иқтисод
ХАТЛОН. НИГАРОНӢ АЗ ВАЗЪИ ИСТЕҲСОЛОТИ САНОАТӢ
Дар ҷаласаи назди раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҳисоботи якмоҳаи (январи соли ҷорӣ) муовинони соҳавии раиси вилоят, раисон ва роҳбарони дастгоҳҳои раисони шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони корхонаву муассисаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Зикр шуд, ки нақшаи андоз бо назардошти андози иҷтимоӣ дар моҳи январ 100,7 дарсад иҷро ва ба буҷет 109,7 миллион сомонӣ маблағ ворид карда шуд. 90 дарсад ё 105,3 миллион сомонӣ маблағи буҷетӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ равона гардидааст. Дар моҳи аввали сол бонкҳои вилоят ба соҳаҳои иқтисодӣ 106, 5 миллион сомонӣ қарзҳои бонкӣ равона намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 12,8 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар вилоят музди миёнаи меҳнат нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,4 дарсад афзуда, ба 912,2 сомонӣ баробар шудааст. Гардиши савдо ба 417,6 миллион сомонӣ расида, афзоиш 21,6 дарсадро ташкил дод.
Гардиши савдои хориҷӣ ба 26,8 миллион доллари амрикоӣ баробар шуда, аз он содирот 10,9 миллион ва воридоти молу маҳсулот 15,9 миллион долларро ташкил медиҳад. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 155,5 миллион сомонӣ расид, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 8,9 миллион сомонӣ зиёд аст.
Ба маблағи 584,3 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид. Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта истеҳсоли орд 9,5, нон ва маҳсулоти нонӣ 33, равғани рустанӣ 17,1, риштаи пахтагӣ 32,4, семент 9,6, хишти бинокорӣ 28 дарсад, маҳсулоти дӯзандагӣ 2,1, ҳасиб 2,4, мусалласи ангур 8,6, макаронӣ 14,7 ва гач 59 баробар афзуд. Тайи як моҳ 5 корхонаю коргоҳи нави саноатӣ (бо фарогирии 44 ҷои кор) ба фаъолият пардохт.
Раиси вилоят бо нигаронӣ таъкид намуд, ки дар моҳи аввали саноатикунонии кишвар дар миқёси вилоят ҳамагӣ 8 тонна макарон ва 8 тонна шир истеҳсол шудааст ва ин вазъ ислоҳи ҷиддиро тақозо менамояд. Аз аҳли толор даъват ба амал оварда шуд, ки баҳри татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ - саноатикунонии кишвар аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода баранд. Ҳамчунин, барои корҷӯён ҳамагӣ 44 ҷои корӣ муҳайё гардидааст, ки ин нокифоя аст.
Қурбон Ҳакимзода зимни ҷамъбасти ҷаласа барои рафъи мушкилоти ҷойдошта супоришҳои қатъӣ дода, масъулонро вазифадор намуд, ки баҳри таҷлили шоистаи ҷашнҳои Наврӯзи байналмилалӣ ва 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии ҳаматарафа бинанд.
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 22.02.2019 №: 40 Мутолиа карданд: 1014