logo

фарҳанг

МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ ОМИЛИ МУҲИМИ ҶАЛБИ САЙЁҲОН

Яке аз дастовардҳои бузурги соли 2018 дар соҳаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихӣ – фарҳангӣ, ки бо иқдоми Ҳукумати ҷумҳурӣ ва ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гаштааст, ин омода намудани феҳристи ягонаи ёдгориҳои таърихӣ, фарҳангию меъморӣ мебошад. Зеро ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ ва муаррифии шоистаи онҳо омили муҳими ҷалби ҳам сайёҳони дохилӣ ва ҳам хориҷӣ ба шумор меравад.
Мувофиқи рӯйхати пешакӣ, ки бо пешниҳоди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар асоси харитаи бостоншиносӣ тартиб ёфтааст, дар кишвар 3047 ёдгории таърихию фарҳангӣ ва меъморӣ мавҷуд аст.
Лозим ба ёдоварист, ки Тоҷикистон ҳанӯз соли 1992 аз байни кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин давлати соҳибистиқлоле буд, ки барои узвият ба Созмони мероси фарҳанги ҷаҳонӣ ЮНЕСКО дархост пешниҳод намуд ва аъзои он шуд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Ҳукумати мамлакат ва Пешвои муаззами миллат дар пешбурд ва ҳифзу истифодаи мероси фарҳангӣ аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ иқдом гирифта буданд.
Ҷиҳати пешниҳоди ёдгориҳои фарҳангӣ ба рӯйхати мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО шурӯъ аз соли 2000 ҳашт ёдгории мероси ғайриманқул ба рӯйхати силсилаҷоизаи Шоҳроҳи бузурги Абрешим дар шаҳри Сенани Ҷумҳурии Мардумии Чин номнавис гардид. Инҳо ёдгориҳои Панҷакенти қадим, Бунҷикат, шаҳри бостонии Ҳисор, шаҳраки элинистии Тахти Сангин, дайри буддоии Аҷинатеппа, шаҳри Хоҷамашҳад, шаҳри асримиёнагии Ҳулбук, қалъаи Ямчун ва ёдгориҳои водии Вахон мебошанд.
Вобаста ба дастури Пешвои муаззам ҷиҳати ба феҳристи ЮНЕСКО ворид намудани шаҳри бостонии Ҳулбук феълан корҳои пешниҳодии номинатсияи шаҳр ҷиҳати баррасӣ ба созмони мероси фарҳангӣ омода шудаанд.
Вобаста ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби ҳайати кории мутахассисони соҳавӣ «Санъати ҳунармандии Хатлон дар асрҳои миёна» бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ омодаи чоп гардид, ки дастовези муносиб барои сайёҳон ва меҳмонон аст. Бояд тазаккур дод, ки китоби мазкур аз шаклҳои ҳунармандии халқи тоҷиқ дар асрҳои миёна маълумот медиҳад. Ҳамчунин, китоби дигар бо номи «Шоҳроҳи бузурги Абрешим» омодаи чоп буда, барои мутахассисон, таърихшиносон ва доираи васеи хонандагоне, ки ба таърих ва ташаккули Шоҳроҳи бузурги Абрешим мароқ зоҳир мекунанд, пешбинӣ шудааст.
Шералӣ ХОҶАЕВ,
сардори шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихиву фарҳангии
Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илмҳои таърих


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.02.2019    №: 39    Мутолиа карданд: 957
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед