logo

фарҳанг

СИЁҲПӮШӢ ТАБЛИҒИ ФАРҲАНГИ БЕГОНА АСТ!

Дар шароити ҷаҳонишавӣ, агар хоҳанд давлатеро аз байн баранд, аввал забон ва баъдан фарҳангашро нест мекунанд. Аз ин хотир, моро зарур аст, ки ба зуҳуроти нангини бегонапарастӣ ҳар чи зудтар хотима бахшида, сарулибосҳои миллии духтарону бонувонро бештар тарғиб намоем, пеши роҳи тақлиду таассуб ва зоҳирпарастиро гирем ва дар миёни занону бонувон корҳои фаҳмондадиҳиро вусъат бахшем.
Эмомалӣ  РАҲМОН
Баъди мутолиаи мақолаи иғвоангези Сайидюнуси Истаравшанӣ бобати бонувони сатрпӯш мақсад гузоштам, то қалам ба даст бигираму фикру ақоиди худро бобати ин масъала баён намоям.
Тавре маълум, борҳо таъкид шудааст, ки ҳиҷобу сатр барои миллати мо хос нест. Ин тадбир бо мақсади тарғиби фарҳанги волои халқи тоҷик амалӣ мешавад, зеро ҳар як халқу миллатро маҳз фарҳанги волояш муаррифӣ месозад. Миллати тоҷик низ ҳамчун миллати куҳанбунёду тамаддунофар дар ҷаҳон дорои мавқеъ ва манзалати хос мебошад. Воқеан, либос низ як ҷузъи фарҳанг аст. Либоси миллии тоҷикиро ифодагари назокату малоҳати бонуи тоҷик донистаанд, дар олам маҳз бо атласу адрас ва чакан симои зани тоҷикро мешиносанд.
Сайидюнуси Истаравшанӣ мисоли зани сатрпӯши босаводу бомаърифатро меорад. Ман мехостам мисоли «зани тоҷики сатрпӯши бомаърифат» - ро ҳам аз муаллиф бишунавам.
Ӯ зани бесатрро дур аз маърифату савод меҳисобад, ки ин хатост. Баръакс, ин қабил занҳо барои рушду нумӯи ҷомеаи кишвар ва тарбияи насли ҷавон талош меварзанд. Ҳақ ба ҷониби Сарвари мамлакат аст, ки дар ҳар  як суҳбат бо зиёиёни кишвар, зикр менамоянд:
«…мардуми мо, ҳатто дар ҳолати азодор будан ҳам либоси сиёҳ ба бар намекунанд. Агар таърихи миллати худро варақгардон кунем, мебинем, ки бонуи тоҷик дар ҳама давру замон либосе ба бар мекард, ки хоси табиату иқлими макони зисташ буд, вале рангаш ҳеҷ гоҳ сиёҳу тира набуд».
Ин ҷо суол ба миён меояд, чаро ин тарзи либоспӯшӣ, яъне сатри аврат дар кишвар маҳдуд шуд? Аз он сабаб, ки он нишоне аз ҷонибдории ғояҳои бегона аст. Агар бархе аз занон ба хотири тақлид ба ин тарзи либоспӯшӣ завқ пайдо карда бошанд, баъзеҳо бо мақсади таблиғи ақидаҳои таҳмилӣ ин либосро миёни занону духтарон паҳн карда, мехоҳанд дар кишвар боз як  ҷараёни нави ифротиро ҷорӣ созанд.
Хулоса, он тадбирҳое, ки имрӯз роҳандозӣ гашта истодаанд, қабл аз ҳама як ҳадаф дорад – тарғиби сару- либосҳои миллии духтарону бонувон, ҳарчи зудтар ба зуҳуроти нангини бегонапарастӣ хотима бахшидан, пеши роҳи тақлиду таассуб ва зоҳирпарастиро гирифтан аст.
Дар ин ҷода, мо - омӯзгорон, махсусан муаллимаҳову мураббияҳо барои таълим ва тарбияи дурусти насли ҷавони тоҷик камар баста, баҳри таҳкими анъана ва фарҳанги либоси миллии тоҷик корҳои тарғиботиро вусъат мебахшем.
М. САЛИМОВА, дотсенти кафедраи фанҳои ҷамъиятии ДДҲБСТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.02.2019    №: 32    Мутолиа карданд: 1224
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед