logo

иқтисод

ОБ. ДАР ПАЙРАВӢ АЗ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ТАШАББУСКОР БОШЕМ!

Яке аз унсурҳои  муҳимтарин ва бебаҳотарини табиат об мебошад. Маҳз тавассути об хоки ташналаб сероб мегардаду заминро сабзу хуррам  ва  кулли мавҷудотро аз он  баҳраёб  мегардонад. Вақте аз хоб бедор мешавем,  ниёзи аввалини мо ба ин неъмати бебаҳои табиат -  об  аст.  Нӯшидану шустан, обёрӣ намудани сабзавоту меваҷот ҳама ба об вобаста аст. Дар баробари кишоварзӣ саноат ҳам ба об эҳтиёҷи калон дорад. Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои  2018 – 2028»,  ки маҳз  бо ташаббуси Тоҷикистон, иқдоми инсондӯстонаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ  гардид, нуфузу эътибори Ватани азизамонро дар ҷаҳон хеле боло бурд.
Гарчанде кишвари хуррамзамини мо захираи зиёди обҳои ошомиданию шифобахш дорад, пешниҳод намудани ҳалли масоили глобалии ҷаҳон, аз ҷумла норасоии об, бо  иқдоми Пешвои миллат аҳамияти умумибашарӣ дошта, ба манфиати тамоми халқҳои сайёра аст.
Таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба ин мушкили зиндагии аксари мардуми ҷаҳон аз сиришти бузурги башарпарварӣ шаҳодат медиҳад. Ба қавли устод Мирзо Турсунзода:
Шодам, аммо мехӯрам ғамҳои халқи дигаре...
Иқдомҳои наҷиби Пешвои муаззаму  башарпарвари тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мактаби ибратомӯз барои ҷаҳониён буда, амалисозии онҳо ободию хуррамӣ ва солимии сайёраро таъмин менамояд. Ҳифзу истифодаи самараноки захираҳои об барои расидан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсолаи Созмони Милали Муттаҳид аҳамияти хосса пайдо намуда, барои бартарф намудани сатҳи камбизоатӣ ва аз байн бурдани ҳолатҳои осебпазирии саломатии инсон вобаста ба мушкилоти норасоии об мусоидат менамояд.  Алҳол 2,5 миллиард сокини сайёра ба шароити дурусти санитарии оби ошомиданӣ  дастрасӣ надорад.  Аз нигоҳи мутахассисон, тақрибан  1,2 миллиард аҳолии ҷаҳонро   хушксолӣ ва бо ин сабаб, сар задани бемориҳои гуногун таҳдид мекунад.
Воқеан, ҷое, ки об аст, ободонию шукуфоист. Зиндагӣ дар кишвари  биҳиштосои мо,  ки дар дунё  ҳамчун сарзамини сарсабзу шодоб,  дорои табиати камназиру  захираҳои  фаровони  оби ошомидании  ширину мусаффо эътироф шудааст, ҳар инсони боақлро ба сипосу шукргузорӣ водор менамояд.   Мутаассифона, ҳамарӯза мушоҳида мекунем, ки дар бисёр  хонаю кӯчаҳо об аз ҷумакҳо ҷорӣ мешавад, вале касеро аз ин парво нест. Моро зарур аст, ки ба қадри  ин ганҷи бебаҳои зиндагӣ бирасем  ва шогирдонро  дар  рӯҳияи самаранок истифода бурдани об - ин сарвати бебаҳои табиат тарбия намоем. Дар ҳама ҳолат обро сарфакоронаю оқилона  истифода бурдан қарзи инсониву ватандории   мо маҳсуб меёбад. 
Лайлӣ ШАРИФОВА,  мудири шуъбаи илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалии
коллеҷи кӯҳии ба номи С. Юсуфова


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.02.2019    №: 36    Мутолиа карданд: 926
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед