logo

иқтисод

ЧАРОГОҲ. ЯК МИЛЛИОН ГЕКТАР ИСТИФОДА НАМЕШАВАД. ЧАРО?

Бар асоси омори расмӣ ва арзёбии олимону мутахассисони соҳаи чорводории кишвар, бо сабаби афзоиши саршумори чорво, хусусан  моли майда, дар мамлакат чарогоҳҳои мавҷуда дар ҳоли харобшавӣ қарор доранд. Аммо,  дар минтақаҳои  гуногуни кишвар  талу теппаҳои  доманфарохи ба чорводорӣ мусоид солҳо боз аз истифода берунанд. Сабаби дастнорасӣ ба чунин имкониятҳои васеи чорводорӣ дар чист?
Сиҷоуддин Исроилов, мушовири илмии  Муассисаи давлатии «Лоиҳаи рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо», изҳор дошт, ки ҳоло дар кишвар зиёда аз як миллион гектар майдонҳои хуби чорвочаронӣ ба чорводорон дастнорасанд.  Ба андешаи ӯ, сабаби асосии истифода нашудани  чарогоҳҳои бекорхобида мавҷуд набудани инфрасохтори чорводорӣ мебошад, махсусан роҳу пулҳои чорвогузар.
- Дар ин майдонҳои васеи барои чорводорӣ мусоид  роҳу пулҳои чорвогузар ҳанӯз сохта нашудаанд ва инфрасохтори мавҷуда ҳам аз бепарвоии мақомоти маҳаллӣ валангор гардидаанд. Чунин чарогоҳҳои аз истифода берун дар ноҳияҳои Лахш, Мурғоб, Рашт ва Вахш  бештар ба назар мерасанд. Хусусан, дар марзи ноҳияҳои Рашту Кӯҳистони Мастчоҳ беш аз 400 ҳазор гектар чарогоҳ солҳо боз аз набудани пулу роҳи зарурӣ истифода намегардад. Ҷиҳати мавриди истифода қарор додани чунин имкониятҳои то ҳанӯз бекорхобида ҳамагӣ чанд километр роҳ ё пули чорвогузар сохтан лозим меояд. Агар дар доираи барномаҳои роҳандозишудаи соҳаи  чорводорӣ ва нигоҳдории чарогоҳҳо барои бунёди роҳу пулҳо маблағҳои зиёдтар ҷудо гардад, масъала то ҷое роҳи ҳалли худро хоҳад ёфт. Аммо дар ин барномаҳо бо мақсади нигоҳдории чарогоҳҳо ҳамагӣ 250 – 300  ҳазор сомонӣ маблағ равона мешавад, ки дар мувозинат ба  мушкилоти мавҷуда хеле кам аст. Агар маблағгузории соҳа аз ҳисоби барномаҳои давлатию лоиҳаҳои сармоягузорӣ бештар ба роҳ монда шавад, масъалаҳои ҷойдошта сари вақт ҳалли худро ёфта, вазъи харобшавии рӯзафзуни чарогоҳҳо аз байн хоҳад рафт. Дар натиҷаи беҳбудӣ ёфтани ҳолати чарогоҳҳо маблағи  ба ин соҳа равонашуда аз ҳисоби андозҳои замин ва аз даромади фермерон боз дучанд ба буҷети давлат бармегардад. Гузашта аз ин, беҳбудӣ дар вазъи чарогоҳҳо боиси пешравии соҳаи чорводорӣ, таъминоти аҳолӣ бо маҳсулоти маҳаллӣ, фаровонии ашёи хоми саноати сабук ва фароҳам омадани ҷойҳои нави кор дар маҳалҳо мегардад, - гуфт Сиҷоуддин Исроилов. 
Истифодаи ҳамасола ва бенизоми чарогоҳҳо боиси  бадшавии  ҳолати табиӣ ва коҳишёбии маҳсулнокии онҳо гардидааст. Баробари сохтани инфрасохтори зарурии чарогоҳҳо бо мақсади дастрасӣ пайдо намудан ба имкониятҳои нав, беҳтар намудани самаранокии минбаъдаи чарогоҳҳои мавҷуда низ масъалаи ҳалталаб аст. Мутахассиони соҳа пошидани тухмии зироатҳои хӯроки чорво, нуриҳои азотӣ дар  чарогоҳҳо, роҳандозии реҷаи  истифодабарӣ  ва зиёд намудани парвариши алафҳои қатраборон ва хардумакро дар чунин қитъаҳо аз тадбирҳои муҳиму саривақтӣ медонанд. Аммо онҳо бепарвоии масъулони Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, хусусан ноҳияҳои Рашт, Кӯҳистони Мастчоҳ,  Лахш, Сангвор, Вахшро  дар ҷодаи ҷалби бештари маблағгузории дохилию хориҷӣ ба ин соҳа омили асосии мушкилот меҳисобанд.
Абдулло Мадаминов, мудири озмоишгоҳи Институти ботаника, физиология ва генетикаи рустании Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, гуфт, ки солҳои охир дар натиҷаи бенизом чарондани чорво рустаниҳои беҳтарини хӯроки чорво дар чарогоҳҳо бештар нобуд мешаванд. Таркиби набототи чарогоҳҳо хеле коҳиш ёфта, дар алафзор бисёртар рустаниҳои ғайрихӯрокӣ – хор, рустаниҳои заҳрнок ва қадпаст мерӯянд. Ҳарчанд дар назар алафзор зиёд ба назар мерасад, аммо дар он миқдори рустаниҳои хӯрданбоби чорво кам аст. Бо хӯрдани рустаниҳои ғайрихӯрокию камғизо чорво дар давраи ҳамлу наслгирӣ хароб гардида, ин ҳолат ба талафоти бештари мол оварда мерасонад.
Ба гуфтаи Сиҷоуддин Исроилов, ҳоло лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо»  ҳамагӣ   5 ноҳияро фаро мегирад, ки хеле кам аст. Азбаски ҳамасола саршумори чорво, пеш аз ҳама, аз ҳисоби аҳолӣ меафзояд, нигоҳдории чарогоҳҳои мавҷуда ва мавриди истифода қарор додани минтақаҳои нави чорводорӣ  андешидани тадбирҳои  бештарро тақозо менамоянд.  Ҳарчанд аз ҷониби олимону мутахассисони Академияи илмҳои кишоварзӣ дар ин хусус тадбирҳои илмию таҷрибавӣ андешида мешаванд, аммо кам будани ҷалби маблағгузорӣ  ба ин соҳа  онҳоро дар роҳи амалӣ намудани дастовардҳои илмиашон дасткӯтоҳ намудааст.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
«Ҷумҳурият»

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.02.2019    №: 42    Мутолиа карданд: 1120
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед