор” хобида буду дар замони ба роҳи тараққиёт ва ободӣ баромадани Тоҷикистон имкони бемонанди худро дар офариниши осори фарҳангии моддӣ, аз ҷумла кохи мазкур намоиш дод. Устоҳои гулдаст дар тарош додани санг ва аз он сохтани ҳар гуна ҷузвҳои таркибии бинои кох муъҷизаи ҳунарӣ нишон додаанд, ки тамошояш касро мафтун месозад.
Ҷолиб аст, ки он дар асоси имкониятҳои миллӣ бунёд ёфта, бори дигар истеъдоди бинокориву меъмории тоҷикро намоён мекунад. Собит менамояд, ки мардуми мо офаранда ҳастанд, ки акнун ин истеъдодро (баъди адабиёт) дар намунаи бинокорию меъморӣ низ нишон медиҳанд. Таассуроти ман дар хусуси ин намунаи санъат хеле гарм аст. Ба ростӣ, он як муъҷизаи дигаре дар баробари ҳафт муъҷизаи олам аст!
Аммо, афсӯс, ки аз бино шудани ин кох чор сол сипарӣ гашта бошад ҳам, он то ҳол ба хубӣ барои хориҷиён муаррифӣ нашудааст. Беҳтар тарғиб кардан, ба ҷалби хориҷиён эътибори ҷиддӣ додан лозим аст. Зеро аврупоиён, ки барои дидани ин гуна осори баландпояи фарҳангӣ хеле шавқманданд, аз мавҷудияти чунин асари санъат огаҳӣ ёбанд, барои диданаш шитоб мекунанд.
Дигар чизе, ки барои ман рӯҳбахш ва мояи шодӣ гашт, дидори дӯстону шогирдон ва чанде аз ҳамкорони дерин буд, аз қабили олимон Мирзо Муллоаҳмадов, Абдунабӣ Сатторзода, Субҳон Амирзода, Рӯзӣ Аҳмадов, Анзурат Маликзода, ки дар ҷараёни ҷашни Сайидо хеле гарм баромад карданд. Ҳамчунин, суҳбат бо президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, марди фозилу адабдӯст – академик Фарҳод Раҳимӣ буд, ки маро хуш истиқбол намуда, батафсил дар бораи корҳои шоёни таҳсини ин кохи илму маориф нақл кард, хеле дилгармкунанда буд. Академия оинаи илми тоҷик аст ва дилам аз ояндаи неки он гувоҳӣ медиҳад.
Баъди ҷашни Сайидо рӯзи дигар ҷашни олими мусиқишинос Наҷмиддини Кавкабӣ низ баргузор гардид ва ба ин муносибат китобҳое ба намоиш гузошта шуданд, ки доир ба Сайидо ва Кавкабӣ навишта шудаанд, чунончи китобҳои Абдулғанӣ Мирзоев, Аскаралӣ Раҷабов ва банда. Маълум мешавад, ки Тоҷикистон дар шароити истиқлол ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани ҷашнҳои фарҳангӣ таҷрибаи зиёд пайдо кардааст.
Аз аҳли илму адаби Тоҷикистон барои хидмати шоиста дар ҷодаи адабиёт сипосгузорам, ҳамчунин, барои баҳогузорӣ ба арзиши китоби ман “Сайидои Насафӣ ва муҳити адабии Мовароуннаҳр дар асри XVII”, ки бо ҷаҳду талоши шогирдон ва пуштибонии Академияи илмҳои Тоҷикистон дар арафаи ҷашн мунташир гашт, сипосгузорам. Қадршиносии мардуми тоҷик ва сарварони кишвар нисбат ба фарҳангиён аз эътибори онҳо ба оромгоҳи аҳли фарҳанг - Лучоб низ хуб аён мегардад.
Садрӣ САЪДИЕВ, доктори илмҳои филология,
профессори Донишгоҳи давлатии Самарқанд


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.02.2019    №: 30    Мутолиа карданд: 1082
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед