logo

маориф

АЗ ШИНОХТИ РИСОЛАТ ТО ЭҲСОСИ МАСЪУЛИЯТ

Бо баланд бардоштани сатҳи фаъолият ва пажӯҳишҳо Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ нисбат ба солҳои пешин мавқеи болотарро соҳиб гардида, бештар бархӯрдор аз шуҳрату маҳбубият чи дар дохил ва чи берун аз кишвар мешавад. Суҳбати хабарнигори рӯзнома Абдулқодири Раҳим бо ректори ин муассисаи таълимӣ, доктори илмҳои физика ва математика, профессор, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Ҳабибулло дар ин хусус аст.
- Албатта, донишгоҳи Шумо ҳамасола ба дастовардҳои назаррас ноил мешавад, аммо фикр мекунам, ки дар соли гузашта он фарқкунанда буд, махсусан дар бунёду таъсиси марказҳову муассисаву факултаи нав.
- Воқеан, якчанд сохторҳои нав бунёд гардиданд, ки гувоҳи пешравиҳои донишгоҳ мебошанд. Бунёди марказҳои таҳсилоти фосилавӣ, касбомӯзӣ ва кӯдакистони ҷавобгӯи талаботи давр, таъсиси муассисаи такягоҳии литсей барои хонандагони лаёқатманд, факултаи фарҳанг ва санъат аз ин қабиланд. Ҳамчунин, муҷассамаи устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз тарафи пайкартарошони шаҳр офарида шуда, дар назди бинои донишгоҳ насб гардид. Бо муҳимияту аҳамияти дастовардҳо Ташкилоти байналмилалии сифати аврупоии Институти швейтсариягӣ (Донишгоҳи Оксфорди Британияи Кабир) бо қарори худ Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакиро сазовори Иҷозатнома (литсензия) ва сертификати байналмилалии Аврупо донистааст.
- Сухан аз таҳсилоти фосилавӣ рафт. Мехоҳам дар ин хусус суҳбатро идома ва маълумоти бештар бидиҳед. Яъне, дар ин самт чӣ корҳо вобаста ба талаботи давр ба фарҷом расиданд ва ҳам чӣ натиҷа доданд?
- Ба хотири беҳтар ба роҳ мондани таҳсилоти фосилавӣ сомонаи низоми он ба шакли «MOODLE» таъсис дода шуд, ки дар шабакаи интернет бо суроғаи fosilavi.kgu.tj фаъолият менамояд. Зиёда аз 1185 нафар донишҷӯи низомии таҳсилоти фосилавӣ ва 658 нафар омӯзгори донишгоҳ аз сомонаи номбурда ҳамвора кор мегиранд. Маводи дарсии мултимедиявӣ, тестҳо, сабтҳои видеоӣ ва дигар маводи таълимии электронӣ дар сомона ҷой дода шудаанд.
- Иштироки истеъдодҳои ҷавони донишгоҳ дар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ чӣ гуна аст?
- Хуб ва қонеъкунанда мебошад. Онҳо дар ин гуна озмунҳо сазовори ҷойҳои намоён гардиданд. Аз ҷумла, дар озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин лоиҳаҳои инноватсионӣ (навоварӣ)» миёни ихтироъкорону навоварони ҷавон аз синни 14 то 30 – сола донишҷӯи донишгоҳ Фирӯз Сайфуддинов сазовори ҷойи якум шуда, бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардид. Инчунин, соҳиби патенти дуюми худ гашт. Магистранти курси дуюм Убайдулло Сулаймонов дар конфронсҳои ҷумҳуриявӣ баромад намуда, бо якчанд ифтихорномаву дипломҳои Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, ба монанди «Навоварон ва ихтироъкорони наврас ва ҷавон», «Лоиҳаи беҳтарини инноватсионӣ дар истифодаи техника ва технологияи навин дар раванди таълим», «Магистранти беҳтарини сол» сазовор шуд. Дар олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ 5 нафар донишҷӯи ин муассисаи таълимӣ сазовори ҷойҳои дуюм ва сеюм гардиданд.
- Тавре иттилоъ ёфтем, 5 нафар устоди донишгоҳ рисолаҳои доктории хешро барои ҳимоя омода намуданд. То куҷо он ҳақиқат дорад? Ва ҳам ҳимояи рисолаҳои пажӯҳишӣ дар кадом сатҳ мебошад?
- Ин иттилоъ дуруст аст. Инчунин, дар соли гузашта 7 нафар унвонҷӯ ба дифоъ намудани рисолаҳои номзадӣ ва як нафар ба рисолаи докторӣ комёб шуданд. 5 нафар омӯзгорону унвонҷӯён барои ҳимояи рисолаҳои пажӯҳишии худ дар ин моҳ ва моҳи марти соли ҷорӣ иҷозатномаи шӯроҳои дисертатсиониро гирифтанд. Барои ҷалби бештари зеҳнҳои пажӯҳишгарон ба ҷусторҳои илмӣ ба 22 нафар рухсатии эҷодӣ дода шуд. Ифтихорманди стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон унвонии «Дурахшандагон» М. Мирсаидов шомили докторантураи Институти иқтисодиёт ва хоҷагии халқи назди Президенти Федератсияи Россия гардид. Аз рӯйи квотаҳои хориҷӣ барои соли таҳсили 2018 – 2019 ҳафт нафар донишварзон барои идомаи таҳсил ва боло бурдани сатҳи касбият ба кишварҳои Россия, Ҳиндустон, Чин ва Туркия сафарбар гардиданд.
- Аз рушди варзиш ва комёбиҳои донишҷӯён дар ин самт мехоҳам ёдовар бишавед.
- Варзишгарони донишгоҳ 38 медали тилло, 52 нуқра, 61 биринҷӣ ва 84 ифтихорнома ба даст оварданд. Аз ҷумла, донишҷӯ Фазлиддин Муродов дар мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ аз рӯи варзиши ҷию ҷитсу сазовори ҷои аввал ва медали тилло гардид.
Сорбон Латифов, донишҷӯи ин муассиса, дар мусобиқаи ҷаҳонии самбо байни 93 давлати дунё, дар шаҳри Сочии Россия сазовори ҷойи сеюм ва медали биринҷӣ шуд.
Биноӣ Раҳимов бошад, дар якумин Чемпионати кушоди Осиё оид ба таэквандо ширкат варзида, ба гирифтани мақоми сеюм мушарраф гардид.
Дастаи духтарони волейболбози донишгоҳ дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои олии касбии кишвар мақоми аввалро ба даст овард.
- Барнома ё худ дурнамои фаъолиятатон чӣ гуна аст?
- Барнома ва ҳам фаъолияти мо дар Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ равшану возеҳ ифода ёфтааст. Ва ҳам вобаста ба он супоришҳои дахлдорро додаанд. Яъне, иқтидори илмӣ бояд таҳким бахшида шавад. Пояҳои моддӣ – техникии муассисаи таълимиро устувор намоему ҷавобгӯи талаботи давр. Барои боло бурдани сатҳу сифати таълим тамоми тадбирҳоро биандешему истифода бикунем. Усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ бинамоем. Сарвари давлат зимни ироаи ин Паём таъкид доштанд, ки такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русиву англисӣ қонеъкунанда нестанд. Моро зарур аст, ки ба ҳалли ин масъала диққати ҷиддӣ бидиҳем ва дар ҳалли он муваффақ бигардем.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.02.2019    №: 36    Мутолиа карданд: 1373
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед