logo

иқтисод

ИМТИЁЗҲОИ СОҲИБКОРӢ. КӢ АЗ ОНҲО БАРХӮРДОР АСТ?

Ҳарчанд аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ барои дастгирии соҳибкорони ватанӣ пайваста имтиёзу сабукиҳо муҳайё мегарданд, бехабарии баъзе соҳибкорони маҳаллӣ сабаби бархӯрдор нашуданашон аз ин имтиёзҳо мешавад. Тарғибу фаҳмондани моҳияту аҳамияти имтиёзҳо дар байни соҳибкорон  ва дастгирии онҳо ҷиҳати истифода аз ин имкониятҳо аз масъалаҳои муҳими рушди  соҳа мебошанд.

Ба гуфтаи Фаррух Ҳамрализода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, дуруст надонистани моҳият ва муқаррароти имтиёзҳои муайяннамудаи қонунгузории кишвар баҳри дастгирии соҳибкорон метавонад татбиқи самараноки онҳоро халалдор созад.
-  Мо талош менамоем, ки муқаррароти имтиёзҳо барои соҳибкорон фаҳмо бошад, то онҳо аз имкониятҳои мавҷуда ба манфиати рушди иқтисодиёти кишвар самаранок истифода намоянд. Таҷриба нишон медиҳад, ки муқаррароти имтиёзҳои қонунгузории кишвар бештар барои соҳибкорони навкор ё ҷавон нофаҳмо аст. Аз ин рӯ, дар доираи чорабиниҳои ташкилнамудаи кумита гурӯҳҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳо рафта, ин имтиёзҳоро барои соҳибкорони маҳаллӣ мефаҳмонанд,  - гуфт ӯ.
Иззатулло Асадуллозода, сардори раёсати дастгирии соҳибкории кумита,  дар ин бора чунин гуфт:
- Тайи соли равон барои тарғиб ва  дуруст фаҳмондани моҳияти имтиёзҳои соҳибкорӣ кумита якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор чорабиниҳои машваратию омӯзишӣ гузаронд. Дар доираи  чорабиниҳои баргузорнамудаи кумита  оид ба имтиёзҳои қонунгузорӣ дар самтҳои  санҷиши фаъолияти субъектони хоҷагидор,  тарҳрезии нақшаҳои тиҷоратӣ, сабукиҳои андозию гумрукӣ ва ғайра қариб 1000 соҳибкор ба семинарҳои омӯзишию машваратии мутахассисони соҳа фаро гирифта шуданд.  Имсол низ тибқи нақшаи корӣ аз ҷониби кумита ба минтақаҳои гуногуни кишвар ҷиҳати тарғиби имтиёзҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба соҳибкорони маҳаллӣ гурӯҳи корӣ сафарбар хоҳад шуд. 
Соҳибкории кишоварзӣ яке аз бахшҳои афзале мебошад, ки дар ин ҷода аз ҷониби Ҳукумати кишвар имтиёзҳои зиёде пешбинӣ гардидаанд. Махсусан, барои коркарду бандубасти маҳсулоти кишоварзӣ, дар қонунгузории мамлакат як қатор сабукиҳои андозию гумрукӣ ва имкониятҳои дигар муайян шудаанд. Тавре Иззатулло Асадуллозода гуфт,  имтиёзҳои соҳибкорӣ,  пеш аз ҳама,  барои рушди соҳаҳои афзали иқтисоди ҷумҳурӣ, аз ҷумла парандапарварӣ, воридоти мошинҳои навбаромад, технологияи коркарду истеҳсоли маҳсулоти кишоварзию табобатӣ нигаронда шудаанд. Вале, то куҷо соҳибкорони бахши кишоварзӣ ё агросаноатӣ аз моҳияти имтиёзҳо  бохабаранду онҳоро  дар фаъолияти худ самаранок истифода менамоянд?
Гулмаҳмад Бобоев, соҳибкор аз ноҳияи Кӯшониён, баръакс  ҳисоботи пешовардаи кумитаро аз воқеият дур медонад:
- Намояндагони кумитаи мазкур ва дигар вазорату идораҳои марбута  барои тарғибу фаҳмондани аҳамияти имтиёзҳо на танҳо талош намекунанд, балки дар роҳи татбиқи нақшаҳои тиҷоратии соҳибкорони маҳаллӣ ба ҷойи мусоидат намудан, монеа эҷод месозанд. Ҳол он ки мо - соҳибкорон, ҳамеша мекӯшем, ки аз имтиёзу имкониятҳои фароҳамовардаи давлату Ҳукумат бохабар бошему онҳоро дар фаъолияти худ босамар истифода барем. Ман чанд сол боз талош дорам, ки дар ноҳияи Кӯшониён бо истифода аз технологияи нав ва  лаблабуи  маҳаллӣ  корхонаи пуриқтидори  истеҳсоли шакар бунёд карда,  бозорҳои дохили мамлакатро бо маҳсулоти ватанӣ таъмин намоям. Вале, бо вуҷуди ҷидду ҷаҳди 8 – сола масъалаи  татбиқи лоиҳаи бунёди корхонаи номбурда ҳалли худро наёфтааст.  Тайи ин муддат ба вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии саҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” борҳо  муроҷиат намудам, вале посухи дуруст пайдо накардам. Чӣ кор карданамро намедонам. Дар ин муддат масъулони соҳа вобаста ба имтиёзҳо маълумоти мушаххас надоданд ва то ҳол намедонам роҳи ҳалли масъала кадом аст.
Сайдалӣ Гулов, боғпарвари собиқадор, профессори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон,  изҳор дошт, ки дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ,   аз ҷумла дар самти боғдорию коркарди мева, имтиёзҳои зарурӣ муҳайё гардидаанд, вале бархе соҳибкорони ин бахш аз моҳияти онҳо ба ҳадди кофӣ огаҳ нестанд.
- Солҳои пештар боғдорону зироаткорон барои нигоҳдории маҳсулот ва фурӯшу коркарди он ба мушкилиҳо дучор меомаданд. Ҳам истеҳсол ва ҳам бандубасту содироти меваю сабзавот барои кишоварзон мушкил буд. Бо дастгирии Ҳукумати кишвар акнун дар минтақаҳо марказҳои логистикӣ барои соҳибкорони истеҳсолоти кишоварзӣ  дарҳои худро боз намуданд. Ин марказҳо  маҳсулотро аз кишоварз  гирифта, онро барои содирот коркард ва бандубаст менамоянд.  Таъсиси марказҳои мазкур бо дастгирии мақомоти маҳаллӣ аз зумраи имтиёзҳои давлату Ҳукумат баҳри дастгирии соҳибкорони истеҳсолоти кишоварзии ватанист. Мутаассифона, на ҳамаи кишоварзону деҳқонон дар ин бора маълумот доранд. Сабукиҳои андозию гумрукӣ барои воридоту истифодаи технологияи нави коркарди меваю сабзавот низ барои соҳибкорони соҳа тарғибу ташвиқи бештарро тақозо доранд. 
Абдураҳмон Ҷобиров, сардори раёсати чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ  ва занбӯриасалпарварии Вазорати кишоварзӣ изҳор дошт, ки сабукиҳои андозӣ дар соҳаи парандапарварӣ кори соҳибкорони соҳаро ба куллӣ дигаргун сохт:
- Роҳандозии  ҳамин имтиёзҳо аз ҷониби Ҳукумати мамлакат буд, ки  соли гузашта саршумори паранда 75 дарсад ва  истеҳсоли тухм 66,3 дарсад афзуд. Бо вуҷуди ин,  ҳолатҳои имтиёзҳои  мазкурро надонистани баъзе соҳибкорони соҳа ба мушоҳида мерасанд. Барои ҳамин, мо пайваста вохӯрию машваратҳо доир намуда, ба онҳо имтиёзу сабукиҳои роҳандозишударо тавзеҳ медиҳем.
Ҳамин тариқ, тавре таҷриба нишон медиҳад, агар соҳибкорон аз моҳияти сабукиҳои андозию гумрукӣ ва дигар имкониятҳои фароҳамовардаи Ҳукумати кишвар дуруст бохабар бошанд, иқдому ташаббуси онҳо баҳри татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои афзали кишвар бештар сурат хоҳад гирифт. Вале, ҳолати воқеӣ нишон медиҳад, ки аз имтиёзҳои васеи ҷоригардида барои соҳибкорон танҳо доираи маҳдуди соҳибкорону тоҷирон бохабаранд. Чунончи, аз маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бармеояд, тайи соли гузашта ҳамагӣ 1000 соҳибкор ба чорабиниҳои машваратию корҳои фаҳмондадиҳӣ фаро гирифта шудааст, ки ин рақам дар муқоиса ба 314 ҳазор соҳибкори имрӯз фаъолияткунанда 314 маротиб кам аст.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
«Ҷумҳурият»    


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.02.2019    №: 38    Мутолиа карданд: 1017
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед