logo

иқтисод

АЗ ЧОРСАДА ТО ЧОРСАДА. ЗИНДАГӢ РАНГИ ТОЗА МЕГИРАД

Бо мақсади бунёди калонтарин иншооти гидроэнергетикии мамлакат - НБО «Роғун» зарурат пеш омад, ки сокинони якчанд деҳаҳои ноҳияи Нуробод ва шаҳри Роғун аз минтақаи зериобшавандаи неругоҳ ба минтақаҳои дигар кӯчонда шаванд. Барои онҳо дар шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Роғун, Данғара, Рӯдакӣ, Файзобод ва Нуробод қитъаи замини наздиҳавлигӣ, ҳамчунин, маблағ барои бунёди хонаи истиқоматӣ ҷудо карда шуд.

Баҳои баланди Бонки ҷаҳонӣ ба шароити зисти муҳоҷирон
Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО «Роғун» фаъолияти худро дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 20 январи соли 2009 «Дар бораи аз минтақаи зериобмонии Неругоҳи барқи обии «Роғун» кӯчондани аҳолии шаҳри Роғун ва ноҳияи Нуробод» ба роҳ мондааст. То имрӯз 1643 оила дар шаҳру ноҳияҳои Данғара, Нуробод, Рӯдакӣ, Турсунзода ва Роғун бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин гардидаанд. Айни ҳол хонаҳои тайёршуда 1247 ва сохтмонашон нотамом 143 ададро ташкил дода, 1073 хоҷагӣ бо шумули 5154 нафар дар манзилҳои нав истиқомат доранд. Ҷубронпулии арзиши хона ва дигар амволи муҳоҷирон то 1 апрели соли 2018 маблағи 137,9 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки ба 1097 нафар сардорони хоҷагиҳо пурра пардохт шудааст.
Коршиносони Бонки ҷаҳонӣ 7-10 август ва 23-27 октябри соли 2017 барои мушоҳида ва таҳлили  раванди муҳоҷират аз мавзеъҳои зисти аввала ва ҳозираи муҳоҷирони минтақаи якуми зериобшавандаи НБО “Роғун” дидан намуда, сатҳи зиндагӣ, воситаҳои рӯзгузаронӣ ва барқарорсозии манбаъҳои даромадро таҳлил карда, ба корҳои иҷрогардида баҳои баланд доданд.

Аз Чорсада то Чорсада  
Аввалин гурӯҳи муҳоҷирони минтақаи зериобшавандаи НБО “Роғун” аз деҳаи Чорсадаи ноҳияи Нуробод ҳанӯз соли 1987 ба деҳаи Чорсадаи Ҷамоати деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара кӯчонда шуда буданд. Имрӯз ҳамаи онҳо соҳиби хонаву дар ва шароити хуби зиндагианд. Дар заминҳои зархезу васеи ноҳияи Данғара хоҷагии деҳқонӣ таъсис дода, аз ин ҳисоб ҳам рӯзгори худро пеш мебаранд ва ҳам дар таъмини бозори маҳаллӣ бо маҳсулоти тоза саҳм мегузоранд. 
Соли 2009 низ аз чанд деҳаи ноҳияи Нуробод, ки минтақаи зериобшавандаи НБО “Роғун” маҳсуб меёфт, як гурӯҳ сокинон ба Ҷамоати деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара кӯчиданд. Барои онҳо ва муҳоҷирони дигар деҳаҳо дар маҷмӯъ 256 қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардид, ки феълан 196 хоҷагӣ бо шумули 2060 нафар дар заминҳои худ хона сохта, зиндагӣ доранд. 12 хоҷагӣ ҳанӯз барои гирифтани замини худ муроҷиат накардаанд.
Эмомиддин Абдуллоев, раиси Ҷамоати деҳоти Лолазор, гуфт, ки дар деҳаҳои ҷамоат аз ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Дарвоз ва Ишкошим дар маҷмӯъ наздики 5 ҳазор нафар муҳоҷирони дохилӣ ба сар мебаранд. Барои онҳо тамоми шароити зист фароҳам оварда шудааст. Барои муҳоҷирони нави деҳаи Чорсадаи ноҳияи Нуробод дар ҷамоат деҳаи нав бо номи Чорсада-2 ташкил шудааст. Барои таълиму тарбияи фарзандони онҳо бо харҷи 18 миллион сомонӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 72 бунёд гардида, мавриди истифода қарор гирифт. Муассисаи мазкур аз се ошёна иборат буда, дар як баст 640 хонандаро ба таълиму тарбия фаро гирифта метавонад.
Аз  шумораи умумии (28 нафар) омӯзгорони муассиса 11 нафарро муҳоҷирон ташкил медиҳанд. Дар деҳаи Даштак бошад, барои муҳоҷирон филиали муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 38 фаъолият мекунад. Дар ҳар ду деҳа низ маркази саломатӣ сохта, ба истифода дода шудааст. Сокинон бо оби ошомиданӣ низ таъминанд. Дар ҳудуди ҷамоат 712 гектар боғу токзор мавҷуд буда, илова бар ин, ҳамасола дар майдони 1300 гектар пахта кишт карда мешавад. Дар хоҷагиҳои деҳқонӣ қариб барои ҳамаи сокинон кори мавсимӣ ва доимӣ мавҷуд аст.
Соли 2018 дар ҷамоат хоҷагии деҳқонии «Хуросон» таъсис дода шуд, ки самти асосии фаъолияти он парвариш ва фурӯши ниҳолҳои ороишиву ҳамешасабз мебошад. Дар оянда парвариш ва фурӯши гулу буттаҳои ороишӣ низ дар назар аст. Замини хоҷагии мазкур алҳол 5 гектар масоҳат дошта, дар ояндаи наздик то 12 гектар васеъ карда мешавад. Аксари сокинони маҳаллӣ бо кори мавсимӣ ва доимӣ таъминанд. Саҳмдорони хоҷагӣ азм доранд, ки бозори ноҳияро бо ниҳол ва гул таъмин намоянд. Сокинони ноҳияи Нуробод, ки ба боғдорӣ таваҷҷуҳи махсус доранд, метавонанд дар ин ва дигар хоҷагиҳои деҳқонӣ фаъолият намоянд.

Миннатдории моро ба Пешвои миллат расонед!
Раҳматулло Зоировро ҳамчун марди фарҳехтаву кордон баъди аз ноҳияи Нуробод ба ноҳияи Данғара кӯчидан ҳамдеҳагонаш раиси маҳалла интихоб карданд. Инчунин, ӯ дар мактаби деҳа ҳамчун боғбон кор мекунад ва сабзу хуррамии атрофи муассиса гувоҳи заҳмати босамари ин марди заҳматкаш аст. Ӯ зимни суҳбат, изҳор дошт: «Мо аз шароити фароҳамовардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  хушнуд буда, ба Пешвои миллат барои фароҳам овардани шароити хуби зиндагӣ дар ин ноҳияи зебоманзар сипосгузорӣ менамоем. Қабл аз кӯчонданамон ба мо интихоби ҷои нави зистро пешниҳод карданд. Мо бо хоҳиши худ ба ноҳияи Данғара омадем ва хато ҳам накардем. Зеро ноҳияи Данғара дорои боду ҳавои мусоид, заминҳои васеъ ва имконияти хуби кишоварзӣ буда, аз хоки зархези он ҳар касе бо заҳмат метавонад ризқу рӯзӣ ёбад ва рӯзгори худро пеш барад».
Лашкар ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.02.2019    №: 37    Мутолиа карданд: 1146
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед