logo

ҳуқуқ

ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ. БУНЁДИ БЕШ АЗ 100 ИНШООТ ДАР ПАНҶ СОЛИ ОХИР

Бахшида ба 26 - умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази таълимии «Пойтахт» - и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳайати шахсии ҷузъу томҳои низомиро бо ин санаи фархунда табрик намуда, зикр кард, ки 23 феврали соли 1993 нахустин паради ҳарбӣ баргузор гашт, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шуд.
- Ҳукумати мамлакат ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои хизматчиёни ҳарбӣ, аз ҷумла афсарону сарбозони қӯшунҳои сарҳадӣ, тамоми тадбирҳои заруриро андешида истодааст. Танҳо дар хати сарҳади давлатӣ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки 1344 километрро ташкил медиҳад, дар 5 соли охир беш аз 100 иншооти низомӣ мавриди истифода қарор гирифтааст. Итмимони комил дорам, ки афсарону сарбозони шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳ ба савганди ҳарбӣ содиқ монда, рисолат ва уҳдадориҳои  худро дар назди Ватан ва мардуми кишвар сарбаландона адо мекунанд, - гуфт Раҷабалӣ Раҳмоналӣ.
Зикр шуд, ки мубориза бар зидди ҳама гуна хатарҳои эҳтимолӣ, бахусус терроризми байналмилалӣ, экстремизми сиёсӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб, аз ҳар афсару сарбоз омодабошии доимии ҳарбиро тақозо мекунад. Имрӯз афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ба хотири ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ тамоми донишу таҷриба ва малакаю маҳорати худро сафарбар менамоянд.
Дар фарҷоми чорабинӣ 35 марзбон бо ифтихорнома ва нишони сарисинагӣ сарфароз гардид.
Маҳмуд БАҲРОМ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.02.2019    №: 40    Мутолиа карданд: 914
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед