logo

иқтисод

ЛАХШ. ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

Кишоварзони ноҳияи Лахш соли 2018 - ро бо натиҷаҳои хуб ҷамъбаст намуда, ҳосили дилхоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла мева, картошка ва ғалладона, ба даст оварданд. Маҷмӯи умумии даромади  кишоварзон  маблағи 357 миллиону 646,9 ҳазор  сомониро ташкил   дод, ки  нисбат ба соли пешӣ 37 миллиону 321,5 ҳазор  сомонӣ ё 111,7 дарсад зиёд  мебошад.
Дурнамои кишти зироатҳои кишоварзӣ, махсусан картошка, барзиёд иҷро гардид ва ба ҷойи 2500 гектари тибқи дурнамо пешбинигардида дар хоҷагиҳои давлатӣ ва деҳқонии ноҳия 3033 гектар картошка кишт карда шуд. Тибқи маълумоти оморӣ,  кишоварзони  ноҳия  дар ҳамаи бахшҳои  хоҷагидорӣ 101321 тонна картошка ҷамъоварӣ  намуданд, ки нисбат ба соли пешӣ 14304  тонна зиёд  буда, 116,4  дарсади дурнаморо ташкил медиҳад.
Кишоварзони ноҳия як қисмати маҳсулот, аз ҷумла картошка ва меваро ба бозорҳои Душанбе, Ваҳдат, Ёвон, Варзоб ва шаҳру ноҳияҳои дигари ҷумҳурӣ ба фурӯш мебароранд.  Соли 2018 кишоварзони  ноҳия  дар бозорҳои «Қарияи Боло», «Деҳқон» ва «Меҳргон» - и  шаҳри Душанбе ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил карда, 1120 кг асал, 140 тонна картошка, 12 тонна мева ва 1237 кг гӯштро бо нархҳои нисбат ба бозор арзон ба сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе пешниҳод  намуданд.
- Сабаби асосии зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар он аст, ки барои кишоварзон шароит ва имкониятҳои хуб  фароҳаманд. Онҳо бо оби полизӣ таъминанд, барои беҳтар гардондани ҳолати мелиоративии заминҳо ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда тадбирҳои муассир андешида мешаванд. Дар Ҷамоати деҳоти Сартало бо ибтикори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва ҷалби соҳибкорони ватанӣ тавассути насб намудани ду насоси обкашӣ қариб 100 гектар ва дар Ҷамоати деҳоти Алға зиёда аз 10 гектар замини бекорхобидаю партов обёрӣ карда шуд, - гуфт зимни суҳбат раиси ноҳия Файзулло Баротзода.
Ҳамчунин, бо талошҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ давоми соли 2018 масолеҳи зарурии сохтмонӣ ҷудо гардид ва тавассути ҳашарҳои дастаҷамъӣ шабакаҳои обёрии Пиёзӣ, Ғулама, Чонқирғиз ва Сартало таъмиру навсозӣ шуданд
Тибқи «Барномаи давлатии соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» аз тарафи  идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳия соҳили дарёи  Оби Кабут дар масофаи  262 метр бо маблағи 52,6 ҳазор сомонӣ мустаҳкам карда шуд.
Айни  замон дар ноҳия барои  нигоҳдории  маҳсулоти  кишоварзӣ, бахусус картошкаю  мева,  ҳамагӣ 14 анбори мавсимии нигоҳдории картошка (аз ҷумла, картошкаи тухмӣ) мавҷуд аст, ки иқтидори умумиашон 4062 тоннаро ташкил медиҳад.  Ҳоло  дар ин анборҳо 9192 тонна тухмӣ барои кишти соли 2019 захира гардидааст, ки ҷиҳати 2298 гектар басанда мебошад. Тибқи нақша, имсол бояд дар майдони  2800 гектар  картошка кишт шавад, вале деҳқонони ноҳия ният доранд, ки масоҳати кишти онро ба 3000 гектар расонанд.                                  
Дилшод АМИРОВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.02.2019    №: 31    Мутолиа карданд: 934
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед