logo

иқтисод

МАСТЧОҲ. АЗ РУШДИ САНОАТ ТО ВУСЪАТИ ОБОДОНИҲО

Сокинони ноҳияи Мастчоҳ чун дигар бошандагони кишвар иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар роҳи ободию осоишии мамлакат, рушду нумӯи иқтисодӣ ҳадафу рисолати худ қарор додаанд. Нишондиҳандаҳои хоҷагии халқи ноҳия тайи солҳои охир бозгӯи онанд, ки мардуми сарбаланду меҳнатқарини Дилварзин  ба пешрафту ободониҳои беназир муваффақ шуданд. Агар соли 2015 дар ноҳия зиёда аз 480 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардида бошад, ин рақам соли сипаришуда ба 622 миллион сомонӣ расид ва суръати афзоиш 28 дарсадро ташкил дод.

Бунёди гармхонаҳо
Дар ин самт Мастчоҳ дар байни шаҳру навоҳии вилоят пешсафу намуна аст. Таҷрибаи соҳибкорони ноҳия дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аз гармхонаҳо сол ба сол ғанитар мешавад. Соли гузашта дар ноҳия 20 гармхонаи замонавӣ бо масоҳати зиёда аз 2 гектар бо усули куриёӣ, ки каммасрафу  самаровар аст, бунёд ёфт ва миқдори гармхонаҳои ноҳия ба 85 адад расид. Маҳсулоти гармхонаҳои ноҳия қариб дар ҳамаи бозорҳои шаҳру навоҳии вилоят ва пойтахт харидорони худро дорад. Солона қариб 500 тонна маҳсулот истеҳсол мешавад. Хусусан, истеҳсоли бодирингу помидор афзоиш ёфтааст.

Рушди саноат омили муҳими пешрафт
Давоми соли гузашта саноат низ дар ноҳия рушд ёфта, истеҳсоли маҳсулоти он ду баробар афзуд ва аз 145 миллион сомонии соли пешӣ ба 203 миллион сомонӣ расид. Бо назардошти ҳадафи чоруми миллӣ эълон шудани саноатикунонии мамлакат роҳбарияти ноҳия тасмим гирифтааст, ки бо баҳрабардорӣ аз захираву имконоти мавҷуда солҳои минбаъда шумораи корхонаҳои истеҳсоли ресмон, семент ва коркарди маҳсулоти кишоварзиро зиёд намояд. Корхонаи истеҳсоли ресмон, ки  қаблан бо номи «Олимтекстайлз» фаъолият дошт, баъди бозистии дусола аз нав бо номи ҶДММ «Ангубин» барқарор шуд. Дар ин корхона технологияи муосири олмонӣ насб гардидааст. Ноҳияи Мастчоҳ, ки аз мавзеъҳои барои пахтакорӣ хеле мусоид аст, метавонад корхонаро бо ашёи хоми саноатӣ пурра таъмин намояд. 
Солҳои охир парвариши чормағзи заминӣ (орахис) дар хоҷагиҳои ноҳия  зиёд гардида, деҳқонон аз он манфиати хубӣ иқтисодӣ мегиранд. Хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия аз истеҳсоли ин зироат ҳамасола на фақат бозорҳои вилояти Суғд, балки дигар минтақаҳоро низ таъмин мекунанд. Аз ин рӯ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз мулоқотҳо бо мардуми Мастчоҳ коркарди чормағзи заминиро ба масъулони соҳа ва соҳибкорони маҳаллӣ дастур доданд. Соли равон соҳибкори маҳаллӣ Абдуғанӣ Шарифов чунин корхона бунёд карданист.
- Табиист, ки рушди истеҳсолоти кишоварзию саноатӣ ба ривоҷу равнақи ободонию хизматрасонӣ, соҳаҳои фарҳанг, варзиш низ мусоидат кардааст. Муҳимтар аз ҳама, марҳила ба марҳила сатҳу сифати зиндагии мардум боло рафта, ба ҳадафи ниҳоии давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ – таъмини зиндагии шоиста мерасем. Музди миёнаи кор дар ноҳия давоми се соли охир 2,2 маротиба афзудааст. Вазъи муътадил ва самаровари истеҳсолот мусоидат кард, ки Мастчоҳ аз ниёзмандии молиявӣ раҳо  ёфта, ба қатори шаҳру навоҳии кумакрасони молиявӣ шомил гардад, - гуфт зимни суҳбат Ғайратҷон Азиззода, раиси ноҳия.

Вусъати ободониҳо
Агар чанд сол қабл барои корҳои ободонӣ ва фаъолияти  муассисаи хоҷагии манзилию коммуналии ноҳия аз ҳисоби буҷет ҳамагӣ 50 - 60 ҳазор сомонӣ ҷудо мегардид, соли 2018 нишондиҳандаи мазкур ба 1 миллион сомонӣ расид. Таъминот бо оби ошомиданӣ дар деҳоти ноҳия беҳтар шуд. Соли гузашта аз ҳамаи манбаъҳо, бавижа аз буҷети ҷумҳуриявӣ,  барои сохтмони иншооти оби нӯшоӣ 661,4 ҳазор сомонӣ  равона карда шуд. Дар Ҷамоати деҳоти Навбаҳор бо сохтани чоҳи амудӣ ба манзили сокинон оби босифати ошомиданӣ расид. Анҷоми иқдомҳои дигар дар ин ҷода шароит фароҳам овард, ки вазъи таъминоти мардум бо оби нӯшиданӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Мастчоҳ, Палдорак, деҳаҳои Азизобод, Шайхмаҳалла,  Навобод, Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии «Сомониён»  ва дигар  маҳаллаҳои аҳолинишин беҳбудӣ ёбад. Дар анҷом додани ин корҳои созандагӣ аҳолӣ ва соҳибкорон низ фаъолона иштирок намуданд.

Ганҷобод  шаҳраки нави диёр
Дар асоси дастуру супоришҳои  Сарвари давлат ҷиҳати фароҳам овардани шароит барои рӯзгори мардум ва таъмини сокинон бо қитъаи замину манзили истиқоматӣ дар ноҳия корҳои назаррас анҷом дода шуданд.  Бо назардошти афзоиши шумораи аҳолии ноҳия бо қарори дахлдори Ҳукумати кишвар дар қисмати даштҳои бекорхобидаи  мавзеи Дилварзин -  шафати шоҳроҳи Хуҷанд - Бӯстон маҳаллаи нав бо номи  шаҳраки Ганҷобод бунёд меёбад. Аз ҳисоби майдони ҷудошуда  барои 2711 оилаи ноҳия қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ дода шуд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи Ҷашни Наврӯзи соли 2016 дар ин шаҳрак хишти аввали   бунёди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ  барои 360 хонандаро гузошта, барои вусъати корҳои созандагӣ ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Бино ба иттилои раиси Ҷамоати шаҳраки Суғдиён  Заррина Ҳоҷиева,  то пурра бунёд ёфтани манзилҳои нав  ҳамаи инфрасохтори зарурӣ - мактаб, беморхона, бунгоҳи тиббӣ, нуқтаҳои савдо бунёд мешаванд. Ҳоло, аллакай хатҳои оби нӯшиданӣ кашида шудаанд. То Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи лоиҳа ва нақшаи тарҳрезишуда, дар ин ҷо боз ҳаммом, кошонаи ҳусн, сартарошхона ва иншооти дигари таъйиноти гуногун бунёд мегарданд.
Ҷовиди АШТӢ,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.02.2019    №: 36    Мутолиа карданд: 917
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед