logo

ҳуқуқ

ВМКБ.ҲАНӮЗ ҲАМ ҚОНУНШИКАНИҲО ВОБАСТА БА ЗАМИН ҲАСТАНД

Дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб мақолаи Раҳмони Гулзор «ВМКБ. Ҳанӯз ҳам қонуншиканиҳои вобаста ба замин ҳастанд» мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор гирифт.
Зикр гардид, ки доир ба истифодаи замин, аз ҷумла ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмон, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи генералии маркази ноҳия ва нақшаи мушаххаси сохтмонҳо тасдиқ гардида, амалӣ шуда истодааст.
Маркази ҷамоатҳои деҳот то ҳол нақшаи генералӣ надошта бошанд ҳам, ҷудо кардани замин барои сохтмон дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Қоидаҳои ҷудо кардани қитъаҳои замин барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 сентябри соли 2005 тасдиқ шудааст, амалӣ мегардад. Дар ноҳия бо сабаби номусоидии иқлим дар гардиши кишоварзӣ заминҳои корам мавҷуд нестанд. Ҳудуди ноҳияро заминҳои чарогоҳҳои кӯҳӣ ташкил дода, онҳо ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди туризми экологӣ ва шикор истифода мешаванд. Бо ин мақсад дар ноҳия 14 ширкати шикорӣ фаъолият дошта, барои муҳофизати табиати нотакрор ва ҳайвоноти нодир корҳои зарурӣ анҷом дода истодаанд. Ба замми ин, ҳамасола ба буҷети ноҳия аз ин ҳисоб зиёда аз 1 миллион сомонӣ ворид мегардад, ки ин маблағ барои ташкили чорабиниҳои ҳифзи табиат ва  рушди ноҳия истифода мешавад.
Мутобиқи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шикор ва хоҷагии шикор» истифодабарандаи шикоргоҳ фаъолияти хоҷагии шикорро дар шикоргоҳ дар асоси шартномаи пешбурди фаъолияти шикор, ки бо мақомоти ваколатдори давлатӣ баста шудааст, амалӣ мекунад. Инчунин, мутобиқи банди 4-и моддаи 12 истифодабарандаи шикоргоҳ ҳуқуқ надорад ба пешбурди фаъолияти дигар заминистифодабарандагон, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, монеъ шавад. Хоҷагиҳои шикорӣ дар ҳудуди ба онҳо вобасташуда ба ғайр аз истифодаи олами ҳайвонот ба дигар фаъолиятҳое, ки ба истифодаи замин тааллуқ доранд, дахолат наменамоянд.
Ҳудудҳои номбурда ба Парки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил нестанд ва ҷиҳати вобаста намудани онҳо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб карда намешавад.
Бо истифодаи  талаботи қонунгузорӣ қарори раиси ноҳияи Мурғоб № 543 аз 12 октябри соли 2015 «Дар бораи ҷудо кардани ҳудуд барои ҶДММ «Нуркап» дар ҳудуди ҷамоатҳои Ғ. Бердибаев ва Рангкӯл дар мувофиқа бо кормандони ҳифзи муҳити зист ба тасвиб расидааст. Баъди санҷиши гурӯҳи корӣ аз тарафи мутахассисони замини ВМКБ дар соли 2017 бо қарори раиси ВМКБ аз 10 июни соли 2018, № 186 «Оид ба бекор намудани қарорҳои раиси ноҳияи Мурғоб» қарори номбурда бекор карда шуд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба ҳамкории самаранок бо рӯзномаи «Ҷумҳурият» ҷиҳати рушди ҷомеа умед дорад.
Мурзибай ҶООШБАЕВ, раиси ноҳияи Мурғоб


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.02.2019    №: 37    Мутолиа карданд: 965
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед