logo

маориф

Созишномаҳо далели ҳамкориҳои судманданд

Нимаи аввали семоҳаи охири соли равон Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи ҳамкориҳои дуҷониба миёни муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ ва муассисаҳои таълимии кишварҳои хориҷӣ як қатор иқдомҳоро амалӣ намуд. Рӯзҳои 11 то 16-уми октябр ҳайати профессорони Ҷопон аз  баъзе  муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе дидан ба амал оварда, бо фаъолияти онҳо ошноӣ пайдо намуданд.
Шиносоии профессорони ҷониби Ҷопон аз сӯҳбату вохӯрӣ бо ҳайати роҳбарикунандаи дастгоҳи Вазорати маориф оғоз гардид. Меҳмонон зимни сӯҳбат изҳор доштанд, ки ҳадафи онҳо ошноии бештар бо низоми таълим дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тақвият бахшидани созишномаҳо дар ин самт мебошад. Ҳамчунин, меҳмонон аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ, Академияи таҳсилоти назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, литсей-интернати президентӣ барои бачагони лаёқатманд, мактабҳои рақами 15 ва 21-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, литсейи техникӣ-информатсионии шаҳри Душанбе ва аз мактаб-гимназияи ба номи А.Пушкини ноҳияи Рӯдакӣ дидан ба амал оварда, бо ҷараёни таълим ва нақшаю барномаҳои таълимӣ шинос шуданд.
Рӯзҳои 26 то 29-уми октябр бо мақсади амалӣ намудани Созишнома миёни Ҳукумати вилояти Свердлови Федератсияи  Русия  ва  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва илмӣ-фарҳангӣ намояндагии соҳаи маорифи вилояти Свердлови Федератсияи Русия дар ҳайати В.Соколовский, сардори раёсати ташкилӣ ва Е.Савелева, масъули шӯъбаи протоколи байналмилалии Вазорати робитаҳои байналмилалӣ ва иқтисодиёти берунии ҳукумати вилояти Свердлов ва Г.Пахалчак, директори Институти магистратураи Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал, бо сардорони раёсат ва мудирони шӯъбаҳои Вазорати маориф, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҳамсамт ва бо ҳайати роҳбарикунанда ва омӯзгорону донишҷӯёни як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ сӯҳбату вохӯриҳо гузаронида, Созишномаҳо ба имзо расониданд.
Аз ҷумла роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо Донишгоҳи давлатии кӯҳии Урал, Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал ва  Донишгоҳи давлатии химиявӣ-технологии Иваново, роҳбарияти Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон бо Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал ва ҳам бо Институти магистратураи Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал созишномаҳо дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба ба имзо расониданд.
Роҳбарияти Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат ба нақша гирифтанд, ки пас аз омӯзиши пешниҳодоти ҷониби роҳбарияти муассисаҳои таълимии вилояти Свердлов лоиҳаи Созишномаҳоро омода карда ба имзо мерасонанд.
Дар доираи сафари расмии ба Ҷумҳурии Украина, махсусан ба вилояти Харков доштаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон масъалаи дар шаҳри Душанбе таъсис додани Филиали Донишгоҳи миллии техникии Донишкадаи политехникии Харков  ва ҳамкориҳои муштараки дуҷониба дар соҳаи маориф ба имзо расонида шуда буд. Ҷиҳати омӯзиш ва амалӣ намудани қарордоди сарони ҳар ду кишвар аз 27 то 30-юми октябр ҳайати  расмии   соҳаи маорифи вилояти Харкови Ҷумҳурии  Украина аз як қатор муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе дидан ба амал оварданд.
Вохӯрии меҳмонон рӯзи 28-уми октябр дар  дастгоҳи марказии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарияти Вазорати маориф доир гардид. Дар вохӯрӣ аз ҷониби ҳайати меҳмонон муовини раиси маъмурияти давлатии вилояти Харков Людмила Белова, ректори Донишгоҳи миллии иқтисодӣ Владимир Пономаренко, ректори Донишгоҳи миллии техникӣ Леонид Товажнянский, ректори Донишгоҳи миллии фармасевтӣ Валентин Черних ва муовини ректор оид ба қисми таълимии Академияи миллии ҳуқуқшиносии Украина ба номи Ярослав Мудрий Виктор Коваленко иштирок доштанд.
 Л.Белова иброз дошт, ки маъмурияти вилояти Харков ҷонибдори ҳамкориҳои густурда дар соҳаи маориф дар ҳамаи зинаҳои таълим мебошад. Ҳамзамон таъкид карда шуд, ки ҷониби маъмурияти вилояти Харков омода аст дар масъалаҳои бозомӯзӣ, такмили ихтисос, таҳсил дар зинаҳои баъдидипломии аспирантура, ординатура ва докторантура, роҳбарӣ ба корҳои илмӣ ва ҳимояи онҳо, табодули донишҷӯён ва қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҳамкориҳои судманд дошта бошад.
Аз суханрониҳои ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилояти Харков маълум гардид, ки аксари муассисаҳои таълимии мазкур таърихи беш аз 100-сола дошта, дорои ҳамагуна шароити таълимӣ мебошанд ва зиёда аз 70-75%-и муаллимонашонро омӯзгорони  унвону дараҷаи илмидор ташкил медиҳанд. Масалан, ректори  Донишгоҳи миллии фармасевтии Харков В.Черних аз ҷумла зикр намуд, ки донишгоҳи мазкур соли 1805 таъсис ёфта, таърихи 194- сола дорад ва аз соли 1960 ба қабули шаҳрвандони хориҷӣ машғул аст. Зиёда аз 5000 нафар магистри дорупизишкиро барои 80 давлати ҷаҳон тайёр намуда, айни ҳол дар он 17 000 нафар донишҷӯ таҳсил дорад. Донишгоҳро 140 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон низ хатм намудааст.
Донишгоҳи миллии техникии Харков таърихи 124- сола дошта, дорои 23 факултет буда, ҳоло дар он зиёда аз 22000 нафар донишҷӯ таҳсил дорад. Бо таъсиси Филиали Донишгоҳи миллии техникии Донишкадаи политехникии Харков дар шаҳри Душанбе роҳбарияти донишгоҳи мазкур тасмим гирифтааст, ки  ба соҳаи техникӣ-энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли як қатор мушкилот мусоидат намояд.
30 октябр вохӯрии меҳмонон дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ идома ёфт. Меҳмонон аз осорхона, китобхонаи электронӣ, Маркази интернетии ТАРЕНА ва  озмоишгоҳи манбаъҳои барқароршавандаи энергия дидан ба амал оварданд. Боиси тазаккур аст, ки Донишгоҳи миллии техникии Донишкадаи политехникии Харков бо Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ ҳамкориҳои қариб нимасра дошта, Созишномаро дар бораи ҳамкорӣ бори охир соли 2004 ба мӯҳлати 5 сол ба имзо расонида буданд. Бинобар ин бо мақсади тақвият бахшидани ҳамкориҳои минбаъда  Созишнома оид ба ҳамкории дуҷониба миёни ду донишгоҳ дар масъалаҳои такмили ихтисоси омӯзгорон, дастрасии маводи таълимӣ,  илмӣ-методӣ, роҳбарӣ ба корҳои илмӣ ва табодули донишҷӯён ба имзо расонида шуд. Ба таври тантанавӣ Маркази таълимию машваратии Донишгоҳи миллии техникии Донишкадаи политехникии Харков дар назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ ифтитоҳ гардид.   
Натиҷаи сафари ҳайати  расмии   соҳаи маорифи вилояти Харкови Ҷумҳурии  Украина ба Ҷумҳурии  Тоҷикистонро метавон манфиатовар  арзёбӣ намуд. Чунки дар ин муддат миёни Донишгоҳи миллии техникии Донишкадаи политехникии Харков ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ, Донишгоҳи миллии фармасевтии Харков бо Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Донишгоҳи миллии иқтисодии Харков бо Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилояти Харков, аз ҷумла бо Академияи миллии ҳуқуқшиносии Украина ба номи Ярослав Мудрий низ шартнома дар бораи ҳамкорӣ ба имзо расониданд.
Ҳамчунин, ҷиҳати амалӣ намудани иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи ҳамкориҳои судманди муштарак дар соҳаи маориф бо ташаббуси Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати муштараки Тоҷикистону Малайзия «Аҳмадсоз» рӯзҳои 8 ва 9-уми ноябр дар меҳмонхонаи «Тоҷикистон» ярмарка ва муаррифии як қатор муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҷониби кишвари бо мо дӯст Малайзия баргузор гардид. Ин амал пеш аз ҳама ҷавоб ба иқдомҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи ҳамкориҳои дуҷонибаи соҳавӣ дар соҳаи маориф, рушди илмҳои табиатшиносӣ, техникӣ, технологӣ, иқтисодӣ, инноватсионӣ ва коммуникатсионӣ мебошад.
Малайзия яке аз кишварҳои тараққикардаи қитъаи Осиёст. Соҳаи маориф дар ин кишвар инкишофёфта ба шумор рафта, муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии он  бо мутахассисонаш  дар олам шӯҳрат доранд. Ҳамкориҳое, ки ин кишвар дар масъалаи рушди соҳаи маориф бо муассисаҳои таълимии ҷумҳурии мо барқарор менамояд, албатта, ба манфиати ҷонибҳо арзёбӣ мегардад.
Дар ярмарка 5 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва 2 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии Малайзия, аз ҷумла Донишгоҳи миллии Малайзия, Донишгоҳи техникию эҷодии Малайзия, Донишгоҳи мултимедияи Малайзия, Донишгоҳи легендияи Малайзия ва Коллеҷи байналмилалии ба номи Бандар Утама ва Коллеҷи байналмилалии ба номи Кастури бо пешниҳоди 15 факултет ва ихтисосҳои гуногун, ки мутахассисонро дар зинаҳои бакалавру магистр тайёр менамоянд, муаррифӣ шуданд.  Аксари ин ихтисосҳо, аз қабили муҳандисӣ ва бинокорӣ, тиҷорат ва коргузорӣ, муҳандиси техникӣ, энергетика ва муҳандиси электрикӣ, технологияи иттилоотӣ ва барномасозӣ, санъат ва наққошӣ, забони англисӣ, инноватсионӣ ва дизайнерӣ, криетиви мултимедия, коммуникатсионӣ, медия ва бродкастинг, сохтмонӣ ва иморатсозӣ, тиббӣ ва фармасевтӣ ихтисосҳое мебошанд, ки ҷумҳурии мо ба онҳо эҳтиёҷ дорад.
Зиёда аз 100 нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ метавонад дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ин кишвар таҳсил кунад. Натиҷаи сафари ҳайати намояндагии муассисаҳои таълимии ҷониби Малайзия бо ба имзо расонидани Созишномаҳои дуҷониба бо муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз қабили Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон ва дигар муассисаҳои таълимӣ анҷом ёфт. Як нуктаро зикр кардан ба маврид аст, ки аксари муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ин кишварҳо ғайридавлатӣ аст. Масалан, агар дар Ҷопон  беш аз 85%-и муссисаҳои таълимӣ хусусӣ бошанд, пас дар Малайзия аз 68 муассисаи таҳсилоти миёна ва олии кишвар 28-тоаш давлатӣ ва 40-тои дигараш ғайридавлатӣ мебошанд. Теъдоди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Украина низ хеле зиёданд.
Талаботи бандҳои ҳамаи Созишномаҳои дуҷонибаи дар соҳаи маориф ба имзорасонидаи муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муассисаҳои таълимии ҷониби кишварҳои фавқуззикр  аз табодули донишҷӯёну аспирантон, мубодилаи устодон дар давраҳои кӯтоҳмуддати такмили ихтисос ва бозомӯзӣ, ташкили марказҳои илмии муштарак, тайёр намудани мутахассисони ҷавон дар аспирантура, ҳамкорӣ дар дастрасии китобҳои дарсӣ ва дигар маводи таълимӣ, нашри маҷаллаҳои илмӣ ва дастрасии онҳо, даъвати устодон барои ҳимоя ва роҳбарии рисолаҳои илмӣ, баргузории семинар ва конференсияҳои муштарак, тавсеа бахшидан ба ҳамкориҳо дар самти тайёр намудани магистрҳо, пешбурди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва амсоли инҳо мебошанд.
Мақсади ҳамаи ин созишномаҳо иҷрои амалии эроди Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  мӯҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олӣ дар бобати он аст ки: «…имрӯз дар ҷомеаи ҷаҳонӣ масъалаи рушди илмҳои техникӣ ва ҷорӣ кардани технологияҳои муосир аҳамияти  муҳим пайдо кардааст. Лекин  дар кишвари мо илмҳои дақиқ то андозае дар ҳошияи илмҳои гуманитарӣ ҷой гирифтаанд. Ин аст, ки имрӯз тафаккури техникиву технологии мо дар сатҳи нисбатан паст қарор дорад».

Раҷабалӣ САНГОВ,
мудири бахши рушди
барномаҳои таҳсилоти
байналмилалии Вазорати маорифи ҷумҳурӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 5552
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед