logo

иқтисод

РУШДИ ИҚТИСОДӢ АЗ НИЗОМИ БОНКӢ ВОБАСТАГИИ КАЛОН ДОРАД

Соли сипаригардида барои тамоми мардуми заҳматпешаи кишвар соли фаромӯшнашаванда ва тақдирсоз ба ҳисоб меравад, аз ҷумла дар бахши рушди соҳибкорӣ. Соҳибкор ва сармоя ҳамчун қувваи ҳаракатдиҳандаи иқтисодиёти ҳар кишвар барои кишвари мо низ аҳамияти муҳим дорад.
Таҷрибаи кишварҳои  пешрафтаи  иқтисодӣ  нишон медиҳад, ки рушди бахши хусусӣ,  соҳибкории инфиродӣ ва беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ ба афзун шудани маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва ғанишавии буҷети давлатӣ мусоидат менамояд. Ислоҳоти иқтисодии тайи солҳои охир амалишудаи давлат ба беҳтар шудани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ, аз ҷумла сармояи мустақим, мусоидат карда истодааст. Дар  даҳ соли охир ба иқтисодиёти Тоҷикистон дар ҳаҷми зиёда аз 33 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ворид гардида, қисми зиёди он ба рушди соҳаҳои энергетика, алоқа, сохтмон, истихроҷу коркарди сарватҳои зеризаминӣ  ва бунёди инфрасохтор равона шудааст. Барои кишвари мо дастгирии молиявӣ  ва ҳуқуқии соҳибкорон, аз  ҷумла додани қарзҳои имтиёзноки давлатӣ, ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ, муаррифии лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бартараф намудани монеаҳои ҷойдошта  барои рушди саноати дохилӣ, афзун намудани содирот ва босифату рақобатпазир гардондани маҳсулоти саноатӣ дар бозорҳои дохилию хориҷӣ аҳамияти бештар дорад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ бо мақсади бартараф намудани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти соҳибкорони истеҳсолӣ дар давоми ду сол моратория эълон намуданд. Инчунин, Роҳбари давлат пешниҳод намуданд, ки бо мақсади дастгирии минбаъдаи соҳибкорон дар кишвар  "300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ" амалӣ карда шавад.
Дар замони муосир рушди иқтисодиёт, хусусан соҳибкориро бе рушди низоми бонкии мустаҳкам тасаввур кардан ғайриимкон аст. Дар давлатҳое, ки муносибатҳои пулии рушдёфта доранд,  маҳз бонкҳо барои рушди ин муносибатҳо ва иқтисодиёт такондиҳандаи асосӣ ба шумор мераванд. Низоми бонкии ҳар кишвар дар таъмини рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар, бахусус пешрафти соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар, таъсиси ҷойҳои кории нав ва васеъ намудани манбаъҳои иловагии даромади буҷети давлатӣ нақши муҳим мебозад.
Кишвари мо низ дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба натиҷаҳои назаррас дар ин самт  ноил гардидааст. Ғайр аз бонкҳо дар кишвар шумораи зиёди ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ фаъолият менамоянд, ки барои таъмин намудани шаҳрвандон ва соҳибкорон бо қарзҳои имтиёзнок мусоидат менамоянд.
Дар Паём Пешвои миллат зикр карданд, ки дар 11 моҳи соли 2018 аз ҷониби низоми бонкӣ ба соҳибкорон ва аҳолӣ ба маблағи 7 миллиарду 250 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пешӣ  201 миллион сомонӣ ё 3 дарсад зиёд мебошад. Яъне, новобаста аз вазъи ногувори баъзе бонкҳо дар бозгардони маблағҳои шаҳрвандон, дар низоми бонкии кишвар тамоюли рушд мушоҳида мешавад. Ҳамчунин, вобаста ба талаботи замон амалияи ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар муомилоти пулии кишвар беҳтар гардидааст. Сарвари давлат дар Паём роҳбарони сохторҳои масъулро вазифадор намуданд, ки барои ба таври васеъ ҷорӣ кардани амалияи ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар пардохти хизматрасониҳо ва низоми савдо дар давоми соли 2019, инчунин, аз ҳисоби мутахассисони ҷавону донишманд, махсусан ҷавондухтарони соҳибмаълумот, пурра кардани ҳайати кормандони ин соҳа тадбирҳо андешанд.
Солҳои 2019 - 2021 аз тарафи Сарвари давлат Солҳои рушди деҳот,  сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шуданд. Албатта,  мақсади асосӣ рушду пешрафти  деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва муаррифии имкониятҳои сайёҳии кишвар мебошад. Дар ин соҳаҳо низ пешниҳоди қарзҳои имтиёзноки бонкӣ мавқеи калидӣ дорад. Аз ин рӯ, дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати мусоидат ба рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва бо қарзҳои бонкӣ таъмин намудани соҳибкороне, ки дар ин соҳаҳо фаъолият менамоянд, тадбирҳо андешида мешаванд.
Беҳрӯз ИЗЗАТОВ, мутахассиси соҳаи бонк


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.02.2019    №: 33    Мутолиа карданд: 954
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед