иқтисод
НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. АВҶИ ОБОДКОРИҲО БА ИСТИҚБОЛИ ҶАШНИ МИЛЛӢ
Мардуми заҳматкашу бунёдкори ноҳия сиёсати созандаю бунёдкоронаи Сарвари давлатро сармашқи кор намуда, дар ин ҷода ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодаанд.
- Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, ҳиссагузории соҳибкорони саховатпеша ва сокинони меҳнатқарин дар Ҷамоати деҳоти Хистеварз сохтмони майдони Парчами давлатӣ, шуъбаи бачагонаи беморхона, биноҳои нави муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№ 34, 40, маркази табобатӣ ва хизматрасонӣ бомаром идома дорад, - гуфт Алишер Мирбобоев, мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳия.
Тибқи иттилои ӯ, дар шафати бинои идораи ҷамоат то Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон майдони Парчами давлатӣ бо харҷи 1 миллиону 100 ҳазор сомонӣ бунёд мегардад, ки баландии сутунпояи он 50 метрро ташкил медиҳад.
Иншооти дигари ҷашнӣ бинои шуъбаи касалиҳои бачагонаи беморхонаи ҳудуди ҷамоат аст, ки бо маблағи 1 миллиону 800 ҳазор сомонӣ дар масоҳати 0,48 гектар то соли 2020 қомат меафрозад.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 34 соли 1987 бунёд ёфтааст. Бо сабаби афзоиши шумораи хонандагон то соли 2021 бинои нав бо харҷи 20 миллион сомонӣ сохта мешавад, ки он чорошёна буда, дар як баст 1000 хонандаро ба таълиму тарбия фаро гирифта метавонад. Сохтмони бинои иловагии МТМУ № 40 бо ҳашт синфхона бо сарфи 850 ҳазор сомонӣ барои 240 таълимгиранда дар ду баст тарҳрезӣ шудааст.
Соли равон аз ҷониби соҳибкор Муҳиддин Самадов маркази табобатию хизматрасонӣ, ки сохтмонаш соли сипаришуда шурӯъ шудааст, дари худро барои мардум боз менамояд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани он 35 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мегардад.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 26.02.2019 №: 42 Мутолиа карданд: 1007