иқтисод
ХУҶАНД. 150 ИСТГОҲИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД
Бо мақсади боз ҳам ободу зебо гардондани шаҳр ва таъмини хизматрасонии босифати нақлиётӣ, барои сокинону меҳмонон дар маркази маъмурии вилояти Суғд бунёди 150 истгоҳи муосири нақлиёти ҷамъиятӣ ба нақша гирифта шудааст.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар доданд, айни ҳол сохтмони 29 истгоҳ дар хиёбони Исмоили Сомонӣ бо маром идома дошта, то Ҷашни Наврӯзи хуҷастапай мавриди истифода қарор мегирад. Истгоҳҳо бо нуқтаҳои фурӯши рӯзномаву маҷалла, кортҳои электронии пардохти роҳкиро, фурӯши обҳои ташнагишикан, хизматрасонии компютерӣ, банкомат ва дигар хизматрасониҳои аввалиндараҷа таҷҳизонда мешаванд.
Чанде пеш дар хиёбонҳои Исмоили Сомонӣ ва Истиқлол чор истгоҳи мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ, ки аз ҷойи нишаст, харитаи хатсайри автобусҳо, хизматрасонии мобилӣ иборат мебошанд, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Маблағи сохтмони ҳар истгоҳ беш аз 300 ҳазор сомониро ташкил дода, атрофи онҳо тавассути наворбардорҳои мушоҳидавӣ назорат мегардад.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 25.02.2019 №: 41 Мутолиа карданд: 1101