logo

маориф

ТАЪЛИМ ВА БЕДОРИИ ТАФАККУРИ МИЛЛӢ

Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ваҳдати мардуми тоҷик аҳамияти ҷаҳонӣ касб намуда, таҷрибаи сулҳофарии Сарвари давлати мо ҳамчун дастури корсоз дар ҳалли низоъҳои дохилӣ истифода мешавад. Аз сӯи собиқ Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Кофе Аннан омӯзанда хондани таҷрибаи сулҳи тоҷикон, ки меъмори он бевосита муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб мешаванд, тасдиқи ин гуфтаҳо буда, дорои аҳамияти байналмилалӣ будани ин падидаи нодирро бозтоб менамояд.
Зикри ин матлабро дар оғоз аз он ҷиҳат салоҳи кор медонем, ки мо бояд дар ҷаҳони пуртазоди имрӯз аҳамияти сулҳу ваҳдати миллиро беш аз ҳар вақти дигар дар мағзу ҷони худ эҳсос намуда, барои ҳифзи ин неъмати олӣ даст ба кор бошем. Зеро пӯшида нест, ки ҳанӯз душманони миллати тоҷик, ки асосан дар хориҷи мамлакат ба сар мебаранд, мехоҳанд бо пиёда намудани ҳадафҳои гурӯҳии худ, вазъи осудаи мамлакатро ба ҳам зада, ба мақсадҳои нопоки худ даст ёбанд.
Пайдост, ки пойдории ҳар давлату миллат ва ҷомеаи ваҳдатсолор қабл аз ҳама ба неруҳои зеҳнӣ такя менамояд, ки заминаи он дар таълиму тарбияи сифатнок аст. Ин аст, ки рушди илму маориф, аз оғози истиқлолият дар меҳвари асосии сиёсати давлатӣ қарор гирифта, он аз ҷониби Сарвари давлат ҳамеша мавриди дастгириву ғамхориҳои пайваста қарор дорад.
Албатта, барои ташаккул, тарбияи андеша ва тафаккури миллӣ дар ҷомеа омилҳои зиёд мавҷуд аст. Вале мактабу маориф дар бедории миллӣ ва рушди ҷомеа нақши марказӣ доранд. Ҳарчанд дар ибтидои Истиқлолияти давлатӣ бар асари буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва маънавӣ, низоми таълиму тарбия ҳам зарба дид, дар ҳамон давра Президенти маҳбуби мамлакат маорифро соҳаи афзалиятнок эълон дошта, ба ислоҳоти соҳа таваҷҷуҳ карданд. Маҳз ибтикороти созандаву дурбинонаи Пешвои муаззами миллат буд, ки соҳаи маориф зина ба зина рушду такмил ёфта, ба низоми нави таълиму тарбия даст ёфт.
Мо дар ҳар сафари Президенти мамлакат ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ шоҳиди ифтитоҳи биноҳои нави муассисаҳои таълимӣ ва ё гузоштани санги асос ба сохтмони чунин биноҳо мегардем, ки бори дигар аз таваҷҷуҳу ғамхории бемисл ба рушди соҳаи маориф дарак медиҳад. Дар маҷмӯъ, сохтмони биноҳои нави муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ сол ба сол вусъати нав касб менамоянд ва ҳамасола то 100 бинои нав сохта, мавриди истифода қарор мегиранд. Ҳоло ба муносибати Ҷашни фархундаи 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ барномаҳои фарогири созандагӣ рӯи даст гирифта шудаанд, ки бовар дорем, дар доираи он шумораи сохтмони биноҳои нави таълимӣ бамаротиб зиёд мегардад.
Майдабегим МИРЗОХОНОВА, омӯзгори МТМУ № 56-и ноҳияи Синои  шаҳри Душанбе    


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.02.2019    №: 31    Мутолиа карданд: 1142
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед