logo

ҳуқуқ

ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. АГЕНТӢ КАМБУДИҲОРО ОШКОР КАРД

Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2018 дар як қатор вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат амалҳоеро ошкор кард, ки хилофи қонунгузорӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ мебошанд.
Гурез Қосимзода, муовини якуми директори агентӣ, изҳор дошт, ки дар рафти санҷишҳои дар соли сипаригардида анҷомёфта муайян шуд, ки мақомоти давлатӣ зимни баргузории озмунҳо барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ, баҳодиҳии фаъолият ва аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ, ротатсияи кадрҳои роҳбарикунанда, ташкили захираи кадрҳо, таҳияи дастурамалҳои мансабӣ, пешниҳоди ҳисоботи оморӣ, пешбурди парвандаҳои шахсии хизматчиёни давлатӣ, бастани шартномаҳои меҳнатӣ, ҷалби занон ва ҷавонон ба хизмати давлатӣ, татбиқи Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба камбудиҳо роҳ дода, ҳолатҳои ба инобат нагирифтани талаботи тахассусӣ зимни интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо ҷой доранд. Аз ҷумла, талаботи Низомнома дар бораи тартиби гузарондани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар Сар-идораи геология, сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, шаҳрҳои Бохтар ва Норак қисман риоя нашудааст.
Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд 16, шаҳрҳои Ваҳдат 20, Турсунзода 18, Конибодом 14,  Исфара 13, Роғун 4, ноҳияҳои Варзоб ва Лахш 10 нафарӣ, Сангвор 8, Исмоили Сомонӣ ва Ванҷ 6 нафарӣ, Файзобод 5, Ҷалолиддини Балхӣ ва Нуробод 4 нафарӣ, Дарвоз ва Носири Хусрав 3 нафарӣ бе риояи талаботи тахассусӣ, аз ҷумла бе доштани ихтисоси дахлдор ва собиқаи зарурӣ, ба мансабҳо таъйин гардидаанд.
- Дар Вазорати молия таҳлили се соли охир нишон дод, ки дар дастгоҳи марказии вазорат аз 52 ҷойи холӣ 6 ҷой ба мансабҳои категорияи якум ва 3 ҷой ба мансабҳои категорияи дуюм рост омада, имконияти ҷобаҷогузории мутахассисон аз ҳисоби захираи кадрҳо мавҷуд аст, аммо бо вуҷуди таҳия гардидани рӯйхати ҳарсолаи захираи кадрҳо ягон нафар ба мансаби баландтар таъйин нашудааст. Дар сохторҳои маҳаллии вазорат аз соли 2013 хизматчиёни давлатӣ ба аттестатсия фаро гирифта нашуда, бе риояи талаботи тахассусӣ, баргузории озмун барои ишғоли мансабҳои холӣ, инчунин, солҳои тӯлонӣ дар як мансаб фаъолият менамоянд, ки бар хилофи қонунгузорӣ мебошад, - изҳор дошт Гурез Қосимзода.
Дар доираи Лоиҳаи JDS аз соли 2009 то инҷониб 55 нафар намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла хизматчиёни давлатӣ аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, корҳои хориҷӣ, молия, нақлиёт, энергетика ва захираҳои об, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, Хадамоти гумрук, инчунин, 9 нафар корманди Бонки миллии Тоҷикистон барои таҳсил ба магистратура ва докторантураи донишгоҳҳои Япония фиристода шуданд. Айни замон таҳсили 17 нафар дар донишгоҳҳои Япония идома дорад.
Бо мақсади омӯзиши таҷрибаи кишварҳои пешрафта вобаста ба усулҳои муосири идоракунӣ 4 нафар хизматчии давлатӣ ба Кувайт ва 6 нафар барои иштирок дар курси такмили ихтисос аз рӯи барномаи «Сифатҳои шахсӣ ва касбии роҳбари муосир» ба Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Беларус фиристода шуданд.
Лашкар ШАРИФ,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.02.2019    №: 35    Мутолиа карданд: 1094
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед