logo

ҳуқуқ

ИДМ. ФАРМОНДЕҲОН ХОСТОРИ ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО ШУДАНД

Дар шаҳри Душанбе вохӯрии чоруми минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии минтақаи Осиёи Марказии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор гардид. Дар он роҳбарони идораҳои сарҳадии Тоҷикистон, Россия, Ӯзбекистон, Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Хадамоти ҳамоҳангсози Шӯрои фармондеҳони Қӯшунҳои сарҳадӣ (ШФҚС), сафирони кишварҳои хориҷии муқими Тоҷикистон ва намояндагони созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ иштирок намуданд.
Қабл аз ҷамъомад фар-мондеҳони Қӯшунҳои сарҳадии минтақаи Осиёи Марказии ИДМ дар пояи муҷассамаи асосгузори нахустин давлати тоҷикон - шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошта, ба арзишҳои волои миллию таърихии миллати бостонии тоҷик арзи эҳтиром ба ҷо оварданд.
Дар конфронс иштирокдорон масоили фаъолсозии  ҳамкориро дар доираи Шӯрои фармондеҳони Қӯшунҳои сарҳадӣ бо сохторҳои кории ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ барои баланд бардоштани самаранокии мубориза бар зидди таҳдидҳо ва хатарҳои нав ба амнияти сарҳадӣ мавриди муҳокима қарор доданд.
Абдураҳим Қаҳҳоров, котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни суханронии худ изҳор дошт, ки гурӯҳи тундрави «Давлати исломӣ» ҳанӯз ҳам талош дорад, ки бо роҳҳои гуногун шаҳрвандони кишварро ба сафи худ ҷалб намояд: «То кунун аъзои гурӯҳи «Давлати исломӣ» зиёда аз 1000 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба амалиёти ҷангӣ дар Сурияву Ироқ ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон даъват кардаанд. Бо фарорасии фасли баҳор гурӯҳҳои террористӣ дар марзи Афғонистон фаъол мешаванд ва мақомоти амниятӣ ва марзбонии кишварҳои минтақа бояд ҳамкориро дар ин росто тақвият бахшанд».
Гуфта шуд, ки имрӯз дар вилоятҳои ҳаммарзи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо Ҷумҳурии Тоҷикистон шуморе аз ҷангҷӯён қарор доранд, ки дар миёни онҳо шаҳрвандони хориҷӣ низ ҳастанд. Онҳо асосан аъзои гурӯҳҳои «Толибон», «Ансоруллоҳ», «Ҳаракати исломии Туркистони шарқӣ» ва «Давлати исломӣ» гуфта мешаванд.  
Бо арзёбии вазъи  бамиёномада дар сарҳадҳои берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармондеҳони Қӯшунҳои сарҳадӣ зикр карданд, ки бо вуҷуди ҷараёни мусбати рушди ҳамгироии мутақобилаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки ба мубориза бар зидди қочоқи маводи мухаддир нигаронда шудааст, вазъ дар марз бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мураккаб боқӣ монда, нисбат ба ҳалли он муносибати ҷиддӣ талаб мекунад.
Ҷумъагул Ҳиммат, фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ, муовини вазири дифои Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, низ дар ин конфронси байналмилалӣ бо таассуф аз ҷанги чилсола дар ин кишвар ёдовар шуда, аз роҳбарони мақомоти амниятӣ ва сарҳадии кишварҳои ҳамсоя даъват кард, ки барои барқарор намудани сулҳ ва зиндагии осоиштаи мардуми афғон дастаҷамъона мубориза баранд.
Иштирокдорон, ҳамчунин, ба хулосае омаданд, ки вазъи баамаломада қабули қарор дар бораи муттаҳид сохтани талошҳои идораҳои сарҳадиро дар самти пешгирии роҳҳои қочоқи маводи мухаддир, мубориза бар зидди гурӯҳҳои ҷинояткори муташаккили террористӣ ва фаромиллӣ, гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва экстремистӣ, ки дар ҳудудҳои ҳамсарҳад амал менамоянд, тақозо мекунад.
Дар ҷараёни вохӯрӣ вазъи баамаломада баррасӣ гардида, тадбирҳои иловагӣ оид ба мубориза бар зидди хатарҳои амнияти сарҳадӣ дар марзҳои берунаи кишварҳои аъзои ИДМ андешида шуданд.
Аз рӯи натиҷаҳои вохӯрӣ протокол ба имзо расид, ки тавсияҳои он дар ҷаласаи навбатии Шӯрои фармондеҳони Қӯшунҳои сарҳадӣ баррасӣ карда мешаванд.
Лашкар ШАРИФ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.02.2019    №: 44    Мутолиа карданд: 860
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед