иқтисод
АНДОЗ. МАСЪУЛОН РОҲҲОИ ДАРЁФТИ МАНБАЪҲОИ ИЛОВАГИРО МЕҶӮЯНД
Дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати кишвар қисми даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018 - ум 23,3 миллиард сомонӣ ё 100,3 дарсад таъмин шуд. Мутаассифона, дар ҳамин ҳол ба буҷет аз ҳисоби ду намуди андоз 420 миллион - аз андоз аз даромад 8,3 миллион ва андоз аз арзиши иловашуда 411,3 миллион сомонӣ ворид нагардид. Ҳамчунин, бақияпулиҳои қарзи андозӣ зиёда аз 700 миллион сомониро ташкил медиҳанд ва аз ин ҳисоб ба буҷет 1,2 миллиард сомонӣ ворид нашуд.
Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, гуфт, ки иҷрои нақшаи ду намуди андоз асосан бо сабаби афзоиш наёфтани манбаъҳои андозбандӣ таъмин нагардид. Иҷрои нақшаи андоз аз арзиши иловашуда 84,3 дарсад ва андози даромад аз шахсони воқеӣ 98,2 дарсадро ташкил дод. Ҷиҳати рафъи ин камбудиҳо ҳоло дар мақомоти андоз чораҳои муассир ва роҳҳои дарёфти маблағҳои иловагиро меҷӯянд.
- Бо мақсади кам намудани бақияпулиҳо аз ҷониби мақомоти андоз нисбат ба зиёда аз панҷ ҳазор андозсупорандаи қарздор 6650 қарори маҷбуран ситондани андозҳо ба маблағи зиёда аз як миллиард сомонӣ қабул гардида, аз ин ҳисоб ва қарорҳои солҳои қаблӣ қабулгардида ба буҷет 944 миллион сомонӣ ворид шуд, - гуфт Н. Давлатзода.
Ҳамчунин, соли сипаришуда шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Ёвон, Панҷ, Фархор, Ховалинг ва Восеъ уҳдадориҳои андозии худро дар назди буҷет дар ҳаҷми умумии 64 миллион сомонӣ таъмин карда натавонистанд.
- Соли сипаришуда аз сабаби бо иқтидори пурра кор накардани корхонаҳои калони шаҳр, назири «Пакруд» ва «ТоҷЧайна» қисми даромади буҷети шаҳр аз андоз ҳамагӣ 94 дарсад иҷро гардид. Дар ҳамин ҳол нақшаи андози иҷтимоӣ 15 дарсад зиёд иҷро карда шуд. Ҳамчунин, дар натиҷаи чораҳои андешидаи мақомоти андози шаҳр соли гузашта бақияпулиҳои андозӣ ба андозаи 3 миллиону 440 ҳазор сомонӣ кам шуданд, - гуфт зимни суҳбат Раҳмоналӣ Амирзода, раиси шаҳри Ваҳдат.
Соли гузашта аз тарафи мақомоти андози ҷумҳурӣ фаъолияти 28662 андозсупоранда таҳти санҷиши амалиётӣ қарор гирифта, дар натиҷа 4800 ҳолати бидуни қайд дар мақомоти андоз ба фаъолият машғул гардидани шахсони воқеӣ, 3800 ҳолати дар ҳисобот нишон надодани коргарони кироя, 300 ҳолати бе истифодаи мошинҳои назоратӣ - хазинавӣ ва наздики 1000 ҳолати бе қайди мақомоти андоз ба иҷора додани объектҳои ғайриманқул ошкор гардида, камбудиҳо дар рафти санҷиш бартараф шуданд. Дар маҷмӯъ, дар натиҷаи анҷом додани корҳои назоратӣ зиёда аз 25 ҳазор ҳолати ҳуқуқвайронкуниҳо ошкор ва нисбати онҳо ба маблағи зиёда аз дусад миллион сомонӣ ҷаримаҳои маъмурӣ татбиқ карда шуда, аз ин ҳисоб ба буҷети ҷумҳуриявӣ 162 миллион сомонӣ ворид гардид.
Тибқи маълумоти Кумитаи андоз, баъзе андозсупорандагон дидаю дониста тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории андозро риоя намекунанд, дар ҳоле ки соли гузашта 870 маротиба роликҳои тарғиботӣ ва эълонҳои дахлдор нашр шудаанд. Ҳамчунин, мутахассисони кумита бо андозсупорандагон корҳои фаҳмондадиҳию тавзеҳотӣ мегузаронанд.
Дар як санҷиши амалиётӣ дар шаҳри Ваҳдат ҷиҳати фаъолияти андозсупорандагони ҳудуди Ҷамоати деҳоти Бозорбой Бурунов 28 андозсупоранда мавриди санҷиш қарор гирифт. Дар натиҷа нисбати 7 андозсупоранда барои риоя накардани талаботи қонунгузории андоз ба маблағи 12900 сомонӣ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуд. Дар натиҷаи санҷиш дар ҳудуди ҷамоати мазкур муайян гардид, ки ҶДММ «Бӯстон Бозорбой» бо мошинаи назоратӣ - хазинавӣ таъмин ва дар қайди мақомоти андози шаҳри Ваҳдат аст. Мутаассифона, роҳбари ширкати номбурда Эмомназар Маҳмедов якчанд намуди фаъолиятро дар корхонаи номбурда пинҳон дошта, панҷ коргари кирояро дар ҳисоботи андозии худ нишон надодааст. Санҷиш собит сохт, ки Э. Маҳмедов ҳангоми муомилоти пулӣ бо аҳолӣ тартиби истифодаи МНХ - ро риоя намекунад. Ҳамчунин, шаҳрванд Тоҳир Саидов дар ҳудуди ҷамъияти мазкур бидуни қайд дар мақомоти андоз ба фаъолияти соҳибкорӣ (таъмир ва васлкунии чархҳои мошин) машғул аст.
Нусратулло Давлатзода, гуфт, ки кормандони мақомоти андоз тамоми таҷриба ва дониши худро барои сарбаландона иҷро намудани супоришу вазифаҳое, ки ба зиммаи онҳо аз ҷониби Сарвари давлат ва Ҳукумати кишвар гузошта шудааст, равона сохта, кӯшиш менамоянд, ки сатҳи хизматрасонӣ ба шаҳрвандонро беҳтар сохта, иҷрои тамоми намуди андозҳоро таъмин намоянд.
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 26.02.2019 №: 42 Мутолиа карданд: 1097