logo

энергетика

ҶСК «НБО-и Роғун»: саҳмияҳо ба фурӯш мебароянд

Таъмини истиқлолияти энергетикӣ масъалаи стратегӣ ва авлавиятноки асосии ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Бо бунёди иншооти азими гидроэнергетикӣ, аз ҷумла нерӯгоҳи барқи обии Роғун мо ин истиқлолиятро ба даст оварда, аксар мушкилотамон аз байн меравад. Бо  назардошти ин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳарчи тезтар сохта ба истифода додани нерӯгоҳи Роғун тадбирҳои ҷиддӣ меандешад. Дар се соли охир Ҳукумати ҷумҳурӣ барои сохтмони ин иншоот 690 миллион сомонӣ ҷудо кардааст. Дар солҳои минбаъда маблағгузорӣ ба сохтмони мазкур аз ҷониби Ҳукумат торафт меафзояд. Дар соли 2010-ум ба ин мақсад ҷудо кардани 650 миллион сомонӣ ва пас то ба истифода додани навбати аввали нерӯгоҳ 2 миллиард сомонӣ дар назар аст. Дар маҷмӯъ сохтмони навбати аввали НБО-и Роғун 6 миллиард сомониро ташкил хоҳад дод.
Барои тезонидани раванди сохтмони нерӯгоҳ ва ҳарчи зудтар расидани кишвар ба истиқлолияти энергетикӣ яке аз тадбирҳои  Ҳукумат миёни сокинони ҷумҳурӣ ба фурӯш баровардани саҳмияҳои Нерӯгоҳи барқи обии Роғун мебошад.
Ба ин мазмун дар семинари машваратие, ки 25 декабр дар Вазорати молияи ҷумҳурӣ бо иштироки сарраёсат, раёсати молия ва сардорони шӯъбаҳои молия ва «Амонатбонк»-и тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ барпо гардид, вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмуддинов баромад карда, хабар дод, ки 6-уми январи соли 2010 саҳмияҳои НБО-и Роғун дар сар то сари ҷумҳурӣ ба фурӯш бароварда мешаванд.
Сипас мутахассисони Вазорати молия тартиби ба муомилот баровардани саҳмияҳо ва сертификати саҳмияҳои НБО-и Роғунро ба иштирокчиёни семинари машваратӣ, ба хусус онҳое, ки дар маҳалҳо дар кори ба фурӯш баровардани онҳо саҳм мегиранд, ба таври возеҳ фаҳмонданд.
 Рӯзномаи «Ҷумҳурият» тасмим гирифт, ки тартиби ба муомилот баровардани саҳмияҳо ва сертификати саҳмияҳоро, ки аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омода гардидаанд, ба нашр расонад.   

ТАРТИБИ БА МУОМИЛОТ БАРОВАРДАНИ САҲМИЯҲО ВА СЕРТИФИКАТИ САҲМИЯҲОИ ҶСК «НБО-и РОҒУН»

1.Муқаррароти умумӣ
Тартиби мазкур низоми ба муомилот баровардан, шартҳои муомилоти саҳмия, ҷойгиркунӣ ва фурӯши саҳмияҳо,бақайдгирӣ ва номнависии сертификати саҳмияҳо, ҷамъоварии маблағҳоро аз фурӯши саҳмияҳо ва сертификати саҳмияҳои ҶСК «НБО-и Роғун» муайян менамояд.
Саҳмияҳо ва сертификати саҳмияҳои манзурии ҶСК «НБО-и Роғун» дар шакли коғазҳои қиматнок бо арзиши номиналии 100 сомонӣ, инчунин Сертификатҳои саҳмияҳои манзурӣ бо арзиши 500 сомонӣ, 1000 сомонӣ ва 5000 сомонӣ бароварда шудаанд.
Дар тарафи пеши саҳмияҳо ва сертификати саҳмияҳои манзурӣ номи ҶСК «НБО-и Роғун», санаи барориш, арзиши номиналии саҳмия, нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон, расми сарбанд, обанбор ва ҷоришавии об, рақами сабти давлатии барориши саҳмия, хати интиқоли барқ, рақам (ҳафт ва ҳашт рақама) ва силсилаҳои саҳмияҳо, мӯҳри факсимилӣ ва имзои факсимилии ду шахси масъули ҶСК «НБО-и Роғун» нишон дода шудаанд.
Дар тарафи қафои онҳо шартҳои муомилоти саҳмия, ном ва суроғаи эмитент дарҷ гардидаанд.
Сертификати саҳмияҳои номӣ, ки маблағашон зиёда аз 5000 сомониро ташкил медиҳад, аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи бақайдгирӣ ва номнависӣ дода мешавад.
Ҷойгиркунӣ ва хариду фурӯши саҳмияҳо аз ҷониби ҶСК «НБО-и Роғун» тавассути Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» барои шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
Шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд ба тариқи нақдӣ ё ғайринақдӣ саҳмияҳо ва сертификати саҳмияҳои ҶСК «НБО-и Роғун»-ро харидорӣ намоянд.
Фурӯши саҳмияҳо ва сертификатҳои саҳмияҳои ҶСК «НБО-и Роғун» аз моҳи январи соли 2010 оғоз меёбад.

2. Шартҳои муомилоти саҳмияҳои ҶСК «НБО-и Роғун»
Ҳар саҳмияи оддии ҶСК «НБО-и Роғун» ҳангоми қабули қарорҳо дар маҷлиси умумии саҳмдорон ҳуқуқи як овозро медиҳад. Дорандаи саҳмияҳо барои гирифтани ҳиссаи даромади ҷамъияти саҳомӣ, дар шакли суди (дивиденди) саҳмияҳо ҳуқуқ дорад.
Барои гирифтани суди (дивиденди) саҳмияҳо, он саҳмияҳое ҳуқуқ доранд, ки на дертар аз 30 рӯз то гузаронидани маҷлиси умумии солонаи саҳмдорон ба даст оварда шуда бошанд.
Андоза ва мӯҳлати пардохти суди (дивиденди) саҳмияҳо бо қарори маҷлиси умумии саҳмдорон баъди ба истифода дода шудани навбати аввали НБО-и Роғун муайян ва амалӣ карда мешавад. Саҳмдор ҳуқуқ дорад саҳмияҳоро бегона намояд (фурӯшад, тӯҳфа кунад, иваз намояд), ба мерос ва гарав гузорад.
Даромадҳои бадастовардаи саҳмдорон аз рӯи саҳмияҳои доштаашон мувофиқи қонунгузории амалкунанда андозбандӣ карда мешаванд.
Мақомоти ваколатдор оид ба пешбурд ва нигоҳдории феҳристи саҳмдорон Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

3. Ҷойгиркунӣ ва фурӯши саҳмияҳо ва сертификати саҳмияҳои ҶСК «НБО-и Роғун»
Ҷамъияти саҳомии кушодаи «НБО-и Роғун» саҳмияҳоро бо арзиши номиналии 100 сомонӣ ва сертификати саҳмияҳоро бо арзиши 500 сомонӣ, 1000 сомонӣ ва 5000 сомонӣ бо боваринома ва сабти миқдор, рақам ва ҳаҷми маблағи саҳмияҳо ва сертификати саҳмияҳо ба Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» барои ҷойгиркунӣ месупорад.
Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» саҳмияҳо ва сертификати саҳмияҳоро барои ба роҳ мондани фурӯши онҳо дар шӯъбаҳо ва бахшҳои вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявии худ мувофиқи шумораи воқеии аҳолӣ ва корхонаю ташкилотҳо ҷойгир менамояд.
Шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии ҷумҳурӣ барои харидорӣ намудани саҳмияҳо ва сертификати саҳмияҳои манзурӣ ба Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва шӯъбаю бахшҳои он муроҷиат мекунанд. Ба харидорони саҳмияҳо ва сертификати саҳмияҳои манзурии ҶСК «НБО-и Роғун» аз ҷониби Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва шӯъбаю бахшҳои он дар баробари додани саҳмияҳо ва сертификати саҳмияҳо, оиди маблағи пардохтшуда ҳуҷҷати тасдиқкунанда (квитансия) дода мешавад.
Дар ҷараёни фурӯш ва харидории саҳмияҳо ва сертификати саҳмияҳои манзурии ҶСК «НБО-и Роғун» масъулини сарраёсат ва раёсатҳои молияи ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ доимӣ дар Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва шӯъбаю бахшҳои он иштирок намуда, риояи тартиботи мазкурро назорат менамоянд.
Ҷиҳати ҷойгиркунӣ ва фурӯши сертификати саҳмияҳои ҶСК «НБО-и Роғун» ба маблағи аз 5000 сомонӣ барои бақайдгирӣ ва номнависии онҳо аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сарраёсат ва раёсатҳои молияи ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ваколат дода мешавад.
Кормандони масъули сарраёсат ва раёсатҳои молияи ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва шӯъбаю бахшҳои он ҳангоми хариди сертификати саҳмияҳои ҶСК «НБО-и Роғун», ки маблағашон аз 5000 (панҷ ҳазор) сомонӣ зиёд аст, баъди пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунанда оид ба пардохти маблағи саҳмия, сертификати саҳмияҳои номиро ба қайд гирифта, ба харидорон месупоранд.

4. Баҳисобгирии воридоти маблағҳо аз фурӯши саҳмияҳо ва сертификати саҳмияҳои ҶСК «НБО-и Роғун»
Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷамъоварии маблағҳо аз фурӯши саҳмияҳо ва сертификатҳои саҳмияҳои ҶСК «НБО-и Роғун» дар Хазинадории марказии Вазорати молия бо асъори миллии сомонӣ ва дар Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» бо асъори хориҷӣ суратҳисобҳои махсус мекушояд.
Маблағҳои аз фурӯши саҳмияҳо ва сертификатҳои саҳмияҳои ҶСК «НБО-и Роғун» воридгардида, худи ҳамон рӯз ба суратҳисобҳои дар боло зикргардида интиқол дода мешаванд.
Шӯъбаю бахшҳои Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» дар якҷоягӣ бо сарраёсат ва раёсатҳои молияи ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва  шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оид ба миқдори саҳмияҳо ва сертификати саҳмияҳои  фурӯхташуда ва ҳаҷми маблағҳои аз фурӯши онҳо ворид гардида ҳар рӯз то анҷоми рӯзи корӣ бо тартиби муқарраргардида ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ҳисобот пешниҳод менамояд.
Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар моҳ то санаи 5-уми баъди моҳи ҳисоботӣ маълумотро оид ба миқдори саҳмияҳо ва сертификати саҳмияҳои фурӯхташуда ва ҳаҷми маблағҳои аз фурӯши онҳо воридгардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

5. Бақайдгирӣ ва бурдани феҳристи саҳмдорони ҶСК «НБО-и Роғун»
Бо мақсади тартиб додани Феҳристи саҳмдорони ҶСК «НБО-и Роғун», сарраёсат ва раёсатҳои молияи ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ феҳрист, номнависӣ ва бақайдгирии сертификати саҳмияҳои фурӯхташударо тартиб дода, ҳар 10 рӯз ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд.
Дар феҳрист номгӯи пурраи шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ, рақами сабти давлатӣ, рақами шиноснома, ҷои истиқомат ва суроғаи онҳо, миқдори саҳмияҳои номии фурӯхташуда, маблағи онҳо, силсила ва рақами давлатии сертификати саҳмияҳо дарҷ карда мешаванд.
Нигоҳдорандаи феҳристи саҳмдорони ҶСК «НБО-и Роғун» Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар феҳристи саҳмдорони ҶСК «НБО-и Роғун» ба ҳар як соҳиби сертификати саҳмияҳои номӣ ҳисоби шахсӣ кушода мешавад.
Фурӯш ва ба каси дигар додани сертификати саҳмияҳои номӣ дар асоси санади интиқолӣ (индоссамент) амалӣ карда мешавад.
Гардиши саҳмияҳо ва сертификати саҳмияҳои ҶСК «НБО-и Роғун» дар бозори такрории коғазҳои қиматнок тавассути Биржаи Фондӣ ё бевосита байни соҳибони саҳмияҳо ва сертификати саҳмияҳо ва харидорон бо тартиби муқарраргардида сурат мегирад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 5027
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед