logo

ҳуқуқ

СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ. ТАТБИҚИ АДОЛАТИ СУДӢ - ҲАДАФИ АСОСӢ

Суди Олии иқтисодӣ баррасии сифатнок ва одилонаю қонунии парвандаҳоро дар судҳои иқтисодӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, мунтазам сабабҳои бекоршавии қарорҳои судиро таҳлил ва дар ин замина хулосаҳои зарурӣ пешниҳод менамояд. Соли гузашта Пленуми Суди Олии иқтисодӣ баргузор шуда, ҷиҳати мутобиқгардонӣ ва мушаххас тавзеҳ додани меъёрҳои алоҳидаи қонунҳои моддиву мурофиавӣ  бо ворид намудани тағйиру иловаҳо 5 қарори пленум такмил дода шуд.
Ин матлабро Мавлуда Қаландарзода, раиси Суди Олии иқтисодӣ, дар суҳбат бо хабарнигорон баён намуда, ҳамчунин, изҳор дошт, ки  бобати пешгирии хавфҳои коррупсионӣ Методологияи тартиб ва гузарондани таҳлили фаъолият таҳия ва дастрасӣ кормандони суд гардид.
Ҷиҳати андешидани тадбирҳо оид ба беҳбудии вазъи иҷтимоию маишии судяҳо ва таъмини сатҳи зарурии шароити моддию техникӣ ва ташкилии судҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат 4 судяи судҳои иқтисодӣ бо манзили истиқоматӣ таъмин шуданд.
Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ ҳаллу фасл намудани баҳсҳо дар соҳаи соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти иқтисодӣ мебошад. Дар ин робита, соли 2018 ба судҳои иқтисодӣ 3398 аризаи даъвогӣ, шикояту дархостҳо ворид гардидааст, ки аз ин шумора дар марҳилаи якум 2629 парванда баррасӣ шуда, 1705 парванда моҳиятан баррасӣ ва ҳалномаи судӣ қабул шудааст. Дар ин давра 317 парванда дар марҳилаи кассатсионӣ, 260 парванда бо тариқи назоратӣ ва 14 парванда дар раёсати Суди Олии иқтисодӣ  мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамзамон, тибқи омори пешниҳодгардида зимни муроҷиат ба судҳои иқтисодӣ беш аз 5 миллион сомонӣ боҷи давлатӣ пардохт ва ба буҷети давлат ворид шудааст. Доир ба рӯёндани зарар ба манфиати давлат ба маблағи зиёда аз 304 миллион сомонӣ талабот арз гардида, аз он 261 миллион сомонӣ қонеъ шудааст.
Қобили зикр аст, ки бо таъсиси сохтори мустақил - Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолати иҷрои санадҳои судӣ дар қиёс бо солҳои қаблӣ назаррас буда, тибқи таҳлилҳо дар соли 2018 наздик ба 92  миллион сомонӣ маблағ ситонда шудааст.
Лашкар ШАРИФ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.02.2019    №: 31    Мутолиа карданд: 849
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед