logo

иқтисод

ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ИҚДОМҲОЕ, КИ НАҶОТБАХШИ САЙЁРААНД

Натиҷаи пажӯҳишҳо нишон медиҳад, ки аз 4/3 ҳиссаи кураи Заминро об ташкил дода, аз ин ҳисоб 3%-и он оби ошомиданӣ, бақия обҳои уқёнус мебошанд. Захираҳои обҳои ошомиданӣ дар рӯи Замин вобаста ба шароити географӣ нобаробар тақсим гардидаанд, аз ин рӯ, дастрасӣ ба онҳо низ нобаробар аст. Гузоришҳои коршиносони байналмилалӣ нишон медиҳанд, ки бо сабаби кам гардидани захираҳои обӣ раванди биёбоншавӣ сол ба сол суръат мегирад. Проблемаи таназзулёбии захираҳои об дар байни олимону коршиносон аз миёнаҳои асри гузашта ошкор гардида, то имрӯз омӯзиш ва роҳҳои ҳалли он ҷустуҷӯ мешаванд.
Дар оғози садсолаи нав Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки баланди масъулиятшиносӣ ва инсондӯстӣ масъалаи истифодаи оқилонаи захираҳои об ва ҳифзи онро дар сатҳи байналмилалӣ ба миён гузоштанд.
Аввалин иқдоми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин эълон намудани соли 2003 ҳамчун «Соли оби тоза» мебошад. Пешниҳод аз ҷониби кишварҳои аъзои СММ дастгирӣ ёфт ва Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 2003 – ро «Соли оби тоза» эълон намуд. Ин иқдом имкон дод, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба проблемаи захираҳои об мароқ зоҳир сохта, ҷиҳати муайян намудани ҳаҷм ва ҳолати захираҳои обӣ корҳои муайянро ба сомон расонад.
Иқдоми баъдии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015» низ аз ҷониби ҷомеаи чаҳонӣ бо хушнудӣ пазируфта шуд.
Дар доираи ин чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ корҳои зиёд анҷом дода шуданд, вале қисме аз ҳадафҳо бо назардошти низоъҳои сиёсию ҳарбӣ дар бархе кишварҳо беиҷро монданд. Бар замми ин, мувофиқи гуфтаи олимон ҳарорати кураи Замин нисбат ба соли 80 - уми қарни гузашта аз 0,8 то 20С зиёд мешавад, ҳамчунин, дар 30 соли минбаъда, яъне то давраи соли 2050, нуфуси аҳолӣ ба бештар аз 9 миллиард афзоиш меёбад ва масъалаи камбуди оби ошомиданӣ, озуқаворӣ, шароити зист бештар эҳсос мегардад.
 Бо назардошти проблемаи мазкур моҳи апрели соли 2017 дар шаҳри Сеули Корея дар доираи Форуми ҷаҳонии об Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» - ро пешниҳод намуданд.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ пешниҳоди навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо хушнудӣ пазируфт, Маҷмаи умумии СММ бо дастгирии 177 кишвари ҷаҳон бо Қатъномаи № 71/222, аз 21 декабри соли 2016 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» - ро эълон намуд. Қатънома кишварҳои аъзои СММ – ро вазифадор месозад, ки ба рушди устувор ва идоракунии маҷмӯи захираҳои об барои ноил шудан ба мақсадҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳифзи муҳити зист дар тамоми сатҳҳо чора андешанд.
Ҷиҳати пайгирӣ аз натиҷаҳои татбиқи ин Даҳсола бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаммуаллифӣ бо 190 кишвари аъзо, Маҷмаи умумии СММ 20 декабри соли 2018 Қатъномаи навро таҳти унвони «Шарҳи миёнамуҳлати фарогирии ҷараёни татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» қабул кард. Дар асоси ин Қатънома гузарондани ҷаласаи сатҳи баланди МУ СММ ҷиҳати мусоидат ба татбиқи ҳадафу вазифаҳои марбут ба захираҳои об дар моҳи марти соли 2021 ва аз 22 то 24 марти соли 2023 баргузории конфронси СММ доир ба шарҳи миёнамуҳлати фарогирии ҷараёни татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» - ро дар назар дорад.
Барои ҳар шаҳрванди Тоҷикистон боиси ифтихор аст, ки зери роҳбарии сиёсати инсонсолоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ иқдомҳо пешниҳод мегарданд, ки дар муаррифии кишвари азизамон саҳми басо бузург доранд. Аз ин рӯ, барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон зарур аст, ки ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» саъю кӯшиш намояд.
Назриало САРАБЕКОВ, директори Муассисаи давлатии
«Маркази илмию тадқиқотии ҳифзи захираҳои об»,
номзади илмҳои геология ва минерология


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.02.2019    №: 39    Мутолиа карданд: 967
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед