маориф
Абдуҷаббор РАҲМОНОВ, вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон: Рушди соҳаи маориф кафолати боэътимод ва пешрафти ҷомеа аст
Рушди соҳаи маориф кафолати боэътимоди пешрафт ва ояндаи дурахшони миллат аст. Аз ин рӯ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати худ маорифро соҳаи афзалиятнок эълон карда, барои ислоҳоти ботадриҷ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ташаккули низоми таҳсилоти муосир ва ҷавобгӯи талаботи замон ва таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ диққати махсус медиҳанд ва вобаста ба ҳамин соли 2010 –ро Соли маориф ва фарҳанги техникӣ эълон карданд, ки мо аз иқдоми Сардори давлат барои ғамхориашон ба соҳаи маориф изҳори сипос менамоем.
Вобаста ба самтҳои афзалиятноки соҳа мо имсол 31 лоиҳаи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия кардем, ки баъди мувофиқа бо вазоратҳои дахлдор аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расиданд.
Новобаста аз бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ маблағгузории соҳа дар соли 2009 афзуда, ба 1 миллиарду 110,2 миллион сомонӣ расид, ки нисбат ба соли 2008 60,6 фоиз зиёд мебошад. Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 сентябри соли 2009 музди меҳнати кормандони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва методистони шӯъбаҳои маориф ва фонди музди меҳнати муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 15 фоиз баланд бардошта шуд. Ҳамчунин, дар ин иртибот он нобаробарие, ки солҳои зиёд дар музди меҳнати кормандони соҳа вуҷуд дошт, бо истифода аз самаранокии маблағҳои буҷетӣ пурра аз байн бардошта, барои мудирии кабинетҳои фаннӣ ва методии шӯъбаҳои маориф 10 фоиз иловапулӣ муайян карда шуд.
Яке аз омилҳои асосии пешрафти кори таълиму тарбия ва баланд рафтани донишу малакаи хонандагон таъмин будани муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ мебошад. Дар оғози соли таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар 4713 нафар омӯзгор намерасид. Тадбирҳои андешида дар ин самт ба он мусоидат намуд, ки ин норасоӣ то ба 25 нафар паст фароварда шавад. Айни ҳол ин норасоӣ дар ВМКБ 7, вилояти Хатлон 15 ва вилояти Суғд 3 нафарро ташкил медиҳад, ки аз фанҳои забони англисӣ, математика, химия мебошад.
Хушбахтона, имсол 90 %-и хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи кабӣ ба ҷойи кор ҳозир шудаанд, ки ин нисбат ба соли гузашта қариб 25 % зиёд мебошад.
Соли сипаришуда аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар ҷумҳурӣ сохтмону азнавсозии 210 мактаб барои 35 ҳазор ҷойи нишаст ба маблағи 123 миллион сомонӣ ба истифода дода шуд, ки нисбат ба соли 2008 1,4 маротиба ва нисбат ба соли 2005 7,5 маротиба зиёд мебошад.
Мавриди таъкид аст, ки аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ имсол дар сохтмон ва таъмиру азнавсозии муассисаҳои таълимӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда шуд. Аз ҷумла, 8 мактаб барои 3120 ҷойи нишаст, дар назди 12 мактаб сохтмони синфхонаҳои иловагӣ барои 945 ҷойи нишаст ва таъмиру барқарорсозии 1 мактаб ба анҷом расонида шуд, ки нисбат ба соли 2008 7 маротиба зиёд аст.
Таҳлилҳо собит менамоянд, ки дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ аз 136 мактаби дар хонаҳои шахсӣ ва 101 мактаби дар вагонхонаҳо қарордошта, 126 мактаб пурра аз хонаҳои шахсӣ ва вагонхонаҳо бароварда шуд. Яъне иҷрои замимаҳои «Барномаи давлатии сохтмон, таъмиру азнавсозии мактабҳо барои солҳои 2008-2015, ки дар хонаҳои шахсӣ, вагонхонаҳо, биноҳои маъмурию ҷойҳои ҷамъиятӣ ҷойгиранд» 53 фоиз таъмин гардида, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилояти Суғд масъалаи мазкурро пурра иҷро намудаанд.
Ҳамчунин, бояд зикр намоем, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди соҳаи маориф маблағҳои инвеститсионӣ бо арзиши 78,2 млн. доллари амрикоӣ амалӣ гашта истодааст. Аз соли 2003 то 1 декабри соли равон аз ҳисоби ин лоиҳаҳо 50,4 млн. доллари амрикоӣ аз худ карда шуд, ки ин 64,4 фоизи ҳаҷми умумии маблағҳоро ташкил медиҳад. Ҳоло дар соҳаи маориф 5 Лоиҳаи сармоягузорӣ татбиқ гашта истодааст.
То имрӯз дар доираи Барномаи компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2010 мактабҳои кишвар бо 27 ҳазор компютер таъмин карда шудаанд, ки ин 76 фоизро ташкил медиҳад. Хушбахтона, дар баъзе ноҳияҳо шумораи компютерҳо бештар шуд. Аҳли маорифро мебояд, ки аз ин сарвати маънавӣ самаранок истифода барад. Ҳамин тавр, барномаҳои компютеркунонии мактабҳои таҳсилоти умумӣ, такмилу таълими забонҳои хориҷӣ бомуваффақият идома доранд. Умед дорем, ки бо иҷрои барномаи давлатӣ дар бобати таъмини истиқлолияти энергетикӣ дар солҳои наздиктарин мушкилоти боқимондаи муассисаҳои таълимӣ ҳалли худро хоҳанд ёфт.
Яке аз масъалаҳои муҳим дар ислоҳоти соҳа таҳияи китобҳои дарсӣ мебошад. То имрӯз муассисаҳои таҳсилоти умумӣ пурра бо китобҳои дарсӣ ва аксар барномаҳои таълимӣ таъмин гаштанд. Дар соли 2009 Вазорати маориф тавонист, ки бо маблағҳои иҷораи китобҳои дарсӣ, маблағҳои ҷудонамудаи Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки осиёгии тараққиёт 37 номгӯй китобҳои дарсӣ бо теъдоди 1462747 нусха ба маблағи умумии 9086722,17 сомонӣ ва 20 номгӯйи мавод, дастур ва барномаҳои таълимӣ бо теъдоди 149950 нусха ба маблағи 1155016 сомонӣ нашр намояд, ки қисмати асосии мавод дастраси раёсат ва шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо гардонида шуд.
Соли 2009-ро дар самти робитаҳои байналмилалӣ метавон соли бобарор ҳисобид. Зеро дар ин сол ҷиҳати таъсис додани филиалҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Федератсияи Русия заминаҳои воқеӣ гузошта шуд. Моҳи сентябри соли 2009 дар шаҳри Душанбе таъсис ёфтани Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов далели гуфтаҳои фавқ буда метавонад.
Қобили зикр аст, ки соли 2010 дигар филиалҳо, аз қабили филиалҳои Донишкадаи энергетикии Москва, Донишкадаи пӯлод ва хӯлаи Москва ва ҳамчунин филиали Донишгоҳи техникии шаҳри Харков дар шаҳри Душанбе таъсис дода мешавад.
Оид ба сифати таълим дар муассисаҳо пешравиҳо ба назар мерасанд. Яъне, сатҳи дониши хонандагону донишҷӯён нисбат ба солҳои қаблӣ боло рафтааст. Хонандагону донишҷӯён аз имконияту шароити таълим бештар истифода бурда, дар озмунҳои фаннӣ чи дар дохили ҷумҳурӣ ва чи хориҷи кишвар бомуваффақият ширкат меварзанд. Дар олимпиадаи фаннии ҷумҳуриявӣ иштирок намудани теъдоди зиёди хонандагон (588 нафар) ва дар баробари синфҳои 10-11 қувваозмоӣ намудани 62 нафар хонандаи синфҳои 7-8 аз фанҳои дақиқ боиси таҳсин ва офарин аст. Аз теъдоди иштирокчиёни олимпиадаи ҷумҳуриявии фанҳои таълимӣ 191 нафар ҷойҳои ифтихориро сазовор шуд. Боиси ифтихор аст, ки дар чанд соли охир духтарон аз деҳаҳои дурдаст дар олимпиадаҳои фаннӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд. Соли 2008 76 нафар мактаббачаи болаёқат дар озмунҳои байналхалқӣ 43 ҷойи намунавиро ишғол карда бошад, соли 2009 82 нафар хонандаи болаёқат дар озмунҳои байналмилалӣ ба гирифтани 52 ҷойи намунавӣ мушарраф гардид.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар вохӯрӣ бо омӯзгорон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва мулоқоти охирашон 23 декабр бо зиёиён ва аҳли маорифу илми кишвар вазифаҳои наву муҳим - тайёр кардани мутахассисони босифат ва ба замони муосир мувофиқ, истифодаи босамари усулҳои пешқадами таълим ва навгониҳои илму техника, ҷалби хонандагон ба касбомӯзӣ ва рушди фанҳои дақиқ ва табиатшиносӣ дар муассисаҳои таълимӣ, таҳияи як қатор ҳуҷҷатҳои меъёрии соҳа ва дар баробари ин наздик шудан ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳониро дар назди кормандони соҳа гузоштаанд.
Нақшаи тадбирҳои тарҳрезишуда оид ба таҷлили Соли маориф ва фарҳанги техникӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расида, аз ҷумла таъсиси марказҳои инкишофи кӯдакони синни томактабӣ дар ноҳияҳое, ки муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ надоранд, пайваст намудани муассисаҳои таълимии марказҳои маъмуриии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба шабакаи Интернет, гузаронидани озмуни омӯзгорони эҷодкор дар мавзӯи «Нақши фарҳанги техникӣ дар ташаккули тафаккур», конфронси ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Роҳҳои татбиқи технологияи муосир дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ», конфронси минтақавии илмию методӣ дар мавзӯи «Истифодаи технологияи навин дар таълими фанҳои мактабӣ ва проблемаҳои омӯзиши дастовардҳои илмӣ ва инноватсионӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ бахшида ба соли 2010 эълон гардидани «Соли илм ва инноватсия» дар кишварҳои ИДМ, озмуни ҷумҳуриявии «Ихтироъкорони наврас», ташкил ва намоиши дарс аз фанҳои дақиқ тавассути шабакаҳои телевизионӣ, таъсиси марказҳои инноватсионию технологӣ, аз ҷумла маркази биотехнологӣ дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, таъсиси марказҳои илмӣ, маҳфилҳои мубоҳисавӣ, озмоишгоҳи муосири муҳандисию техникӣ дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ, ду озмоишгоҳи илмӣ дар назди Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, озмоишгоҳҳо ва нуқтаҳои маълумотдиҳӣ бо мақсади дастгирии донишҷӯёни лаёқатманд ва боистеъдод, бо мақсади истифодаи дастовардҳои илмӣ дар истеҳсолот, таъсиси коргоҳҳои истеҳсолӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои давлатии илмӣ, то андозае баланд бардоштани музди меҳнати кормандони соҳаи маориф, таҳияи лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ташкил намудани депозитҳои сесола барои омӯзгорони ҷавон» ба ивази қарзҳои имтиёзнок, ба таври мукаммал ба охир расонидани татбиқи маблағгузории сарикасии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ба таври таҷрибавӣ ҷорӣ намудани маблағгузории сарикасӣ дар муассисаҳои томактабӣ, таҳияи лоиҳаи нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», сохтани хонаи истиқоматии хизматӣ барои кормандони соҳаи маориф дар шаҳри Душанбе ва маркази вилоятҳо, бартараф намудани норасоии мизу курсӣ ва таҷҳизоти томактабӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ, аз хонаҳои шахсӣ ва вагонхонаҳо пурра баровардани мактабҳо ва дар анҷом гузаронидани Анҷумани омӯзгорон ва олимони эҷодкор, аз гунаи тадбирҳое мебошанд, ки бо амалӣ шудани онҳо дар ҳамдастӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, соҳаи маориф боз ҳам рушду нумӯъ хоҳад кард.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 6050