logo

иқтисод

ДЕВАШТИЧ ДАР МАСИРИ БУНЁДКОРӢ

Имрӯзҳо дар партави дастуру нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Деваштич бо фарогирии ҳамаи деҳаю маҳалҳои аҳолинишин бунёди 309 иншооти маъмурӣ, иҷтимоӣ, муассисаҳои таълимӣ, тандурустию фарҳангӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ ба нақша гирифта шуда, корҳо дар ин самт шурӯъ гардиданд.
Қобили зикр аст, ки дар ҳар деҳа бунёди сартарошхона, нуқтаҳои хатнаи кӯдакон, кошонаи ҳусн ва ҳаммом, инчунин, таъмири биною иншоот, тоза намудани кӯчаю хиёбонҳо, гирду атрофи идораҳои маъмурию манзилҳои истиқоматӣ, обод намудани гулгашту мавзеъҳои истироҳатӣ ва саёҳатбоб, ташкилу ҷойгиркунии партовгоҳҳо зери назорати қатъӣ гирифта шудааст.
Соли сипаришуда иҷроиши 29 банди нақшаи мазкур пурра иҷро гардид. Ҳоло дар Ҷамоати шаҳраки Ғончӣ сохтмони 45 иншоот ба нақша гирифта шуда, айни ҳол дар 25 иншоот, аз ҷумла таваллудхонаи марказӣ, биноҳои маъмурии нозироти андоз, раёсати молия, маркази адлия ва дигар нуқтаҳои маишиву хизматрасонӣ корҳои сохтмонӣ идома доранд. Инчунин, беш аз 5 километр роҳе ки ноҳияро ба шоҳроҳи Душанбе - Чанак мепайвандад, мумфарш шуд. Дар маҷмӯъ, дар ҷамоати шаҳрак аз даҳ банди иҷроишаш дар соли 2018 пешбинишуда иҷроиши 8 банд таъмин гардид.
Дар Ҷамоати деҳоти Ғазантарак бошад, аз 33 иншооти нақшавӣ дар 11-тои он  корҳои сохтмонӣ ҷараён дорад. Соли гузашта ба ҷойи як иншооти нақшавӣ 5 иншоот ба истифода дода шуд. Дар ин ҷо, бо ташаббуси мардум сохтмони майдони варзиш ба роҳ монда шудааст. Соҳибкори деҳаи Зарнисори ҷамоат Тӯйчӣ Абдуллоев муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 13   ба номи профессор Исматулло Юлдошевро, ки соли 1983 бунёд ёфтааст, бо маблағи наздик ба 300 ҳазор сомонӣ таъмир намуд.  Аз ҳисоби кумитаи волидон ва сарпарастони деҳа дар саҳни мактаб ҳавзи шиноварӣ сохта шуда, роҳравҳо ба масоҳати 124 метри мураббаъ сафолакпӯш, дарвозаи мактаб нав, гирди мактаб панҷарапӯш ва бино пурра таъмиру рангубор шуданд. Ҷараёни корҳои ободонӣ дар дигар ҷамоатҳои ноҳия низ дар сатҳи баланд идома дорад.
Ба ифтихори оғоз ёфтани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028» бо  дастгирии Ҳукумати мамлакат сохтмони хати оби Даҳкатсой - Даҳанасой, ки барои рушди иқтисодии ноҳия  аҳамияти бесобиқа дорад, оғоз гардид. Обанбори Даҳанасой дар атрофи деҳаҳои Зарнисор, Зароб, Панҷбоғ, Ҳазорчашма ва Меҳробод  ҷойгир шуда, он солҳои 70 - уми асри ХХ бунёд гашта буд ва ҳаҷми ғунҷоишаш 42 миллион метри мукааб аст. Дарозии хати оби Даҳкатсой – Даҳанасой мувофиқи лоиҳа 33,4 километр буда, дар масофаи 31 километр об бе истифодаи неруи барқ ҷорӣ мешавад.  Арзиши лоиҳаи мазкур 64 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Эҳсоси масъулият, талошу кӯшишҳо баҳри суръат бахшидан ба фаъолият дар ин самт низ дучанд мегардад. Аз ин рӯ, бовар дорем, мардуми ноҳия чун дигар сокинони шарафманди Тоҷикистони азиз барои боз ҳам ободу зебо гардондани сарзамини худ аз тамоми имкониятҳо истифода намуда, Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовезҳои арзанда, шукӯҳу шаҳомат ва файзу баракати хосса таҷлил менамоянд.
Пардабой КЕНҶАЕВ, сармеъмори шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии
мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич
Маратҷон ҶАББОРОВ, корманди бахши кор бо ҷавонон ва
 варзиши ноҳия


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.02.2019    №: 39    Мутолиа карданд: 1090
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед