logo

фарҳанг

АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ ВА РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони вазорату кумитаҳо ва муассисаҳои марбутаи давлатӣ, марказу пажӯҳишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ, донишмандону коршиносон ва кормандони васоити ахбори омма мизи мудаввар дар мавзӯи «Вазъи корҳои маърифатӣ (сиёсию идеологӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: мушкилот ва дурнамо» баргузор гардид.
Парвиз Муҳаммадзода, муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни ифтитоҳи ҳамоиш тақвияти  вазъи корҳои  маърифатӣ ва сиёсиву идеологиро  дар  таъмини  сулҳу суботи мамлакат ва  рушди давлатдории миллӣ муҳим арзёбӣ кард.
Масрур Абдуллозода, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, иброз дошт, ки Тоҷикистон ҳамчун як давлати миллӣ аз консепсияи миллати огоҳ пайравӣ намуда, маърифати сиёсӣ ва ҳушёрии сиёсии мардуми худро ба сатҳи зарурӣ баровард. Зикр шуд, ки корҳои сиёсӣ ё маърифатӣ дар шароити имрӯза бештар тавассути тарғиботу таблиғот аз тарафи  васоити ахбори омма амалӣ мешаванд. Солҳои охир ҳамагон шоҳиди он буданд, ки баъзе доираҳои байналмилалӣ фақат ба василаи бозӣ бо иттилоот ва бо истифода аз ноогоҳии мардум вазъи баъзе кишварҳоро ба чи ҳол оварданд. Ҷавонони ин кишварҳо ба фиреби иттилоотӣ гирифтор шуда, бузургтарин дастовардҳои худро бохтанд ва акнун барои аз ин тӯфони ноамнӣ берун омадан боз даҳсолаҳои дигар зарур аст. Аз ин рӯ, таъмини амнияти иттилоотӣ имрӯз ба масъалаи муҳими давлатдорӣ табдил шуда, суботу устувории ҳукуматҳо ва амнияти миллии давлатҳо ба он вобастагии зич пайдо кардааст. Зеро технологияи муосири ададӣ ва иттилоотӣ имконият медиҳад, ки афкори мардум ба шакли дилхоҳ ташаккул ва ба тарафи дилхоҳ майл дода шавад. Имрӯз иттилоот дар тамоми соҳаҳо нақши калидӣ пайдо карда, ҳамчун воситаи муҳими таъсиргузории сиёсӣ барои давлатҳо нақши сарнавиштсоз дорад. Дар  чунин  марҳала нақши воситаҳои иттилоотӣ – телевизион, радио, матбуот, фазои интернетӣ хеле зиёд гардида, таъсири онҳо ба аҳли ҷомеа бештар эҳсос мешавад. Дар ин замина, махсусан ташаккул додани ҷаҳонбинӣ ва шуури миллии ҷавонон аҳамияти хосса касб менамояд.
- Ҳифзи давлатдории миллӣ ва тамомияти суботу амнияти он вазифаи асосӣ буда, тамоми он пешниҳодҳое, ки ироа мешаванд, маҳз дар атрофи ҳамин ҳадафи меҳварӣ маъно пайдо мекунанд, - гуфт М. Абдуллозода.
Иштирокдорони ҳамоиш  оид ба нақш ва ҷойгоҳи  корҳои маърифатӣ (сиёсиву идеологӣ) дар низоми муосири давлатдорӣ миёни ҷавонон, аҳамияти корҳои  маърифатӣ дар муҳити  деҳот ва  фазои динии кишвар, инчунин, нақши ВАО - и электронӣ, чопӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар низоми корҳои маърифатӣ  баромад карданд.
Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.02.2019    №: 44    Мутолиа карданд: 955
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед