logo

иқтисод

КИШОВАРЗӢ. АҲАМИЯТИ БАҲОДИҲИИ ЗАМИН ДАР РУШДИ ОН

Гузариш ба саноати индустриалӣ - аграрӣ аз ҳадафҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот, мукаммал гардондани механизми низоми соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла истифодаи дуруст ва оқилонаи замин, роҳҳои самарабахши расидан ба мақсад маҳсуб меёбанд. Яке аз омилҳои асосие, ки ба ин механизм таъсир мерасонад, корҳои баҳодиҳии замин мебошад.
Корҳои баҳодиҳии замин одатан аз се марҳила: баҳои сифати хок, тавсифоти замин ва баҳои иқтисодии замин иборатанд. Баҳодиҳии сифати хок муайян намудани баҳои муқоисавии сифати хокҳои гуногун аз рӯйи дараҷаи ҳосилнокии табиӣ, самаранокӣ  ва қобилияти истеҳсолии онҳо бо баллҳо мебошад. Баҳои сифати хок нишон медиҳад, ки то кадом андоза як хок аз хоки дигар аз рӯйи ҳосилнокӣ фарқкунанда аст. Умуман, ҳамаи хусусиятҳои хок вобаста ба нишондиҳандаҳои шӯрӣ, гаҷнокӣ, таркиби хок, чуқурии обҳои зеризаминӣ ва ғайра баҳогузорӣ карда шуда, натиҷаи он бо балл ифода мегардад. Натиҷаҳои баҳодиҳии сифати хок барои муайян намудани баҳои иқтисодии замин ва тафриқаи андозситонӣ ҳангоми  заминистифодабарӣ ҳамчун асоси илмӣ хизмат мекунанд.  
Тавсифоти замин муайян кардани коэффисиенти технологии заминҳои киштшаванда аз рӯйи нишондиҳандаҳои технологии хусусияти хок, релйефи маҳал, шакли майдонҳо, синфҳо аз рӯйи буридашавӣ бо монеаҳо, тезии синфҳои нишебии заминҳо, таркиби механикии хок ва баландии ҷойгиршавии замин аз сатҳи баҳр мебошад. Аз рӯйи ин коэффисиенти технологии замин хароҷоти баҳодиҳии замин барои парвариши зироатҳои кишоварзӣ муайян карда, баъдан барои дақиқ намудани нархи замин ва меъёри андози ягона ва андози замин истифода бурда мешавад.
Ҳар қадаре коэффисиенти технологии умумии тавсифоти қитъаи замин баланд бошад, ҳамон андоза хароҷоти истеҳсолӣ зиёд, даромад аз замин, андоз ва нархи замин паст мешавад  ва  ҳангоми  паст будани коэффисиенти тавсифоти қитъаи замин - баръакс.
Баҳои иқтисодии замин имконият медиҳад, ки меъёрҳои воқеии арзиши замин муайян гардида, андози замин вобаста ба сифат ва арзиши он ҳисоб карда шавад. Чунин корҳо тақсимоти одилонаи андози заминро муқаррар менамоянд.  Ҳамчунин, дар вақти баҳогузорӣ дурии қитъаҳои замин аз маркази заминистифодабарӣ ба назар гирифта мешавад.
Ҳамин тариқ, баҳогузории дурусти замин дар соҳаи кишоварзӣ, пеш аз ҳама, ба ҳавасмандии заминдорон, истифодаи оқилона ва самараноки замин, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқавории кишвар мусоидат мекунад. Институти давлатии лоиҳакашии заминсозии «Тоҷикзаминсоз» - зерсохтори Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави ҷумҳурӣ ягона корхонаест, ки ба гузарондани корҳои баҳодиҳии замини таъйиноти кишоварзӣ барои ҳамаи заминистифодабарандагон, аз ҷумла хоҷагиҳои деҳқонию фермерӣ, машғул аст ва дар самти беҳтару хубтар роҳандозӣ намудани баҳодиҳии замин ҳамеша тадбирҳои муассир меандешад.
С. ФОЗИЛОВ, сардори Экспедитсияи хокшиносӣ ва баҳои замини ИДЛЗ «Тоҷикзаминсоз»,
Х. ЭЛМУРОДОВ, сармутахассиси экспедитсия


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.02.2019    №: 31    Мутолиа карданд: 1114
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед