logo

фармонҳои президент

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи саҳмдорони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Нерӯгоҳи барқи обии Роғун»

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:     
1) Саҳмияҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Нерӯгоҳи барқи обии Роғун» танҳо ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони ҳуқуқии ба моликияти давлатӣ ва моликияти хусусии шаҳрвандони Тоҷикистон асосёфта ба таври ихтиёрӣ фурӯхта шаванд.
2) Маблағҳои пулии шахсоне, ки саҳмияҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Нерӯгоҳи барқи обии Роғун» - ро харидорӣ намудаанд, қонунигардонида ҳисобида шаванд ва ин шахсон аз ҷавобгарӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда мешаванд.
3) Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ва дигар мақомоти дахлдори давлатӣ махфияти маълумотҳоро оид ба маблағи саҳмияҳои харидашуда, шахсияти харидорони саҳмияҳо ва гирифтани суди (дивиденд) саҳмияҳоро таъмин намоянд.
4) Санҷиши фаъолияти бонкҳо оид ба фурӯши саҳмияҳо, бақайдгирӣ ва номнависии сертификати саҳмияҳо, ҷамъоварии маблағҳо аз фурӯши саҳмияҳо ва сертификати саҳмияҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Нерӯгоҳи барқи обии Роғун» ва сарчашмаи маблағҳои ба даст овардани саҳмияҳо манъ карда шавад.  Дар сурати содир намудани ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо аз ҷониби саҳмдорон ва кормандони бонкҳо санҷиш вобаста ба харидории саҳмияҳо  танҳо бо иҷозати Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
5) Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри амалӣ намудани фармони мазкур:
- санадҳои меъёрии ҳуқуқии худро ба фармони мазкур мутобиқ намояд;
- ҷиҳати такмили санадҳои қонунгузорӣ таклиф пешниҳод намояд.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе,  29 декабри соли 2009,  №742


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2458
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед