logo

ҳуқуқ

ИҚРОР ВА ПУШАЙМОНӢ Ё ЭЪТИРОФЕ, КИ БА НАҲЗАТИЁН МИСЛИ “РАЪДУ БАРҚ ДАР РӮЗИ ОФТОБӢ” БУД

Чанде пеш Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аризаи маҳкумшуда Сайид Қиёмиддини Ғозиро мавриди баррасӣ қарор дода, ҷазои ӯро аз 25 соли қаблӣ то ба 7 сол поён овард. Дар тавзеҳи ин масъала зикр шуд, ки 18 сол кам шудани муҳлати ҷазои Қиёмиддин Ғозӣ ба мусоидат дар ошкор сохтани як қатор ҷиноятҳои вазнин,  фош кардани ашхоси ба ин ҷиноятҳо дастдошта ва аз кирдорҳои содирнамудаи худ пушаймон гаштани номбурда, рабт дорад.

Лозим ба ёдоварист, эътирофи Сайид Қиёмиддини Ғозӣ, ки дар ВАО - и кишвар пахш ва нашр шуда буд, эътимоду таваҷҷуҳи боқимондаи ҳаводорони наҳзатиҳоро аз беху решааш барканд. Моҳиятан барои роҳбари ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзат ва думравонаш бо чунин шева эътироф намудани гуноҳ, санги маломат задан ба сари ҳамсафон, ифшо намудани “саҳм” - и кишвари ба мо “дӯст” дар ин раванд, “раъду барқ дар рӯзи офтобӣ” маҳсуб мешавад.
Эътирофи “генерали мардумӣ” наҳзатиҳоро ба маънои томаш шармандатар карда, собит намуд, ки мазҳаби шиаро қабул кардани наҳзатиён далели бебаҳс аст. Қиёмиддини Ғозӣ расман, тариқи телевизион далелҳои зиёд пешниҳод карда, минҷумла гуфт, ки ҷалби наҳзатиҳо ба мазҳаби шиа таърихи тулонӣ дошта, аз оғози фаъолияташон маншаъ мегирад.
“Генерали мардумӣ” эътироф кард ва ба аҳли ҷомеа ҳушдор дода буд, ки роҳбари наҳзат ва “пайравон”- аш дар умрашон ягон кори хайрро анҷом надодаанд. Дороиҳояшон музди хиёнату ҷиноятҳояшон мебошад. Дар ин эътироф манбаи пайдоиши молу сарват, бозору иншоот, мошинҳои гаронбаҳои хориҷӣ барои худу фарзандон, сафарҳои беҳисоб ба кишвари “ҳамдину ҳамзабон” дигар мамолики манфиатдор, зиндагию маишат дар кишварҳои хориҷӣ бо далелу арқоми асоснок матраҳ шуд.
Ҳарчанд наҳзатиҳои террорист дар мавриди эътирофи Қиёмиддини Ғозӣ  чун ҳамешагӣ сафсатапароканӣ ва афсонапардозӣ карданд, вале  далели бебаҳс аст, ки номбурда баъд аз ҳаводиси охир (манзурам кӯшиши табадуллоти давлатӣ аст), ки парда аз симои манфури ташкилоти террористӣ бардошта шуда, аҳдофи муғризонаи онҳоро барои тамоми ҷаҳониён рӯнамоӣ кард, аз мавқеъгирии қаблиаш пушаймон шуд.  Нуктаи муҳим он аст, ки “генерали мардумӣ” бо вуҷуди худ аз  гуноҳ орӣ набудан,  аз хиёнату зиштӣ, бешарафиву бевиҷдонии ҳамсафонаш  хаста шуд. Зеро Қиёмиддини Ғозиро, ки то чанде пеш дар «домон» - и  роҳбари наҳзат ва ҳаммаслаконаш «азми намоз гузоштанро дошт», хеле моҳирона гул заданд.  Ба ибораи дигар, “генерали мардумӣ” то ин замон «ноларо пинҳон дармекашид” ва чун  симои аслӣ ва аҳдофи наҳзатиҳо пурра ҳувайдо ва ошкор шуд, «сина» - аш гуфт, ки «ман танг омадам фарёд кун»… 
Муҳимтар аз ҳама,   номбурда пурра дарк намуд, ки дини ислом барои роҳбарони  ташкилоти террористии наҳзат василаи расидан ба мансаб ва амалӣ намудани мақсадҳои нопок маҳсуб ёфта, дар ин ҷода арзишҳои инсонӣ ва ҳуқуқу манфиатҳои ҳамсафон ва аҳли ҷомеа  «як пули пучак» арзиш надоштанд. Он рӯз дур нест, ки ангуштшумор думравони раиси ташкилоти террористӣ - эктремистӣ низ ин воқеиятро дарк мекунанд. Вақт нишон хоҳад дод...
Ҷӯрахон АСОЕВ, таҳлилгар


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.02.2019    №: 36    Мутолиа карданд: 895
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед