мулоқотҳо
Эмомалӣ Раҳмон Алиасғари Шеърдӯстро ба ҳузур пазируфт
28 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯстро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон баррасӣ шуданд.
Таваҷҷӯҳи асосӣ ба рафти татбиқи лоиҳаҳои муштараки иқтисодӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла тезондани сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-2» ва дигар барномаҳо зоҳир гашт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1842