logo

ҳуқуқ

ТТЭ ҲНИ ВА ХОСТАҲОИ АҲРИМАНӢ

Имрӯз дар кишвари мо хурду калон огоҳанд, ки аъзои Ҳизби наҳзати исломӣ чӣ гуна одамон будаанд ва унвон гирифтани он ҳизб ба шакли ташкилоти террористӣ - экстремистӣ (ТТЭ ҲНИ) дар кадом кирдорҳояшон реша дорад. Ҳама медонанд, ки ин гурӯҳаки ба хотири ишғоли мансабҳои дар  хоби шаби роҳбаронаш  орзу мекардагӣ тайёр аст ҳама арзишҳои муқаддаси ватандорӣ, номуси тоҷик будан ва осоиштагии ҳамватанонро бо як пули сиёҳ бифурӯшад. Барои амалӣ гардондани хостаҳои аҳримании худ аз тамоми усулҳо кор гирифта, худро созандаи давлати демократӣ, мардумсолор ва монанди он вонамуд кунад.
Чанде пеш яке аз меросбарони ин ташкилот  роҳбари кунунии он аз тариқи шабакаҳои интернетии иғвобарангез беш аз як соат кӯшиш кард, то  ягон матлаби мантиқиеро баён кунад. Аммо, азбаски дар гуфтораш ягон иддаои  солим ҷой надошт ва гуфтаҳояш ғур - ғури занбӯри даруни кадуи холиро мемонд, хурдтарин ҷумлаи бомантиқ ва далели дархӯри исботро ба лаб оварда натавонист.
Дар паси суханрониҳои ӯ як одами шармзадаву пушаймон аз кирдори ношоистаи худ ҳувайдо буд. Ва ҳамин тавр ҳам ҳаст, зеро онҳо, ки номи динро ба ҳизбашон пайвастаанду ноком монданд, акнун пай бурдаанд, ки корбурди нодуруст аз номи Худо, яъне бо номи Худо даст задан ба бадкирдориҳо, аз ҷумла ватанфурӯшӣ ва бар зидди ватандорон силоҳ бардоштан эшонро дар ин ҷаҳон ба ҷазои сахт гирифтор кардааст.  Худо онҳоро гирифтори сангинтарин  ҷазое кардааст, ки беватанӣ унвон дорад ва онҳо аз он беватанони мусалмон мебошанд, ки панҷаи гадоӣ ба тарафи ғайримусалмонон дароз карда, мадад мехоҳанд. Ва он ҳам талаби мадад барои вайрон кардани Ватан ва барҳам задани оромиву осудагии ҳамдиёрон.
Солҳои 1992 – 1997 ин ташкилоти ҳизби исломиро баъзе равшанандешони кишвар ҳамроҳӣ мекарданд, зеро маҳдудиятҳои дар идеологияи давлати шӯравӣ ҷойдошта, ба монанди иҷозат надодани фаъолияти лозимаи масҷидҳо, ба эҳсосоти миллии тоҷикон таъсир мерасонд. Аммо аз ин ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ихтиёри шаҳрвандон фазои озоди парастиши динро муҳайё кардааст, дар шаҳру деҳоти кишвар шумораи зиёди масҷидҳои яквақта ва ҷомеъ амал мекунанд, муассисаи таҳсилоти олии исломӣ дарҳои худро ба донишомӯзони донишҳои исломӣ кушодааст, ҳар сол ҳазорон хоҳишмандон барои адои маросими ҳаҷ ба Макка сафар мекунанд, адабиёти динӣ, аз ҷумла Қуръон бо хати имрӯзаи тоҷикӣ баргардон ва бозчоп шудааст, дар пойтахти  мамлакат сохтмони калонтарин дар Осиёи Марказӣ масҷиди ҷомеъ дар арафаи анҷомёбӣ мебошад ва монанди онҳо дигар оинҳои дини ислом ба таври густурда ҷорӣ мебошанд, дигар кадом садди пешгирикунандаи озодии боварҳои динӣ дар миён нест, шахси бохирад андешаву талоши худро беҳуда ба шеваи дигари динпарастӣ равона намекунад. Ва ба ростӣ, ҳам чӣ эҳтиёҷе пеш омадааст, ки усули беш аз ҳазору сесад сол пештар пазируфтаи бобоёнро дигар карда, ба равияҳои эҷоднамудаи иғвогарон ва муздурони бадхоҳи кишвару миллатамон пайравӣ намоем? Имрӯз бо далелҳои шоиста исбот гардид, дини исломро бо ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ пайванд сохтан ҳамон аст, ки ба миллату давлати тоҷикон газанд овардан, пояҳои давлатдориро ноустувор гардондан.
Аз тарафи дигар ҳама ҷомеа пурра дарк мекунанд, ки муборизаҳои қудратхоҳонаи ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ, ки хостҳои гурӯҳии  худро аз манфиатҳои миллӣ болотар медонанд, бо нокомиҳову фоҷиаи миллӣ ба поён мерасад.
Роҳбари фирории наҳзатиён дар он гуфтугӯи бепояву бемояи хеш бо тамоми ҳастӣ намехост аз дастовардҳои солҳои охири мамлакати мо ёдоварӣ кунад, зеро дар он сурат номбар кардани ғалабаҳои пай дар пайи кишвармон, аз шикасти ӯ бо дастаи асолатбохтааш дар ҳама ҷабҳаҳо гувоҳӣ медод.
Дар саросари кишвар ҳар сол даҳҳо биноҳои таълимӣ, фарҳангӣ, кӯдакистонҳо, чорбоғҳои  сайру гашти мардум, роҳҳову кӯчаҳои мумфарш ба истифода дода  мешаванд. Ба фаъолият оғоз гардидани чархи нахустини Неругоҳи барқи обии “Роғун” ғалабаи бебаргашти неруҳои солиму ватансоз бар харобкорону нотавонбинон аст. Ҳама дар пайи иҷрои дастурҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои то Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари деҳоти кишвар сохтани бунгоҳҳои тиббӣ, таваллудхонаҳо, ҳаммом, кӯчаҳои мумфарш ва бунёди дигар иншооти беҳсозии рӯзгори мардум камари ҳиммат бастаанд, аммо ин бадандешон роҳҳоеро ҷустуҷӯ доранд, то ба осудагии мардум халал ворид кунанд.
Роҳбари бечораи наҳзат иддаои забонзадаи худро оид ба истиқлолияти дар соли 1991 бадастовардаи Тоҷикистонро хизмати ҳизби худ шуморидан ва гӯё ба ҷуз наҳзатиҳо дигарон зидди истиқлоли мамлакат будан, боз ҳам такрор карда, аз хиёнатҳои ниҳоят калони ин ҳизб чизе нагуфт. Намехоҳад ба ёд оварад, ки онҳо силоҳи оташфишонро ба дасти майдоннишинон дода, аввалин шуда ба куштори одамон, гаравгонгирии вакилони мардумӣ ва дигар иқдомҳои террористиву экстремистӣ шурӯъ карда буданд. Ба мо маълум аст, ки роҳбари фирории ин ҳизби мамнӯъ ба кадом мақсад вокуниши тарафдорони Ҳукумати қонунии Тоҷикистонро ҳамчун ҳаракати барқарорсозандагони Иттиҳоди Шӯравӣ маънидод кардааст. Ӯ мехоҳад ба хоҷагони ғарбии худ, ки дар оғӯшашон паноҳ бурдааст, намоён созад, ки онҳо муборизони дубора зинда нагаштани давлати шӯравӣ мебошанд. Бо ин ишораҳо нархи худро дар бозори сиёсати ҷаҳонхори баъзе кишварҳои Аврупо мехоҳанд баланд бардоранд.
Бояд гуфт, ки роҳбари наҳзатиҳои роҳгум дар гуфтаҳои ба истилоҳ «онлайнӣ» худро як назариётчӣ - теоретики давлатсозиву истиқлолхоҳӣ нишон доданӣ шуда, боз ҳам гаштаву баргашта босмачиёни роҳзанро «шахсиятҳои муборизи миллӣ - мазҳабӣ» номид. Яъне, ӯ ба он бовар аст, ки Кӯри Шермат, Иброҳимбек, Кӯри Ортиқ, қотили муаллимаҳои солҳо 20 – уми ноҳияи Ғарм - Фузайлмахсум  ва дигар роҳзанони дар қамишзорҳову қадобаҳову пуштаҳо пинҳон ва бар сари мардумони кӯҳистон ҳамлавар, «шахсиятҳои муборизи миллӣ - мазҳабӣ» будаанд. Аз нуктаи назари дигар дуруст ҳам ҳаст, зеро ин тоифа ҳаракатеро намояндагӣ мекунанд, ки ҳамсафонаш Раҳмон Гитлер барин каллабурони  гузаро буданд. Дар ин маврид метавон бо далелҳои равшан исбот намуд, ки дар сафи ТТЭ ҲНИ ҳаргиз шахсиятҳои сиёсатмадор ва таҳлилгари вазъи сиёсии ҷаҳон набуданду ҳоло низ нестанд. Шикасти доимии онҳо бештар дар камсаводии сиёсиашон буд ва ҳаст.
Метавон ба ёд овард соли 1997 – ро, ки ба мухолифин имконият дода шуда буд,  то 30 дарсад мансабҳои давлатиро ишғол намоянд, аммо дар байни онҳо коршиносону корозмудагоне  пайдо нашуд, ки ҷойҳои пешниҳодшударо пур кунанд.
Наҳзатиҳо чун пай бурданд, ки дигар бо номи «ҳизб» ва «наҳзати ислом» наметавонанд балегӯёни Аврупоро ба сӯйи хеш ҷалб карда, пулҳояшонро истифода кунанд,  тасмим гирифтанд, ба монанди буқаламун,  пӯсташонро иваз намуда, ҳизбашонро бо ранги дигар рангомезӣ кунанд. Аз ин рӯ, созмонҳои бенуфузу ҳавоиеро бо номи «Анҷумани озодандешони тоҷик», «Ҷунбиши ислоҳот ва рушд дар Тоҷикистон» ва «Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ» - ро ташкил ва ба сӯйи худ ҷалб карда, ҳаракатеро ба унвони «Паймони миллии Тоҷикистон»  бунёд гузоштанд, ки реша дар кӯлмаки пуршулуку пурқурбоқа дорад. Ӯ барои бонуфуз нишон додани ин созмон, бо афзудани ҷойноми «Осиёи Марказӣ» хостааст наҳзатиёни худро ояндадор, ҳамчун неруи сиёсӣ ба намоиш гузорад. Дар айни замон ӯ хизматгузори хонҳои ҳероин - наркобаронҳои Аврупо ва ситезаҷӯёни кишварҳои Шарқ мебошад.
Роҳбари фирории наҳзатиҳо дар миёни суханронии онрӯзааш гуфт: «... тамоми мардони мубориз, онҳое, ки як ватани озод, пешрафта ва миллиро дидан мехоҳанд, метавонанд узви ин Паймон шаванд ё ба ҳар шакле, ки мехоҳанд бо он ҳамкорӣ кунанд». Шахси посдори ин миллату ин сарзамини муқаддаси ниёкон дар суханони  боло таҳқири  миллат ва тавҳини шахсияти худро эҳсос мекунад. Акнун, ки тоҷик аз занҷири худбохтагиҳои миллӣ раҳоӣ ёфта, ба фарҳанги гузаштаи ҳазорсолаҳояш рӯ овардааст, ин гурӯҳаки ба арзишҳои миллӣ бегона, зери шиори «озодӣ», «миллат» мехоҳад мардумро дубора ба раҳгумиҳо тела диҳад.
Миллати тоҷик бо сарварии Пешвои муаззами худ сармояи маънавии хеш – ҷашнҳои миллии Наврӯз, Сада, Меҳргонро дубора зинда карда, аз урфу одатҳои хурофотӣ даст кашидааст. Забони тоҷикӣ мақоми давлатии худро бозёфта, неруи баёни илмии хешро барқарор сохта ва табъу нашри китобҳо бо забони давлатӣ даҳчанд афзудааст. Дар ягон давру замон тоҷикон бо ин суръати баланд ба бунёди таълимгоҳҳо камари ҳиммат набаста буданд.
Онҳое, ки Тоҷикистонро бо чашми бино мебинанд, дармеёбанд, ки низоми бисёрҳизбӣ ва рушди гуногунандешӣ дар заминаи ҳуқуқӣ ташаккул ёфта, дар мамлакат 7 ҳизби сиёсӣ амал мекунад, ки аксари онҳо дар Парламент намояндагони худро доранд ва бар пояи қонун фаъолият мекунанд. Аммо аз ин, ки ҲНИ мардумсолорӣ ва демократияро дар амалҳои террористӣ дида, дасти нопок ба табаддулоти давлатӣ бурданӣ шуд, силоҳдоронаш саркӯб гардида, бо қарори мақомоти олии судӣ ба он аз рӯйи кирдорҳои анҷомдодааш, ташкилоти террористӣ - экстремистӣ унвон дода шуд, маънии вайрон кардани усулҳои демократии давлатдориро надорад. Чунин муносибатро ҳар давлате, ки оромиву осудагии мардумонашро азиз медонад ва амнияти давлатро вазифаи аввалиндараҷа мешуморад, нисбат ба ҷинояткорон ва ватанфурӯшон анҷом медиҳад.
Унвони ташкилоти террористӣ - экстремистиро ба ҲНИ на танҳо мақомоти олии судии Тоҷикистон раво донистааст, балки ташкилоти минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай низ соли 2017 дар қатори гурӯҳҳои ҷиноятпешаву экстремистии «Акрамия», «Ансоруллоҳ», «Ҷабҳат - ун - нусра», «Ҳизб - ут - таҳрир», «Давлати исломӣ», «Ҳаракати исломии Туркистони шарқӣ», «Ҷундуллоҳ», «Ҷамоати таблиғ», «Ҷамоати муҷоҳидони Осиёи Миёна», онро созмони террористӣ дониста, мубориза бо ин гурӯҳҳои харобкорро ҳатмӣ ва зарур шумурдааст.
Албатта, наҳзатиён, чуноне гуфта шуд, аз кардаи худ пушаймонанд, зеро фаҳмидаанд, ки кӯшишҳояшон беҳуда буда, дар Тоҷикистон як нафар тарафдорро ҳам нахоҳанд пайдо кард.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби ба тозагӣ нашршудаи худ «Уфуқҳои истиқлол» зикр кардаанд: «Мо бояд кӯшиш ба харҷ диҳем, ки пеши роҳи шомилгардонии ҷавонони кишварамон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундраву террористӣ гирифта шавад».
Роҳбарият ва ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, ҳамаи донишмандон ва донишҷӯёни ин боргоҳи маърифат бо камоли масъулият изҳор медоранд, ки ба хурдтарин тамоюли ҳамандешӣ бо ҳаракатҳои иртиҷоӣ ҷавоби шоиста дода, намегузоранд, ки пиндорҳои ифротгароӣ дар ҷомеа ҷой пайдо кунанд.
Зафар МИРЗОЁН, мушовири ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.02.2019    №: 31    Мутолиа карданд: 996
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед